logo

фарҳанг

ШОҲТЕМУР, АЙНӢ, "ОВОЗИ ТОҶИК" ВА ЛОҲУТӢ

 ЯКЧАНД САҲИФАИ ТАЪРИХ
Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташкил ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар Самарқанд чоп мешуд ва нашри китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ хизмати шоиста кардааст.

Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаҳое чоп мешуданд, ки ба дифои миллат, забону фарҳанги тоҷик нигаронда шуда буданд. Ин ҷасорати рӯзномаро дар сатҳи роҳбарият хуш қабул надоштанд ва масъалаи чоп нашудани он ба миён гузошта мешавад. Ин хатарро фаҳмида Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо бо Садриддин Айнӣ вохӯрда ба ҳолати душвор гирифтор шудани рӯзномаро муҳокима менамоянд. Бо машварату маслиҳати Садриддин Айнӣ рӯзнома ба органи (мақоми) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода шуд. Ин тадбир сабаб мегардад, ки рӯзнома аз хатар раҳо ёбад.
Мушкилии рӯзнома бо ин анҷом намеёфт. Он мушкилоти молиявӣ низ дошт ва Шириншоҳ Шоҳтемур барои дарёфти маблағ кумак расондааст.
Пас аз 12 сол, дар пленуми IV КМ ПК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи марказии советҳои РСС Тоҷикистон кор мекард, таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро чунин ба хотир меорад: «Дар назди КМ Ҳизби коммунистии (б) Туркистон сексияи коммунистии тоҷикон амал мекард, ки роҳбари он будам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин хеле зарур буд, вале маблағ надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам. Вай, ки вазифаи раиси Кумитаи консесии вилояти Фарғонаро ба уҳда дошт, барои таъсиси газета 2000 рубл дод».
Шириншоҳ Шоҳтемур дар сатҳи роҳбарият кор карда, хуб мефаҳмад, ки рӯзномаи тоҷикӣ дар РХСС Туркистон мавқеи устувор пайдо нахоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳалли масъалаи минбаъд фаъолият кардан ва то чи андоза зарурат доштани нашри онро ба КМ ВКП (б) пешниҳод менамояд. Дар вазъи мураккабу душвори он вақт барои чунин масъалагузорӣ ва ҳалли онро ба миён гузоштан ҷасорат ва мавқеи устувор зарур буд.
14 майи соли 1934 қарори муштараки бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон, Совети комиссарони халқ ва Кумитаи иҷроияи марказии советҳои РСС Тоҷикистон қабул мешавад. Дар он хизматҳои Лоҳутӣ ҷиҳати офаридани адабиёти бадеии пролетарии тоҷик, ки ба вазифаҳои сохтмони сотсиалистӣ тавъам мебошад, зикр гардиданд. Бо назардошти он ки чанде аз ташкилотҳои партиявӣ ва советӣ дархости мукофотонидани Лоҳутиро карданд, Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи марказии советҳои РСС Тоҷикистон ва Совети комиссарони халқии РСС Тоҷикистон чунин қарор қабул намуданд: «Аз Кумитаи иҷроияи марказии СССР хоҳиш мешавад, ки барои фаъолияти адабии револютсионӣ рафиқ Лоҳутӣ бо ордени Ленин сарфароз гардонда шавад».
Пас аз ду рӯз, раиси Кумитаи иҷроияи марказии советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ин қарори муштаракро дар съезди якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қироат менамояд. Ҳамчунин, полки савораи кӯҳии Тоҷикистон Лоҳутиро ба аскари сурхи фахрӣ қабул намуда, ба вай шаҳодатнома дод. Дар ин хусус қарори ҳайати фармондеҳии полки мазкурро Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури вакилони съезд қироат кард. Устод Абдулқосим Лоҳутӣ бо қарори Комитети иҷроияи марказии СССР бо ордени Ленин мукофотонида мешавад.
Ҳамин тавр, фарзонафарзандони миллати тоҷик дар таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» саҳм гирифта, рӯзнома ҳам аз онҳо дифоъ намудааст.

Аъзам МӮСОЕВ,
Аълочии матбуоти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 187

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед