logo

сиёсат

БОЗШИНОСИИ РАВАНДҲОИ СИЁСӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Бардошт аз мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ талаботи замон аст ва дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои тамаддунӣ ва сиёсӣ минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтаанд, бетафовутӣ ва саҳлангорӣ дар ин замина давлат, миллат ва ҷомеаро ба хоби ғафлат мебарад ва чуноне ки аз таҷрибаи талхи пешин хабар дорем, оқибатҳои фалокатбор дорад. Аз ин лиҳоз, шинохтан ва дар айни замон, бозшиносии равандҳои сиёсӣ шарти зарурӣ дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли ҷорӣ дар «Кохи Борбад» сурат гирифт, бодиққат шунидам. Сарвари давлат ҳудуди зиёда аз як соат доир ба муҳимтарин масъалаҳои дохилию минтақавӣ ва мушкилоти замони муосир гузориши муфассал ироа карданд. Илова бар ин, Роҳбари давлат берун аз матни гузориши расмӣ доир ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ - мазҳабӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дар маҷмӯъ, авзои геосиёсии минтақавӣ ва фароминтақавӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷик суҳбати ҷолиб намуданд. Аз гузориши расмӣ ва муҳтавои суҳбатҳои алоҳидаи Сарвари давлат маълум буд, ки ҳадафи аслӣ дар вохӯрӣ таҳкиму тақвият бахшидани раванди амнияти миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ, инчунин, шинохти мушаххасоти ҳаводиси давру замон, дарки масъулият дар назди Ватану миллат ва давлат мебошад.
Баргузор кардани чунин мулоқот бо ҳузури васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри рӯҳонии ватанӣ дар шароити феълӣ, ки ҳамарӯза хатарҳои глобалие мисли даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва тундгароии динию мазҳабӣ ҷомеаҳои ҷаҳониро таҳдид мекунанд, ба фоидаи кор аст. Ҳарчанд ки Сарвари давлат бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон ҳамасола мулоқоту вохӯриҳои зиёд анҷом медиҳанд, ин чорабинӣ бо мушаххасоти худ аз дигар вохӯриҳо тафовут дошт. Гӯшзад кардан, огоҳондан, ба масъулият даъват намудан, иттиҳоду ҳамбастагии маданию миллиро асли маъно ва ҳадафи фаъолияти сиёсию давлатӣ пазируфтан, баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиби инсонӣ аз тамоми васоити дастрас корбаст намудан муҳтавои мулоқотро ташкил дод.
Даъвати қишри рӯҳонӣ - сархатибон ва аҳли дини мамлакат ба мулоқот аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ба бовару эътиқод ва дину мазҳаби мардумӣ арҷ мегузоранд ва дину мазҳабро минҳайси василаи баҳамойӣ ва иттиҳоду ҳамзистии мардум эътироф мекунанд. Мутаассифона, иддае аз рӯҳониёни муҳофизакор, тундгаро, ифротӣ ва авомфиреб, ки чандин сол боз дини исломро ҳамчун абзори даромад, расидан ба қудрат ва касби нуфуз суистифода намуда, ба ҳарими хусусии фикрию маънавии ҷомеа дағалона дахолат карда, ба ин тартиб дар ҷаҳолатпараст ва тундгаро шудани мардум, бахусус насли ҷавон, «саҳм»-и асосӣ мегузоранд, омили хатарзо маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷост, ки шинохтани ин гурӯҳи рӯҳониён, ки дину мазҳабро ҳамчун абзори нуфузмандӣ, ришваситонӣ, авомфиребӣ, қудратталабӣ ва ҳангомасозӣ истифода мебаранд, тақозои замон аст ва Пешвои миллат ба ширкаткунандагон, бавижа рӯҳониён – сархатибон, муроҷиат карда, ироа доштанд, ки дини исломро василаи ғорати мардум накарда, аз он суд наҷӯянд ва пушти мардумро ҳамчун «салмаи сақат» (бори зиёдатӣ) нафишоранд. Бар замми ин, дину мазҳаб бояд воситаи иттиҳоду ҳамзистии мардум ва ҷомеа бошад, на тариқаи парокандани низоъ ва ихтилофот.
Сарвари давлат ба намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан сархатибон муроҷиат карда, ишора намуданд, ки дурусту дақиқ шинохтани авзои иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа дар амну осоиш зиндагӣ кунад ва дар баробари хуруҷи хатарҳо имкони мубориза ва муқовимат дошта бошад. Мавриди таҳқиру фишори сахти рӯҳониёни мутаассиб қарор гирифтани иддае аз равшанфик-рону зиёиёни тоҷик дар чанд соли ахир ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеа табдил ёфтааст. Одати ҳамешагии рӯҳониёни мутаассиб ба куфру бидъат муттаҳам кардани нафаронест, ки андешаи озод доранд ва ё ба истилоҳи имрӯзӣ, озодандешанд. Сарвари давлат ин масъалаи ҳассосро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳост реша давонда истодааст, дар мадди назари худ қарор дода, ба сархатибон ҳушдор доданд, ки дар ҷараёни мавъизоти динӣ аз қонун убур накунанд ва мардумро таҳти фишори равонӣ қарор надиҳанд.
Ҳамин тариқ, Сарвари давлат бо назардошти авзои ҳассоси минтақа ва махсусан Ховари Миёна, ки таҳти фишори буҳронҳои фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ, динӣ - мазҳабӣ ва мафкуравӣ қарор дорад, бо ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ мулоқот карданд ва иқдомоташро дар баробари хатарҳои глобалӣ мушаххас намуданд. Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо шароити мусоиди эҷоди ҳусни тафоҳумро миёни давлат ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ фароҳам меоварад. Давлат дар ҳама ҳолат бо ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тамоси ҳамешагӣ буда, ин равобити муштарак дар шинохти муаммоҳои давр, ҳалли буҳронҳо ва рафъи камбуду мушкилоти мавҷуда соз-гор аст.
Нозим НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2018    №: 145    Мутолиа карданд: 132

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед