logo

фарҳанг

БО НУРИ САФЕД ОҒУШТАН

Пайнавиште бар эҳсони рисолати озмуни хушбархӯрди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотирхоҳи ҷашнвораи солёди Ваҳдати мутабарруки миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров
Меъроҷи зеҳну ҳунару атову тобиши бузургворони миллат дар даврони мо чун ганҷи захираи сармади маънавию иҷтимоӣ бар эҳтиёҷи рӯзгори  соҳибистиқлоливу навдавлатӣ пой бароварда. Мисле ки нури сапеди субҳидам ба ҳушёр хезонад ҷониби пайдои нек, хушиву саломату бадавлатӣ. Онро тор-тори сар, рӯ-рӯи дида, таҳ-таҳи дил пойистан ва боз пойистан. Ва бардоштан ва муътабар гардондан.
Хуше, ки ин воҷиби саршор аз дурахшу дуруди худоогоҳиву исмату ёдбод дар сарзамини Хуҷанди аз рӯзи бино адабпарвар, ситораафрӯзи қаҳрамонони пайкори ватангириву ҳувияту озодиталошӣ чун тоҷи сар метобад. Ва шуъла зад рӯзҳои 18-19-уми июни соли равон дар пешбози аҳли илму эъҷози муваффақи ҷумҳурӣ, ки ба таҷаммулу баҳои нигоришоти озмуни зикр-шуда давра оростанд. Фавворасон ҷашн пайдо кард, дониш афрӯза кард, нур пайдо кард, кашу канор ба таърихи пуршарафи Ватан пайдо кард ва савганду садоқат ба ваҳдати меҳрубон, сулҳу истиқлолу созандагии шукуфо. Он саҳнаро бидуни ҳарфу садои мавзуну ширину часпон наметавон шарҳ дод. Гӯиё моро (камина ҳам ангораи хоксоронаи дастпеч доштам дар ин ҷамоати қаламкашон) синасипарҳои пайкору сангари ватанбониву озодманишӣ-Испитамону Шераку Муқаннаъ, Темурмалик, шайхи соҳиблутфи илоҳӣ Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ ва нобиғаи маъруфи таърихшиноси ҷаҳонӣ, сиёсатмадори тавоно, ойинаи чеҳранигори миллати ориёӣ Бобоҷон Ғафуров ба пешбоз баромада буданд. Ба ин яқин дигарбора ва комилан расидам, ки хираду азамати настӯҳи халқи тавонманд фарзандони равонтару пешгому хуҷастасозро бар чавку маснади чирадастиву фатҳу тулӯъ мешинонад. Азизтарин чеҳраи Пешво, сармеъмори якҷосозиву сулҳу истиқлол, ватангири муқтадир Эмомалӣ Раҳмонро ҳам толори Қасри Арбоби Хуҷанди лабрез аз барқу барги ошнопазирӣ, наҷот аз хашму хушунати ҷангараи хонасӯзӣ бароварда карда. Ифтихор ба ин ҳамдамӣ, ба ин хирадмандиву дастёби муваффақ!
Дар ҳошияи ин таҷаммӯъ мехоҳам ифтихору сипосу ризо арза намоям ба нияту омоли аҳли эҷоди рӯзномаи дилошнои «Ҷумҳурият» дастодаст бо сарварони вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ин ҳамоиши муҷассамасози ваҳдати азимушаъни мо ва таърихбанди ёдгорафрӯзи машриқзамин қаҳрамонон-аллома Бобоҷон Ғафуровро рӯёрӯ сохтанд.
Воқеан, барқи навиштору сухану дидаи меҳрҷӯи аҳли қалам - шоирону нависандагони шинохта Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Назри Яздонӣ, донишмандону пажӯҳишгарону рӯзноманигорони номӣ Нур Табаров, Кароматулло Олимов, Абдураҳмон Абдуманнонов ва соири сиёсатдону таърихбину ҳикматшиносони муносиби озмун ба гунае шероза бар китоби «Тоҷикон» буд. Яъне ифшои нури рӯву хираду неруи донишгустару ватангиру миллатнози Бобоҷон Ғафуров ва шоҳкори ҷовидонёди ӯ «Тоҷикон»-ро идома фузуд. Дар савои ин беҳин нигориш ва гуфтаҳо ҳақиқате муҷассам шуд вобастаи рӯзгори тӯфонӣ, хираду ковишу қаламфарсоиву таърихшиносии аллома аз аввалин хабару мақолоти рӯзноманигориаш, вобастагиаш ба сиришти мардуми одӣ, бо андешаву русуму назару умедвориву талоши он пайвастан, роҳнамои фатҳу фараҳи халқи куҳанбунёди худ буданаш. Бобоҷон Ғафуров бо ҳиммату бархӯрди ҳушёрона ба пайкараҳои ниёгони бузургаш аз қадимзамон то устод Сад-риддин Айнӣ ва садҳо ватанбонони сипарсина, дар маҷмӯъ тамоми миллати муаззами худ-ро ба қатори сарафрозтарин қавму қабоили ҷаҳон зинда баровард ва ба хидмати миллату давлату созандагони давлати навин пайваст. Муҳимтар аз он дарвозаи таърихи воқеии қавми ориёиро ба номи тоҷик - соҳибмулки қадимии Мовароуннаҳр ва забондори фахриву соҳибфарҳанги ҷаҳоншумул кушод.
Ҳунару тоби хиради хорошикани Бобоҷон Ғафуров ба мартабаи яке аз уламои қудратманди машриқ, овозу нақши пову чакидаҳои лутфу дӯстнавозиву озодипарастии тоҷикиятро аз ҷигари сангу оташи таърих бурун овард. Ӯ донишманди ояндабине буд, камолоти фарҳангиву бедории аҳли кишварро омили муқтадири пояндагии иқтисодиву сиёсӣ, ободиву маъмурӣ гирифта. Басе заҳмату талошро ба дӯш гардонида то сатҳи маърифати илмиву маънавии халқи азизаш баланду рахшандаву борвар бошад.
Хуш толеи камина, ки бо ин гиромигуҳари миллат ду бор шарбати дидор чашидам. Ва он рӯзҳои хуби қисматро иловатан ба матолиби пешинам ба гап дароварам.  Инак, баён аз дилнишин талъати нахуст.
Рӯзҳои таҷаммули кунгураи байналмилалии ЮНЕСКО (соли 1968) вобастаи нақши Кӯшониён дар таърихи башар чанде мо кунҷковону ҳавасхӯрони рӯшании дониш - шогирдпешагони риштаи журналис-тии ДДТ-ро мекашиданд, ки мисли мӯрони ризқҷӯ файзи нури рӯ, ихтилоту овозу дастсовии донишмандони маъруфи машриқшиносро бичинем чун рӯзие аз боғи маърифат.
Ҳар бегоҳӣ ҷамъияти онон дар саҳни пешгоҳи меҳмонхонаи «Душанбе» ба сайру ҳавохӯрӣ мебаромаданд ва мо аз пушти дарахтону гулбуттаҳои хиёбонҳо мисли занбӯрони асалҷӯ паноҳӣ аз пушташон. Бобоҷон Ғафуров (муассис ва дастандаркори ин кунгура) бо тоқии тоҷикии чоргул, чеҳраи меҳрубонёри тоҷикӣ ва гуфтори нарму часпони тоҷикӣ дар миёнаи он ҷамъи донишварони ҳиндустонӣ, покистониву эрониву афғониву соири пажӯҳишгарони мулку макони бурунсӯву дарунсӯ чун ёқути сурхи карима метобид. Ва мо, мухлисакони навомӯзашро гӯё ба шаҳри ношинохтаи пур аз ифтихор, саршор аз ишқу овезиши илмӣ ба таърихи Ватани азиз ва хидмати беминнати мондагор ба халқи гаронгавҳар меҳмон мехонд.
Талъати дувум бо ин нодираи даврон он гуна, ки дар саргаҳи мазбур рақам шуда ин аст: симо, садо, нуфузу зиндабоду пояндабодаш аз китоби дил, ойинаи чашмон, оғӯши меҳрогини ҳамдиёрони ёдафрӯзаш бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба рӯи мо кушода шуд. Боз ҳам бо ҳамон хиради солораш гӯиё сари тавфиқ мехонд: савганду музоб биёварем ба иттиҳод - ба фаввораи баракату фатҳу ҷалоли Ватан.
Акнун хоҳише (хосту ризои аҳли анбози озмун) пешкаши аҳли суханшинос, донишгустару ташаббусёби «Ҷумҳурият», ки бо ҳиммату киёсати эҷодиаш роҳнамо гардид, то матолиби ин озмунҳои чеҳрапардози бузургворони пешгоми миллат ба сурати китоб якояк шаванд. Албатта, ин рӯйиш хушоянд хоҳад буд ба хондану ибрату иқтидои муносиб ва амр: хоки муқаддаси Ватан ва ҷалолу тандиси фарзандони дилмардашро хуштар, зебандатар, гиромитар истудан, истудан!     
 Мирзо  НАБОТ,
собиқадори матбуоти тоҷик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 88

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед