logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОФТОБЕ, КИ БА РӮЗГОРИ МАРДУМ НУР МЕБАХШАД

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ чун офтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба мардуми шарифи Тоҷикистон озодии миллӣ дод, дар сайёраи бузурги олам давлати мутамаддине бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки тамоми дунё онро эътироф кард. Ба шарофати истиқлолият ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода  шуд. Мо соҳиби марз, артиш, асъор ва Нишону Парчами мустақилем, ки бо номи миллату давлат тавъаманд.
Аз ҳама муҳимтар, давлати миллӣ бун-ёд намудем, ки имрӯз қатори давлатҳои абарқудрати сайёра ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ дорад.
Ҳарчанд солҳои аввали истиқлолият туфайли фарзандони нохалаф ва хоинони миллат ватанамон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, хушбахтона, бо инояти Офаридгор фарде ба сари ҳокимият омад, ки ба рӯйи халқ аз нав шуълаи умедро ба ояндаи фирӯз рӯшан кард, давлатро аз нобудшавӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошт. Ӯ фарзанди сарсупурда ва асилу фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз халқи азизу муътабараш ӯро ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф карда, меҳрашро дар қалбҳои поки худ ошёни ҳамешагӣ додаанд.
Дар ин радиф, ҳар як шахси ватандӯсту худшиносро зарур аст, бидонад, ки имрӯз вазъи ҷаҳони пурихтилофи муосир дар чӣ сатҳ қарор дорад. Алъон дар кадом кишвар фазои комили осоиштагиро метавон пайдо кард? Дар мамолики Шарқи Наздик, хосса дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон рӯзе нест, ки даҳшати хунрезиҳо аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба назар нарасад. Нисбати ин амалҳои бадхоҳона сулҳхоҳони тамоми олам эътироз мекунанду маҳкум менамоянд, ҷаҳонро барои поксозӣ аз онҳо даъват мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар ин хусус чунин ҳушдор доданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.
Аз ин хатар Тоҷикистон низ эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ягон лаҳза зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Пешгирӣ намудани фарзандон аз шомилшавӣ ба неруҳои иртиҷоӣ на танҳо қарзи волидайн, балки қарзу фарзи ҳар як шахси меҳандӯсту худшинос мебошад.
Ҷое, ки ваҳдати халқ ҳаст, ҷое, ки ниятҳо поку беолоишанд, ҷое, ки халқ ба Сарвараш меҳр ва боварӣ дорад, сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, бешак, он давлат ояндаи дурахшон ва пешрафтро молик мегардад.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба ифтихори 30 - солагиаш дар саросари кишвар корҳои ободонию созандагӣ авҷи тоза касб кардаанду мардуми бонангу ораш дар ин роҳ камари ҳиммат бастааст, бо сарварии Пешвои муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои мақсудро фатҳ намуда, дар ҷаҳон пояндаву ҷовидон бимонад!

Ато БОҚӢ,
узви ИЖТ, Аълочии матбуот,
ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 217

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед