logo

фарҳанг

ОБ ҲАР КӢ МЕОВАРД, СИТОИШ МЕШУД

Дар бораи об мақолҳои зиёде дар миёни мардум роиҷ аст, ки аҳамият ва муҳимияти ин як унсури зиндагии оламу одамро на танҳо бозгӯ мекунад, балки пайваста таъкид медорад. Аз он ҳамчунон муносибати одамон дар асрҳои қаблӣ нисбат ба ин неъмати ҳастӣ муайян мегардад. Албатта, ин ҳама дар навбати худ таъкидест бар мо ва ояндагон, то қимати обро бишиносем ва дар ҳифзу покизагияш тадбирҳои дуруст биандешем. Намунае аз ин мақолҳо чунин аст: «Об – рӯшноӣ. Ҷое, ки об нест, ҳаёт нест. Аз миқдори заминам мапурс, аз миқдори обам бипурс. Интиҳои об интиҳои замин мебошад».
Воқеан, об, бо ин ки мардуми мо дар саргаҳи он қарор дошт, ҳамеша тавсиф мешуд ва аз эҳтироми хосса бархӯрдор буд. Бузургсолон ба хурдсолон ба тариқи панду андарз иброз медоштанд: «Об сарсабзӣ аст. Об аст, ки ободӣ аст. Об аст, ки покӣ аст. Об аст, ки зебоӣ аст. Одам, ки ба дунё меояд, ӯро бо об пок месозанд. Ва ҳам аз дунё, ки меравад, бо об покаш менамоянд».
Шукр, мо аз ин неъмат дар ҳама давру замонҳо бархӯрдор будем. Бо ин таъкидҳо обро гиромӣ ва пок нигоҳ доштем. Бо вуҷуди ин ҳама мегуфтанд, ки подоши оварандаву бахшандаи об беҳисоб аст.
Дар китоби «Авасто», ки таърихи наздики сеҳазорсола дорад, чунин сатрҳоро дар тавсифи об мехонем:
Обҳои чашмасоронро меситоем,
Обҳои гузаргоҳҳоро меситоем,
Кӯҳҳои обрезонро меситоем,
Дарёчаҳои обзойро меситоем.

Ҳамин тавр, об ситоиш мешуд. Ин гуна ситоиш ба навъе қадрдонӣ ва бузургтарин гиромидошт мебошад.
Пешиниёни мо ба ин ситоишҳо иктифо намекарданд. «Авасто» барояшон китоби муқаддас ба шумор мерафт ва ба ин гуфтаҳо амал кардан ҳукми фарзро дошт.
Аз ин ситоишҳо бармеояд, ки об мояи ҳастӣ ва нестист. Мавҷудияти он идомаи ҳаёти хушу хуррам ва набуданаш аз омадану ҳукмронии марг гувоҳӣ медиҳад. Бар бадандешон ин дуоҳоро мекарданд, ки зикрашон дар «Авасто» -  ст:
Об  аз они бадандеш мабод!
Об аз они бадгуфтор мабод!
Об аз они бадкирдор мабод!

Чаро ин гуна дуо ба вуҷуд омад ва дар «Авасто», ки китоби динӣ маҳсуб мешуд, сабт гардиду мавқеи устувор пайдо кард? Чунки ҷавҳари таълимоти ин дин ва ин китоби муқаддас "Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" буд.
Об дар дигар китобҳои динӣ, аз қабили «Инҷил» ва «Қуръони карим» тавсиф ва моҳияти он таъкид мешавад. Об чун поккунандаи гуноҳон, сабаби эҳёи замини мурда ва оварандаи меваҳои гуногун зикр мешавад.
Аз ҳадисҳои паёмбари гиромиқадр (с) низ дармеёбем, ки об чи ҳикмату асрор  дорад. Аз ӯ мепурсанд, ки накутарин саховат кадом аст. Посух медиҳад, ки «Саховат беш аз хайр кардани об нест».
Дар дини мубини ислом дар баробари покиза нигоҳ доштан сарфа намудани он низ таъкид мешавад.
Ҳаким Саноӣ иброз доштааст:
Об ноёфта гарон бошад,
Чун биёбанд, ройгон бошад.

Албатта, ҷойи ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштаи пурифтихор ва адабиёти ҳазорсолаамон, ки қимати обро арза доштаанд, хуб воқиф мебошад. Оид ба ин масъала, хосса дастрасӣ ба оби покизаву ошомиданӣ борҳо ибрози андеша намудаасту ғами оламиёнро хӯрдааст. Сарвари давлати мо диққати дигар масъулон, махсусан сарварони давлатҳоро ба ин масъала ҷалб месозад, то дар якҷоягӣ ин мушкилот рафъ бигардад. Пешниҳодҳои муфиду ҷолибу саривақтияш дар тамоми сайёра мавриди эътирофу қабул гардид. Ба василаи заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат кишвари мо, яъне Тоҷикистон тайи ду даҳсола ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд.
Дар Паёми навбатӣ барои шинохт ва андешидани тадбирҳои зарурӣ изҳор медорад: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад». Дар кишвари мо ва дигар мамолики дунё вобаста ба ин чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданду мегарданд.
Дар мамлакат дар давоми 26 сол барои таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ ба маблағи наздики 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки беруна амалӣ гаштанд. Инчунин, дар самти мазкур татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад. Бешак, ин ташаббусҳо ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат сазовор ба ҳама сипосгузориҳост. Ҳамзамон, мо ба ин васила, яъне шинохти масоили норасоии оби тозаву нӯшокӣ дарёфтем,  дар кураи Замин миллиардҳо нафар бар ин асар ранҷ доранд, беморанд ва мемиранд. То ба ӯ касе аз сарварони давлатҳои ҷаҳон ба ин масъалаи ниҳоят муҳим, ки ба ҳаёту мамоти сайёра ва аҳли он иртибот мегирад, бо чунин масъулият, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ рӯ наоварда буд. Албатта, дар ин маврид ҷойи таассуф аст, ки адабиёти мо то ба ҳанӯз натавониста ин ташаббусҳову заҳматҳоро бо тамоми паҳлуҳояш инъикос бинамояд. Инъикоси масъалаи мазкур моро ба тамоми масъулияту асолат ба адабиёти гузаштаамон ва шахсиятҳои маъруфи он бори дигар мепайвандад. Яъне, дар ин сурат мо беҳтарин анъанаву суннатҳои пешиниёнро идома мебахшем. Об, оварандаву бахшандаи он, воқеан, ба тавсиф ниёз дорад.

Ҷамолиддин АМИРХОНОВ,
аспиранти Пажӯҳишгоҳи забон ва
адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 176

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед