logo

иҷтимоиёт

ДАР РИСОЛАТЕ, КИ МО ДОРЕМ, ҒАРАЗ БЕГОНА АСТ

Корхонаи табъу нашри Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти интишоротӣ ва истеҳсолӣ - хизматрасониро тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи оинномаи худ бо ҳамаи фармоишгарон, қатъи назар аз шакли моликияташон, дар асоси шартнома ҳамкорӣ менамояд.
Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе роҳбарони расонаҳои хабарӣ фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонии полиграфиро, ки дар асоси шартномаи дутарафа сурат мегирад, либоси сиёсӣ мепӯшонанд. Мушаххасан, чанде қабл ҳафтаномаи “Пайк” дар як изҳороташ ("Пайк" - ро бастанд?", № 27 (512), 5 июли 2018, саҳ. 6, муаллиф Саъдӣ Маҳдӣ) мавқуф гузоштани нашри ҳафтаномаи мазкурро дар КТН “Шарқи озод” ғаразнок ва ҳатто фишори сиёсӣ унвон кардааст.
Аввалан, ба ин далел, ки таъхир дар чопи ҳафтанома сирф иллати истеҳсолӣ дорад. Тибқи шартномаи тарафайн, фармоишгар барои нашри ҳар шумора маблағи дар замимаи шартнома зикршударо ба таври ҳатмӣ пардохт менамояд. Албатта, роҳбарияти нашриёт аз вазъи молиявии ҳафтаномаҳо огаҳӣ дорад ва аз ин рӯ, пешпардохтро на ҳар вақт ҷиддан талаб мекунад.
Дар бораи сари вақт наспурдани ҳаққи хизматрасонӣ (чоп) роҳбарияти рӯзномаи “Пайк” чанд маротиба шифоҳӣ огоҳонда шуда буд, вале боз ҳам баъди напардохтани маблағи чоп нашриёт чанд шумораи ин рӯзномаро ба табъ расонд. Боиси тазаккур аст, ки КТН “Шарқи озод” фаъолияти истеҳсолӣ - хизматрасониашро бо маблағи фармоишгарон ба роҳ мемонад. Корхона пойгоҳи алоҳидаи ашёи полиграфӣ надошта, танҳо бо худтаъминкунии молиявӣ фаъолият мебарад. Нашриёт маҳсулоти чопӣ ва хизматрасониро тибқи шартномаҳо бо маблағ харид мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нашрияҳо баъди манъи чопи рӯзномаҳо маблағро пардохт мекунанду ҳамкориро идома медиҳанд.
Ҳафтаномаи “Пайк” барои чоп ва хизматрасонӣ аз нашриёт 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд. Дар ин амали маъмурияти КТН “Шарқи озод” ягон ғараз, фишор ва ё дастури фишороварӣ мавҷуд нест. Як сол қабл нашриёт чопи чандин рӯзномаҳои дигарро низ сарфи назар аз шакли моликияташон бо ҳамин иллат муваққатан боздошта буд. “Народная газета”, “Халқ овози”, ”Бадахшон”, нашрияҳои хусусии “Варзиш - спорт”, “Зан ва мард” ва  “Миллат” аз ҳамин қабиланд.
Агар дар бархӯрди мо ғараз мавҷуд мебуд, ҳафтаномаи “Пайк”- ро бо қарздор буданаш чоп намекардем. Дар шароити иқтисоди бозорӣ дар ягон кишвари олам ҳам ҳафтаномаро ройгон чоп намекунанд.
КТН “Шарқи озод” ба сиёсати эҷодӣ ва фаъолияти сиёсӣ - иҷтимоии нашрияҳо дахолат намекунад. Ба ин мо ҳуқуқ ва салоҳият ҳам надорем. Нашри рӯзномаҳо танҳо дар ҳолати вайрон кардани шартнома (аз ҷумла напардохтани ҳаққи чоп) бо  қарори мақомоти судӣ аз  чоп боздошта мешаванд. Ҳамзамон, бо масъулияти том арз менамоем, ки барои манъи муваққатии чопи ҳафтаномаи “Пайк” ягон дастур ва ё супориш мавҷуд нест.
Баҳона кофтану бӯи ғарази мавҷуднабударо паҳн кардан - ғарази хусусии роҳбарияти худи ҳафтанома аст. Батакрор мегӯем, ки ҳафтаномаи “Пайк” танҳо бо сабаби қарздор буданаш чоп нашудааст. Ва таъкид менамоем, ки ҳафтанома дар сурати напардохтани ҳаққи пурраи чоп ва хизматрасонӣ ба табъ нахоҳад расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ба покизагии имону виҷдон, ҳақиқатнигорӣ даъват менамоянд: ”Воситаҳои ахбори омма набояд аз ваколатҳои касбии худ суистифода намоянд. Онҳо набояд ба тамоюли низоангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳқир  ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд”.
 Дар фарҷом аз кулли ҳамкорону шарикон хоҳонем, ки баҳсу машваратҳои истеҳсолӣ-касбиро бидуни овозаву воҳима бо маслиҳати тарафайн баррасӣ намоем,  беҳтар  ва судбахштар аст.
Қурбоналӣ  ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
директори КВД КТН “Шарқи озод”

PS.  Бо сабаби он ки масъулини ҳафтаномаи "Пайк" чопи вокуниши мазкурро ба таъхир андохтанд, нашри онро дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" салоҳ донистем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2018    №: 147    Мутолиа карданд: 144

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед