logo

иқтисод

РАШТ. АФЗОИШИ НАҚШИ БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ПЕШРАФТИ НОҲИЯ

Соҳибкорони ноҳияи Рашт бо омӯзиши технологияи муосир, талаботи бозор, гирифтани маърифати ҳуқуқӣ ва маҳорати соҳибкорӣ фаъолияти худро ҳарчи хубтар ба роҳ мемонанд. Тавре роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Холмаҳмад Ортуқов зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, мувофиқи нақша ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумии ноҳия то соли 2020 бояд ду баробар афзоиш дода шавад.
Баҳри фароҳам овардани фазои мусоид, ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандсозии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҳисоби кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, нозироти андоз, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва аъзои шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди раиси ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва аъзои гурӯҳ тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар   маҳалҳо бо соҳибкорон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Чанде пеш кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм барои соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия семинари минтақавӣ баргузор намуданд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон ҳадафи асосии ин машварат буд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 шумораи соҳибкорони  ноҳия ба 192 нафар расид. Шумораи бонувони соҳибкор низ афзуд. Соли гузашта бо ҳамкории соҳибкорон 2 хати оби нӯшокӣ, 2 маркази саломатӣ, коргоҳҳои коркарди пашм, мебелбарорӣ ва бухориҳои каммасраф сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, бо ҳиссагузории соҳибкорон ба миқдори зиёда аз 140 тонна маводи озуқаворӣ дастраси ниёзмандон гардид.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017-2020  95 лоиҳаро дар бар мегирад. Дар аксари ин лоиҳаҳо соҳибкорон ҳиссаи худро доранд. Дар марҳилаи аввали амалисозии барнома дар 31 иншоот корҳои сохтмониву барқарорсозӣ идома дошта,  дар ҳаҷми 22 миллиону 775 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шудаанд.
Бо ибтикори соҳибкор Сайалӣ Мирзоев ба маблағи 47626 сомонӣ корхонаи коркард ва бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ (асосан ангат) бунёд ёфта, ба кор шурӯъ намудааст. Аз ин маблағ ҳиссаи сармояи хориҷӣ 27499 ва ҳиссаи соҳибкор  20127 сомониро ташкил дод ва 5 сокини маҳаллӣ ҷойи корӣ доимӣ пайдо намуд.
Бо ҳиссагузории соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Санги Маликӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ  - сангу шағал ба маблағи 1 миллион сомонӣ ва дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм корхонаи мебелбарорӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар деҳаи Ҳоит соҳибкор Иброҳим Ярхичиев ба маблағи 50576 сомонӣ сехи оҳангарӣ бунёд намуд, ки алҳол фаъолият дорад. Маблағи ҳиссаи сармояи ҷалбшуда 26956 сомониро ташкил медиҳад ва дар ин замина 4 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмӯъ чунин амалҳои ба бунёдкорӣ рӯ овардани соҳибкорон кам нестанд.
Дастрасии  соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ беҳтар гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли равон ба соҳибкорон аз ҷониби шуъбаҳои бонкии ҳудуди ноҳия, аз ҷумла ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» 2684600 сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358392 сомонӣ зиёд),  ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 62000 сомонӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» 416124 сомонӣ ва ФҚХ «Файзи Сурхоб» 77583 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Дар маҷмӯъ соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 163791 сомонӣ зиёд маблағ дастрас намудаанд. Аз ин маблағ 768928 сомонӣ (23,5 % - и маблағи умумӣ) ба бонувони  соҳибкори ноҳия дода шудааст. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 24 соҳибкор ба маблағи 40293 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иқдом дорад ҳамкориро бо муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтар ба роҳ монда,  давоми соли 2018 якчанд лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаҳои фароҳам овардани инфрасохтори мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ,   ташкили минтақаҳо ва сайрхатҳои нави сайёҳӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба истифода додани марказҳои савдову хизматрасониро амалӣ намояд. Айни ҳол дар ин самт раванди татбиқи 5 лоиҳа оғоз гардидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба фурӯш баровардани маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси марказҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳотро ба нақша гирифтааст. Айни ҳол ҳунармандон дар бозори марказӣ растаи алоҳидаи худро доранд.
Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 9 августи соли 2017 шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ фаъолият менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва фаъол гардондани сармоягузории хусусӣ тадбирҳои амалӣ меандешад, дар доираи имконияту ваколатҳои худ дар самтҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуҷҷатгузории саривақтӣ ва бемамониати  фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии   ноҳия  ба  43 соҳибкор  барои сохтмони мағоза ва фаъолияти дигари соҳибкорӣ замин ҷудо кард.
Алҳол монеаҳои асосии рушди соҳибкорӣ ин норасоии мутахассисони баландпояи соҳа ва паст будани савияи дониши соҳибкорон мебошанд. Барои бартараф намудани онҳо ҳарчи бештар курсҳои омӯзишӣ  гузаронда, маърифат ва дониши соҳибкоронро баланд бардоштан зарур аст.

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2018    №: 145    Мутолиа карданд: 229

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед