logo

иқтисод

"ФАРМ СУҒД". САТҲИ НАВИ РУШДИ САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

18 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Суғд» - ро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳониро тақозо намуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин, дорусозони кишварро муваззаф намуданд, ки аз имконияту иқтидорҳои азими истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон фаровон истифода баранд.

ҲАДАФ - ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА
Истеҳсол, воридот, содирот, савдои яклухту чаканаи доруворию молҳои тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш барои истеҳсоли дору асоси фаъолияти фармасевтии кормандони корхонаи дорусозии «Фарм Суғд» - ро ташкил медиҳад. Корхона дуошёна буда, тамоми таҷҳизот дар ҳуҷраҳои ошёнаи якуми бино васл шудааст. Ошёнаи аввал аз 32 ҳуҷра иборат буда, аз онҳо 12 ҳуҷра истеҳсолӣ, 10 ҳуҷра корӣ ва боқимонда ҳуҷраҳои ёрирасон мебошанд, ки барои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ хизмат мекунанд.
Барои таъсиси корхонаи мазкур дар умум 3,84 миллион сомонӣ харҷ шудааст, аз ҷумла 1,3 миллион сомонӣ барои таъмири бино, 1,64 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот, 520 ҳазор сомонӣ барои ашёи доруворӣ ва 380 ҳазор сомонӣ барои маводи бандубаст ва ёрирасон. Дар  47 ҷойи кори доимӣ, мутахассисони дорои маълумоти олию (7 нафар) миёнаи фармасевтӣ, миёнаи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ фаъолият менамоянд. Барои беш аз 100 нафар ҷойи кори мавсимӣ муҳайё шудааст. Музди кори кормандон 800 - 1900 сомониро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи фармасевтии «Фарм Суғд» истеҳсоли 83 номгӯй, аз ҷумла 67 номгӯй маводи доруворӣ ва 16 номгӯй моли тиббӣ, ба роҳ монда шудааст. Дар корхона 4 қитъаи истеҳсоли доруворӣ фаъолият менамояд. Дар қитъаи бандубасти гиёҳҳои шифобахш 35 номгӯй (дар 1 соат 2500 баста), дар қитъаи истеҳсоли ғилофакҳо 2 номгӯй (дар 1 басти корӣ 50000 баста ё упаковка), дар қитъаи бандубасти пахта ва докаи тиббӣ (дар як рӯзи корӣ - 3000 бандина ва 3000 пахта) ва дар қитъаи ҷолинусӣ 8 номгӯй равғани рустаниҳои шифобахш - равғани хуч, бодом, чормағз, сиёҳдона, зағир, зардолу, кунҷит ва доруҳои пертуссин, холосас, шарбати хуч, дӯлона, спирти камфорӣ, борӣ ва меновазин (дар як рӯзи корӣ 2000 адад қуттии зарфияташ 100 мл) истеҳсол карда мешавад.
ҶДММ «Фарм Суғд» маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба муассисаҳои табобати - профилактикии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо ба фурӯш мебарорад.
Корхона аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсулабарорӣ), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, бандубасти дока ва пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳои мева, иборат мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии кишвар фаъолият мекунад.
Бахтиёр Игамбердиев, директори ҶДММ «Фарм Суғд», зимни суҳбат ба хабарнигорони «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар шакли ғилофак (капсула) истеҳсол намудани доруворӣ дар мамлакат таҷрибаи нахустин мебошад. Дар соҳаи дорувории тибби чаҳонӣ дар шакли ғилофак истеҳсол намудани дору афзалият дорад ва ин иқдоми мутахассисони корхона дастоварди нави тибби кишвар маҳсуб меёбад.
Яке аз амалҳои афзалу муҳиме, ки дар корхона роҳандозӣ шудааст, тайёр кардани дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мебошад. Мавриди таъкид аст, ки тибби қадимии тоҷик дар рушди тибби ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар бахши истеҳсоли доруворӣ, нақши муҳиму мондагор гузошта, дар тӯли асрҳо манфиату шифобахшии комили доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахшро собит намудааст. Дар сарзамини тоҷикон зиёда аз ҳазор номгӯй меваҷоту сабзавот ва гиёҳҳои шифобахш маълум буданд ва имрӯз низ маъруфият доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулону мутахассисон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд, ки минбаъд навъу номгӯйи дорувориҳоро аз гиёҳҳои табиӣ афзун намоянд.
Бунёди «Фарм Суғд» - аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва истеҳсоли маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш иқдоми шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Диловар Қувватзода мебошад. Он бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, масоҳаташ 0,8 гектарро фаро мегирад.
«Фарм Суғд» бар замми истеҳсоли маводи доруворӣ, ҳамчунин, ба воридоту содирот, савдои яклухту чаканаи маводи доруворию тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст. Дар корхона беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва кормузди баланд таъминанд.
- Бо оғози фаъолияти корхона истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 номгӯйи нӯшобаю дамобаҳо, номгӯйи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи таъмизшуда ва таъмизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 намуд равғани шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбати махсуси шифоӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 60 номгӯй маводи доруворию тиббӣ ба роҳ монда шуда, интиқолу фурӯши он ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ гардид. Имрӯз бошад, ҳаҷми истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар муқоиса ба давраи оғози фаъолият хеле афзудааст. Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти корхона 26 номгӯй зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 86 - то расидааст. Корхона баҳри зиёд кардани истеҳсол ва номгӯйи дорувориҳои шифобахш ҳамкориро бо олимон ва донишмандони соҳа ба роҳ монда, як қатор гиёҳшиносон, технологҳо ва табибони халқиро ба кор ҷалб намудааст, - гуфт Б. Игамбердиев.
Тоҷикистон дорои иқтидору имкониятҳои хеле фарохи рушди соҳаи истеҳсолии дорусозӣ ва доруворӣ мебошад. Ин таҷрибаи қадимаи халқи тоҷик аз давраи пешин, хусусан аз замони  фаъолияти алломаҳои тибби тоҷик Фахриддини Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино ибтидо мегирад.
Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷии як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри пешрафти соҳаи истеҳсоли доруворӣ ва дорусозӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуд.

САҲМИ «ФАРМ СУҒД» ДАР БОЗОРИ ДОРУСОЗӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи доруворӣ таваҷҷуҳи хоссаи ҳамешагӣ доранд, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро барои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат муваззаф карда, талаб намуданд, ки баҳри ҳифзи саломатии миллат ва генофонди миллат аз дорую дармони баландсифат истифода шавад.
Тавре дар ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шудааст, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи марбут ба саломатии миллат воридоту фурӯши доруворӣ, маводи тиббии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва, муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ дар дохили кишвар мебошад.
Алҳол соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондодҳои барномавии Пешвои миллат ҷиҳати пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ, паст фаровардани нархи доруворӣ ба василаи истеҳсоли дору аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши сарзамини Тоҷикистон ва анъанаҳои дигари тибби тоҷик барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд. Бунёд  ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Фарм Суғд» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд иқдоми шоиста ва рӯйдоди муҳим дар соҳаи тандурустии кишвар мебошад.
Роҳбарияти корхона барои самаранок ба роҳ мондани фаъ-олияти дорусозӣ ва таъсиси хатҳои нави коркарду истеҳсол бо мақсади зиёд намудани ҷойҳои кории нав тасмим гирифтааст, ки аз решаи тиллоӣ, гиёҳҳои коснӣ, кокутӣ, тахач, ҷамилак, гиёҳлакс чилбуғум, баргҳои сано ва олуи сиёҳ доруҳои иловагӣ тайёр карда, аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд.
Дар корхона дар ин муддат таҷҳизоти замонавии коркарди гиёҳ ва равғанрезӣ ворид карда шуд, ки то имрӯз фаъолияти пурсамар доранд. Усулҳои нави борпечӣ ва ба кор бурдани халтаҳои вакуумӣ васеъ истифода мешаванд. Дорувориҳо ва гиёҳҳои шифобахшу хушкмеваҳои табобатӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар борҷомаю бастаҳо дастурҳо (навиштаҷот) оид ба истифодаи маҳсулот бо 4 забон - тоҷикӣ, русӣ, лотинӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шаффофият дар ба муомилот баровардани маҳсулот, хусусан гиёҳҳои шифобахш ва хушкмеваҳои табобатӣ низ, аз вижагиҳои фаъолияти ҶДММ «Фарм Суғд» аст.
«Фарм Суғд» ҳамкориро баҳри таъмини решаи ревоҷ (чукрӣ) ва дигар гиёҳҳои шифобахш бо ҶДММ «Фароз» хуб ба роҳ мондааст. Дар заминҳои назди корхона низ ревоҷ кошта мешавад. Коркарди намудҳои зиёди гиёҳ, хушкмева, рустаниҳои шифобахш, зардолу, олуи сиёҳ, челон, зирк, донаи мева, изофаҳои ҷуворимакка ва решаи тиллоӣ ҳам муътадил ҷараён дорад. Фурӯши маҳсулот тавассути муассисаҳои умумии савдо, тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар роҳандозӣ мегардад. Роҳбарияти корхона ният дорад дар оянда фурӯши маҳсулотро ба кишварҳои дуру наздик ба роҳ монад.

САРРАЁСАТИ ХАДАМОТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар ноил шудан ба комёбиҳои навини соҳаи тиб саҳми назаррас дорад. Ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти муассисаро ба таъсиси чунин корхонаҳо таҳрик доданд. Дар ҳамин замина корхонаи дорусозии «Фарм Суғд» таъсис ёфт, ки метавонад барои коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ, ҳамчунин, тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мусоидат намояд. Диловар Қувватзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, изҳор дошт, ки пас аз таҷдиди сохтор аз ҷониби кормандону мутахассисони сарраёсат дар асоси қарору супоришҳо дар шаш моҳи аввали соли равон дар 71 муассисаи фармасевтӣ, 27 муассисаи тиббию профилактикии давлативу ғайридавлатии вилоят санҷишҳои нақшавӣ ва назоратӣ гузаронда шуданд. Ҳангоми санҷиш 640 номгӯй (ба миқдори 10570 адад) маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта ва 2657 номгӯй (ба миқдори 231711 адад) маводи доруворӣ ва маводи ороишию гигиении бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд. Дар натиҷа нисбати 142 муассисаи фармасевтӣ, МТП – ҳои давлатӣ, МТП – ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш ва назорат қароргирифта протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 256 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст. Ба 53 муассиса барои бартараф намудани камбудиҳо амрнома ирсол гардид. Ҳамчунин, бо иштироки комиссияи салоҳиятнок 2944 номгӯй (ба миқдори 268967 адад ва ба маблағи наздики 2 миллион сомонӣ) маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд.
Айни ҳол дар анбори сарраёсат боз 38 тонна мавод, ба монанди ғизои кӯдакона (шири хушк), шампун, хокаи ҷомашӯӣ, маҳлул барои шустушӯи асбобу зарфҳо, бозичаҳои кӯдакона нигоҳ дошта мешаванд, ки ин молҳо ҳангоми санҷишҳои якҷоя бо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, прокуратураи вилоят, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилоят ошкор ва тибқи санад гирифта шуда, ҳоло дар марҳилаи таҳлилу баррасӣ қарор доранд.

ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ
Мутахассисони шуъбаи назорати давлатии фармасевтии вилоят дар нимсолаи аввали соли равон баҳри иҷрои супориш, амру фармон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов санҷишҳо гузаронданд. Дар натиҷаи санҷиш кормандони шуъба 38 протоколи маъмурӣ тартиб дода, масъулонро ба маблағи 106500 сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд.
Яке аз чунин ҳолатҳо дар анбори ҶДММ «Сифат - 1», воқеъ  дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 87 - а, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи дорувории бесифат мебошад. Аз ин анбор 53 номгӯй (ба миқдори 3194 адад, ба маблағи 40468 сомонӣ) маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта ва 92 номгӯй (ба миқдори 22878 адад, ба маблағи 134326 сомонӣ) маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад, дар ҳузури роҳбари ҷамъият В. Яқубов аз муомилот гирифта шуд.
Инчунин, дар шаҳри Истаравшан, вақти гузарондани санҷиш, аз ҳавлии истиқоматии Ф. Яқубов,  воқеъ дар кӯчаи Шерзод 7-а ва ҳавлии ӯ дар деҳаи Яккатол, 40 номгӯй (ба миқдори наздики 20 ҳазор адад, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ) маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад, қабл аз ба фурӯш баровардан, аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳамчунин, дар ин муддат 324 ҳуҷҷати аккредитатсионӣ таҳлилу баррасӣ гардида, барои гузаштан аз комиссияи аккредитатсионӣ ба бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ супурда шуданд.

ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МАВОДИ ОРОИШИЮ ГИГИЕНӢ
Мутахассисони шуъба дар шаш моҳи аввали соли равон тибқи 31 қарор ва супориш дар мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба сифати маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакона ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгиридошта санҷиш ва назорати сифатӣ гузаронданд. Дар натиҷа, аз 63 мағозаю дукон барои муайян кардани таркиби маҳсулот мувофиқи санад 387 номгӯй маводи ороишию гигиении шубҳанок гирифта, барои ташхис ба КВД «ЭОМФТ» супурда шуд. Ташхис муайян кард, ки 36 номгӯйи ин маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест.
Кормандони шуъба тибқи аризаи шикоятии ҶДММ «Роҳи Сомон» барои санҷиши сифати маводи ороишию гигиении «SHULEI», ки ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуд, сертификати мутобиқати сифат надошт ва бо роҳи қочоқ ба ҳудуди вилоят ворид шудааст, дар анбор, мағоза ва дуконҳои вилоят санҷиши назоратӣ гузаронданд. Аз дукони №33 – и бозори «Неъматуллоҳ» (соҳибкор Раҳимов Б.) ба миқдори 224 адад маводи мазкур дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамзамон, аз таҳхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Абдулҳай Почоев (аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), ки бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба фаъолияти фармасевтӣ машғул буд, аз ҷониби кормандони шуъба маводи пастсифати ороишию гигиенӣ дарёфт ва мусодира шуд. 77 номгӯй аз ин маводи ороишию гигиенӣ (ба миқдори 11551 адад)  сертификати мутобиқати сифат надошт ва муҳлати истифодаи 2 номгӯй (ба миқдори 100 адад)  гузашта буд. Маводро бо мақсади фурӯш дар анбор нигоҳ доштаанд. А. Почоев, ҳамчунин, якчанд номгӯй маводи ороишию гигиениеро, ки сифати хеле паст доштанд, бандубаст намуда, мефурӯхтааст. Шароити нигоҳдории молҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳуҷҷатҳои қонуншикании Почоев ба прокуратураи вилоят ирсол шуданд.
Бо чунин ҳолатҳо мутахассисони шуъба ва сарраёсат бис-ёр рӯ ба рӯ мешаванд ва қонуншиканҳо пас аз ошкор шудан мувофиқ ба аъмолашон ҷазо мегиранд. Тайи ним сол кормандони шуъба 18 протокол тартиб дода, шахсони масъули ба камбудиҳо роҳдодаро ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд. Инчунин, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони 17 мағозаву дукон амрнома ирсол намуда, ҷавоби онҳоро оид ба рафъи камбудиҳо сари вақт талаб ва дастрас карданд.

САМТИ ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
Ҳангоми интихобан дида баромадани варақаҳои таърихи беморӣ дар шуъбаҳои беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ маълум гардид, ки таъйиноти табобат бо маводи доруворӣ аз рӯи протоколҳои клиникӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе ҳолатҳо дар варақаҳои таърихи беморӣ давомнокии таъ-йиноти маводи доруворӣ даҳ рӯз, аммо дар варақаи таъйинот 6 – 7 ё 11 – 13 рӯз нишон дода шудааст. Дар дафтари сабти иҷрои амалиёт дар ҳуҷраҳои доругузаронии шуъбаҳо на ҳама амалҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз тарафи духтурон бе муайян намудани мутобиқати дору бо ҳамдигар ба намуди коктейл якчанд номгӯйи доруҳо якҷоя таъйин ва ба беморон бо усули қатравӣ гузаронда мешаванд. Дар баъзе варақаҳои таърихи беморӣ оғоз ва муҳлати давомнокии амалиёти доругузаронии қатравӣ ва ҳолати беморон дар вақти амалиёт ва баъд аз он дарҷ нагардидаанд. Дар баъзе ҳолатҳо таъйиноти табобат бо маводи доруворӣ дар варақаи таърихи беморӣ танҳо дар рӯзи бистаригардонӣ сабт шуда, қатъ намудани табобат ё табобати иловагӣ дарҷ намегардад.
Духтури шуъбаи таваллудхона Фозилбекова С.Р. ғайриқонунӣ ба фаъолияти фармасевтӣ даст задааст. Аз ҳуҷраи кории ӯ маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, ба лоиҳаҳои ёрии башардӯстона тааллуқдошта ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки бо мақсади ба муомилот баровардан нигоҳ медошт, пайдо гардида, аз муомилот гирифта шуданд. Ҳамзамон, дар рӯзи санҷиши нақшавӣ аз ҳуҷраи муолиҷавии стомотологии соҳибкори инфиродӣ Ф. Дадобоев доруҳои муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат дарёфт гардида, ба ӯ ҷазои маъмурӣ дода шуд. Ҳамчунин, барои фаъолияти таҳлилгоҳҳо танҳо реактивҳо таъмин карда шуда, дастпӯшакҳо ва сӯзандоруҳоро худи беморон дастрас мекунанд.
Сокини шаҳри Хуҷанд Раҳматов И.И. дар хонаи истиқоматиаш табобатхона ташкил карда, худро ҳамчун табиб муаррифӣ намудааст. Ӯ дар ҳуҷраи алоҳида ба табобати беморон машғул буда, аз соли 2010 инҷониб дар нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҳамчун шахси инфиродӣ ба қайд гирифта, бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тиббӣ машғуд буд ва ин корро танҳо дар асоси сертификати маркази ҷумҳуриявии «Тибби халқӣ» пеш мебурд. Ӯ табобати беморонро тавассути маводи доруворӣ ва дастгоҳҳои табобати барқӣ ба роҳ монда, бидуни маълумоти тиббӣ ба беморон дар варақаи ғайристандартӣ дорухат менавиштааст. Раҳматов И. И.  аз рӯи ихтисос муаллими фанни география бошад ҳам, аммо ба табобати беморони гирифтори узвҳои такяву ҳаракат ва  безурётии марду зан машғул шудааст.
Аз ҳуҷраи кории Икром Раҳматов 7 номгӯй (ба миқдори 11 қуттӣ) маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ва 8 номгӯй (ба миқдори 84 адад) маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд. Дар утоқи кории ӯ таҷҳизоти тиббии (3 номгӯй, ба миқдори 5 адад) ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда васлгардида, ки дар ҳолати истифодабарӣ қарор доштанд, дарёфт шуданд. Ҳамчунин, И. Раҳматов дар ҳавлии истиқоматии худ утоқҳои маҳсгарӣ ва барқдармонӣ ташкил намудааст. Ҳолати санитарии ҳуҷраҳо ғайриқаноатбахш буда, реҷаи санитарӣ риоя карда намешуд. Лавозимоти тиббӣ аз безараргардонии буғӣ гузаронда нашудаанд. Аз ин рӯ, оид ба ин ҳолатҳои қонуншиканӣ санад тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба прокуратураи вилоят ирсол шуд ва нисбати ӯ ҷазои мувофиқ татбиқ гардид.
Чунин камбудиҳо аз чашми мутахассисони сарраёсат ниҳон намемонанд. Тибқи феҳристи иҷозатномаҳои амалкунанда, то имрӯз дар вилоят 229 муассиса ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст. Давоми соли равон 3 муассисаи хусусии тиббӣ ва  3 ҷамъият барои фаъолият иҷозатнома гирифтанд.

ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТИББИИ ШАХСӢ
Мутахассисони шуъба дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 15 санҷиш гузаронда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта санад ва амрномаҳо тартиб додаанд. Гарчанде Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси ҳамаи муассисаҳои тиббист, ҳанӯз дар  муассисаҳои тибби хусусӣ камбудиҳои зиёд, аз ҷумла маълумоти кофӣ надоштани кормандони тиб, ба мушоҳида мерасанд. Дастурамали уҳдадории вазифавии кормандон тартиб дода нашудааст, барои табобати мизоҷон дар баъзе ҳуҷраҳои стоматологӣ аз лавозимоти яккарата истифодашаванда такроран истифода мебаранд. Баъзе аз кормандони тиб сари вақт аз курси такмили ихтисос нагузаштаанд, дараҷаи тахассусии касбӣ ва сертификати мутахассис надоранд.

ОЗМОИШГОҲИ САНҶИШИИ КВД «ЭОМФМТ»
Озмоишгоҳи сарраёсат давоми шаш моҳи аввали соли равон 3545 номгӯй маводи дорувориро ташхис намуд. Аз инҳо 21 номгӯй ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуданд ва аз муомилот гирифта шуданд. Ҳамчунин, аз 3310 номгӯй маводи ороишӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки аз ташхиси озмошгоҳ гузаштаанд, ба талабот ҷавобгӯ набудани 36 номгӯй муайян гардид.

Сайвалӣ АЗИЗ, Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2018    №: 147    Мутолиа карданд: 131

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед