logo

иқтисод

БАЙТОРӢ. ЧАРО БА ОН ТАВАҶҶУҲ КАМ ЗОҲИР МЕШАВАД?

Барои ба ҳадафҳои амният ва бехатарии озуқаворӣ расидан ҳар кишвар бояд на танҳо низоми устувори истеҳсоли маҳсулоту ашёи хом, балки санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқии мувофиқ ва хадамоти байтории аз ҳама ҷиҳат муҷаҳҳаз низ дошта бошад, то назорати низоми истеҳсолоти устувору солими чорводорӣ, маҳдуд кардани талафоти маҳсулоти асосии аз ҳайвонот бадастомада, назорати коркарди чунин маҳсулот то ҳадде, ки боварӣ ҳосил карда шавад, ки маҳсулоти дар бозор ҷойдода аз ҷиҳати микробиологӣ (бактерияҳо, вирусҳо, паразитҳо ва ғайра) ва кимиёвӣ (заҳрхимикат, пестисид) барои одамон бехатар аст, таъмини бехатарии истеъмоли озуқавориро дар оила, ошхонаю тарабхонаҳо ва ҷойҳои истеъмоли оммавӣ, хусусан аз ҷиҳати бехатарии он, таъмин карда тавонад. Байторӣ бояд шароити молӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад, то ҳама гуна душвориҳоро, ки дар занҷири озуқаворӣ - низоми истеҳсол, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот, ба истилоҳ «аз ферма то дастархон», инчунин, воридот ва содироти  маҳсулоти чорводорӣ ба миён меоянд, ҳал карда тавонад.
Албатта, хадамоти назорати давлатии байтории ҷумҳурӣ солҳои охир бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ барои ноил шудан ба ин омилҳо ҷиҳати пешрафти соҳа кӯшиш карда истодааст. Ин аст, ки фаъ-олияти хадамот аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Вале, ҳанӯз ҳам Хадамоти назорати давлатии бойторӣ барои боз ҳам пурсамар кардани фаъолияти худ ба дастгирии ҳуқуқӣ ва молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ниёз дорад. Масалан, ваколатҳои «Тоҷикстандарт», Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти фитосанитарӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати назорати беҳдошти (санитарӣ) маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми аз ҳайвон гирифташуда ва хӯроки ҳайвонот то ҳол возеҳу мушаххас нестанд. Ҳоло ҳам миёни ин мақомоти давлатӣ танишҳои номатлубе ҷой доранд, ки қонунгузорӣ онро бояд ба танзим дарорад. Ба бахшҳои қонунгузорӣ, назоратӣ ва хизматрасонӣ ба истеҳсолот ҷудо кардани хадамот низ зарур мебошад. Айни замон хадамоти мазкур худ санадҳои ҳуқуқии меъёриро пешниҳод, иҷро ва назорат мекунад.
Дар ин соҳа алҳол наздик ба 300 байтор дар бахши давлатӣ ва хусусӣ фаъолият мекунад. Мувофиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ соҳа боз ба 4 ҳазор мутахассис ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки қабули донишҷӯён ба факултаҳои байтории донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо зиёд карда шавад. Ҳамчунин, дастгирӣ намудани иштироки байтории хусусӣ дар сатҳи табобати ҳайвонот, гузарондани маъракаҳои оммавӣ – ваксинатсия, хунгирӣ бо мақсади мониторинги бемориҳои сироятӣ, туберкулинизатсия ва ғайра, сертификатсияи мутахассисон ва аккредитатсияи корхонаҳои онҳо. Ин амал хароҷоти Буҷети давлатро ба бахшҳои номбурдаи хадамоти байторӣ кам карда, манбаи ғанӣ гардидани буҷет мегардад.
Муҷаҳҳаз гардондани озмоишгоҳҳои байтории бозорҳо бо таҷҳизоти муосир, дар штати кории корхонаҳои коркарди маҳсулот ва ашёи хоми аз ҳайвон гирифташуда, новобаста аз шакли моликияташон, муаяйн кардани штати кории байтори давлатӣ, ки ба бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда кафолат медиҳад, муҷаҳҳаз кардани Маркази миллии ташхиси бемориҳои ҳайвонот ва  марказҳои ташхиси бемориҳои ҳайвоноти вилоятҳо, сертификатсияи мутахассисон ва аккредитатсияи корхонаҳои онҳо, дар гузаргоҳҳои гумрукӣ (ҳадди ақал дар 4-тои онҳо) ҷой додани бунгоҳҳои  байтории карантинӣ бо биноҳои корӣ ва биноҳои дар карантин нигоҳ доштани ҳайвонот ва бори таҳти назорати байторӣ қарордошта, ҳамчунин, дастгирии молиявии хадамоти байторӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ҳайвонот, хусусан сумдарди вабоӣ (оқсил) ва дастгирии илмии хадамоти давлатии байторӣ, яъне ба тобеияти Хадамоти назорати давлатии байторӣ даровардани яке аз институтҳои илмию таҳқиқотии амалкунанда, ба феҳристи рӯзҳои ид ворид кардани «Рӯзи байторон» ва яке аз солҳои наздикро «Соли байторӣ» эълон кардан, аз ҷумлаи мушкилоти соҳа ва масъалаҳои ҳалталаб мебошанд, ки ба рушди иқтисодиёти соҳаи чорводорӣ, ба ин васила ғанитар гардидани Буҷети давлат, амният ва бехатарии озуқавории аз ҳайвон гирифташаванда, ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон ва бехатарии савдои байналмилалии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

 Сангимурод МУРВАТУЛЛОЕВ,
      доктори илмҳои байторӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2018    №: 145    Мутолиа карданд: 124

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед