logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИСТОН. ҲИММАТИ ЯК СОҲИБКОР

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони дигари саховатпеша иҷрои корҳои зиёди ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба чашм мерасанд. Ин нафарон дасти мадад дароз намуданро қарзи инсонии худ меҳисобанд, ҳарчанд на ҳамаи онҳо маблағи ҳангуфте доранд.  Яке аз чунин шахсиятҳо Шодмон Раҷабов аст, ки дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, хосса дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд, ҳиссагузор аст.
Вай сарвари ҶДММ «Мавзеи Шодмон» буда, дар як пуштакӯҳи зебову хушманзараи шоҳроҳи «Душанбе - Чаноқ» фароғатгоҳе сохта, ба мусофирон, меҳмонон ва сайёҳон хизмати арзандаи арзону босифат мерасонад. Дар «Мавзеи Шодмон» 8 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин аст.
Яке аз корҳои наҷибу инсонпарваронаи Шодмон Раҷабов ин аст, ки ӯ ба хонаводаи Фаррух Раҷабов ва Ойбек Нарзуллоев, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар ҳимояи Ватан ҷон додаанд, мунтазам ёрӣ мерасонад.
Дар соли хониши 2017 - 2018 аз ҳисоби даромади коргоҳаш 20 хонандаи фаъоли МТМУ № 12 ёрии моддӣ  гирифт. Ҳамасола дар арафаи Соли Нав ва Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ба тарбиятгирандагони интернати ноҳия дастархони идона меорояд.
Соли равон дар назди қалъаи таърихии «Қаҳ - қаҳа» - и Шаҳристон бо ташаббус ва ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатпешагон ба тариқи ҳашар боғи фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» бунёд карда шуд. Дар хазинаи боғ барои иҷрои корҳои ободонӣ соҳибкор Ш. Раҷабов 20 ҳазор сомонӣ ҳисса гузошт.
Имрӯз, ки роҳи деҳаи Ҳисори ноҳияи Шаҳристон аз селу ярч хароб гардидааст, дар ободии он ӯ боз дасти мадад дароз мекунад.     
            
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 103

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед