logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Баҳори кӯтоҳи Хиромон накҳати эҷоду офариниш дошт
Хиромон дар оилаи нависандаи шинохтаи тоҷик Абдураҳмон Расулӣ таваллуд ёфт. Кам касон гумон доштанд, ки ин кӯдак ба ин зудӣ мусиқинавозу оҳангсоз мешавад ва мухлисону дӯстони зиёде аз Ватанаш – Тоҷикистон ва аз Аврупову Амрико меёбад...
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ модари Хиромон Тӯҳфа Расулӣ, рӯзноманигор дар хонаи роҳбари Барномаи ТАСИС - и Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Пол Мак Грегори кор мекард. Рӯзе Хиромонро ҳам ҳамроҳ ба хонаи Пол овард. Пол дар хона пианино дошт.
Ӯ аз ношунавоию лолии духтарак сахт андуҳгин шуда, пешаш «Марш» - и Бетховенро навохт. Хиромон наздик истода бо шавқ мусиқиро гӯш кард. Пол аз ин кораш каме хиҷолат кашид ва аз худи Хиромон хоҳиш кард, ки сари пианино нишинад ва дилхоҳ оҳангашро навозад.
Духтарак нишасту оҳанги чанд лаҳза пеш шунидаашро қариб, ки бехато навохта дод. Пол дар ҷояш шах шуд, худро гум кард. Ба модари духтарак бо шодӣ изҳор дошт, ки фарзандат дорои истеъдоди нодир аст...
Бо маслиҳат ӯро назди устоди мусиқӣ Регина Петровна бурданд.
- Аввал бовар накардем, ки Хиромон шунида истодааст. Аммо барои хушҳолии духтарамон розӣ шудем. Баъдтар маълум гашт, ки ӯ мусиқиро бевосита нашунида, балки бештар ҳис мекунад. Сипос ба ҳамон Пол, ки истеъдоди фитрии Хиромони моро кашф кард ва ӯро ба дунёи рангину афсонавии мусиқӣ раҳнамоӣ кард, - изҳор медорад Тӯҳфа Расулӣ.
Муаллими аввалинаш дар ҷодаи мусиқӣ Регина Петровна гуфта буд: «Хиромон мусиқиро мешунавад, дар ҳоле, ки табибон ӯро тамоман ношунаво мегуфтанд». Баҳори ӯ кӯтоҳ, аммо пур аз накҳати эҷоду офариниш гузашт.
Ҳамин тариқ, хабари лаёқати нодири Хиромон то ба рӯзноманигорону мухлисони мусиқӣ расид. Дар бораи ӯ пай дар пай мақолаву гузоришҳо ва барномаҳои телевизионӣ таҳия мешуданд.
8 майи соли 1997 раиси Хазинаи кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон Почобегим Ҳафизова Хиромонро ба хонаи афсарони гарнизони шаҳри Душанбе бурда, барномаи консертиашро гузаронд. Ӯ мусиқиҳои композиторон Бах ва Кабалевскийро навохт. Дар охир Почобегим Ҳафизова ба навозандаи наврас ҳуҷҷати «Гирандаи стипендияи Хазинаи кӯдакони ҷумҳурӣ» - ро супурд. То он лаҳза касе ҳатто пай набурд, ки Хиромон ношунаво аст. Ҳама аз ҷо хеста бори дигар кафкӯбӣ карда, ӯро табрик намуданд. Он вақт ӯ 12 - сола буд.
Давоми фаъолияти Хиромонро модараш чунин нақл кард: «Дере нагузашт, ки духтарам худаш оҳангҳои марғуб меофаридагӣ шуд. Баъди сафари Искандаркӯл дар ҳолати фараҳмандӣ мусиқии шӯхе офарид, ки бо падараш номи оҳангро «Рақс дар кӯҳсор» номидем. Баъди даргузашти духтараки ҳамсабақаш Карин Мани фаронсавӣ мусиқии дигаре навишт. Онро «Хотираи Карин Ман» унвон додем. Сипас мусиқиҳои «Хотира», «Зангӯла», «Модар» ва «Баҳор» - ро офарид, ки хушбахтона, ҳамашро он замон дар лента сабт карда будем».
Пианинавоз ва бастакори маъруфи итолиёвӣ Алберто Померанс, ки бо даъвати СММ меҳмони шаҳри Душанбе шуда буд, ҳунари Хиромони хурдсолро дида, моту маҳбут гардид. Мусиқиҳои мураккаби бастакорони машҳури оламро бе ҳеҷ мушкилӣ навохтани тоҷикдухтарак аҷиб буд албатта.
- Умеду ниятҳои мо ва устодонаш аз Хиромон калон буд. Аммо сад дареғ, ки сарнавишт риштаи ҳаёти ӯро канд, - дигар маҷоли ҳарф задан надорад ва гиря мекунад модари зори Хиромон.
Бемории саратон ба вуҷуди наҳифу нозуки ӯ ҳуҷум оварда, рӯз аз рӯз бемадор мекард. Аксари саратоншиносони кишвар маслиҳат доданд, ки Хиромонро ба ягон кишвари хориҷӣ бурда табобат кунанд. Аммо дасти падару модар кӯтоҳӣ кард…
12 апрели соли 1999, рӯзи душанбеи ҳафтаи нав. Хиромони тоза ба чордаҳ қадам монда, пеши меҳмонони ба зодрӯзаш ташрифоварда бо шодмонии зиёд мусиқӣ навохт, дуру дароз ва рӯҳафзову маҳин навохт. Ин шояд қуллаи аз ҳама баланди намоиши истеъдоди худододаш буд. Зеро  душанбеи ҳафтаи оянда ногаҳон ҳамаро дар ғафлат гузошту чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Мард чандсола аст?
Мардеро пурсиданд: Шумо чандсолаед?
- Бисёрсола, - ҷавоб дод ӯ. - Ман аз баъзе хешу таборам 600 маротиба калон ҳастам. Бигӯед, ки мард чандсола аст?

Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40

 

ЧАРО МАҲЗ МИСЛИ ГУРГ?
Ба бархе аз одамон мегӯянд: «Мисли гург аст». Барои чӣ маҳз гург? Оё дар ин бора андешидед? Миёни инсон ва ҳайвоне чун гург чӣ умумияте мавҷуд асту дошта метавонад?
Гургон агарчи ба синфи сагҳо тааллуқ доранд, аммо худро дар рӯи Замин шоҳ мепиндоранд. Барои ин чанд далели ҷолибу дуруст ҳам доранд. Гургон ҳеҷ гоҳ лоша, худмурда ва шикори дигареро намехӯранд. Дар интихоби ҷуфти худ барои зиндагӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Мисли дигар ҳайвонҳо ба модар ва хоҳари худ намерасанд. Онҳо таҷассумгари садоқату вафодорианд. Ҳамсафари ҳаёташонро дар тамоми умр як бор интихоб менамоянд. Гургони модина як маротиба «оиладор» мешаванд. Аз ин рӯст, ки фарзанд, бародару хоҳар ва модару падари ҳақиқияшонро мешиносанд.
Ба ҳангоми марги рафиқи ҳаётии худ аз се моҳ то ба як сол мотам мегиранду азодорӣ мекунанд. Ҳатто ба нишони садоқату вафодорӣ аксар худкушӣ мекунанд.
Гургбачаҳо дар миёни ҳайвонҳо ягона фарзандоне маҳсуб мешаванд, ки падару модари пирашонро парасторӣ менамоянд. Агар волидайн бар асари пирӣ, беморӣ ва ё ҷароҳат бардоштан неруи шикор карданро аз даст бидиҳанд, фарзандон ба ҷойи онҳо ин амалро анҷом медиҳанд.
Гургбача, ки калон шуд, бояд оилаи худро ташкил ва ҷудо аз галаи гургони маҳали худ зиндагӣ бикунад. Волидайн ба иҷрои ин кор ба ӯ амр менамоянд.
Интихоби рафиқи ҳаётӣ аз галаи маҳаллӣ манъ аст, зеро он рақобати идоракуниро ба вуҷуд меорад.
Ҳамин тавр, вақте ба инсонҳое мегӯянд, ки мисли гург бошанд, ба ин умед аст, то онҳо беҳтарин сифатҳои ин ҷонвар, аз қабили ҷасорат, садоқат, шараф, саъю кӯшиш, эҳтирому парасториро ба худ касб бикунанд.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода

 

 «ВОЯДҶОР – 1»
МАҲСУЛИ ГУЗАШТАЕ, КИ МОРО БА ОЯНДА МЕПАЙВАНДАД
Олимони НАСА ба хулосае омаданд, ки самти дастгоҳи «Воядҷор-1» - яке аз зондҳои дури агентии кайҳониро чунон тағйир диҳанд, ки антеннааш дар масофаи 21 миллиард километр ба тарафи Замин нигоҳ кунад. Вале муҳаррики идораи ҳолати фазои дастгоҳ фарсуда шуда буд.
Бинобар ин, НАСА маҷбур шуд, ки ба нақшаи «Б» рӯй орад ва аз чор муҳаррики барои тағйири сайри траектория пешбинишударо истифода барад. Аммо ин муҳаррикҳо 37 сол боз кор намекарданд.
Чанде пеш муҳандисон муҳаррикҳоро ба кор андохтанд. Онҳо ҷавобро пас аз 19 соату 35 дақиқа гирифтанд. (Ҳамин муддат барои расидани ҷавоб то ба Замин лозим омад). Ҳамаи чор муҳаррик хуб кор мекарданд. Дастгоҳи кайҳонӣ ба тарафи Замин тоб хурд!
Соли 1977 зондҳои дугоник «Воядҷор-1» ва «Воядҷор-2» бо фарқи 16 рӯз ба фазо сар дода шуданд. Моҳи сентябри соли 2013 дастгоҳи кайҳонии «Воядҷор-1» Системаи офтобиро убур карда, ба фазои байниситоравӣ ворид гашт. Он аввалин объекти аз ҷониби инсоният офаридашуда мебошад, ки ба чунин масофаи дур парвоз дорад.
«Воядҷор-2» ақиб мемонад, вале тибқи тахминҳои НАСА он солҳои наздик ба фазои байниситоравӣ мерасад. Дугоникҳо ҳоло ҳам қисмати берунии Системаи офтобиро тадқиқ мекунанд ва ҳамарӯза бо Замин дар алоқа ҳастанд.
Таҳияи  Ш. ҚУРБОН   

 

КӮИ НОМУРОДОН
Слеб яке аз шаҳрҳои аҷибтарини иёлати Калифорнияи Амрико ба ҳисоб меравад. Истиқоматкунандагони  он  на пули барқро пардохт мекунанд  ва на маблағи обу заминро.
Дар он танҳо мардуме ба сар мебаранд, ки  шароити пасти зиндагӣ доранд. Касоне, ки хона ва ҷойи зист надоранд, инчунин нафақагирони бекасу куй ба ин шаҳр кӯч мебанданд. 
Новобаста аз ин, шаҳр ба бисёриҳо маъқул аст. Вақте ба ин ҷо  омаданд, дигар ба марказ баргаштан намехоҳанд. Дар ин ҷо касе ба касе кор надорад. Маҳз ба ҳимин хотир ин шаҳрро охирин шаҳри озод меноманд.
Таҳияи ФАРЗОНА ФАЙЗАЛӢ

 

МГИНГО –  ҶАЗИРАИ СЕРАҲОЛИТАРИН
Мгинго дар миёни кӯли Викторияи Африқо ҷойгир аст. Ҷазира шакли гирди теппамонанд дорад, ки дар он ягон навъи рустанӣ намерӯяд.
Оби Виктория ба 3 кишвар - Танзания, Кения ва Уганда тааллуқ дорад, вале якчанд ҷазираи хурд, аз ҷумла Мгинго ва Усингоро бо сабаби бисёр хурд буданашон касе соҳибӣ намекард.
Солҳои 90 - уми асри гузашта 2 шаҳрванди Кения Пембо ва Кибебе ба ин ҷо омаданд, дар ҷазира касе зиндагӣ надошт. Онҳо дар ҷазира кишвари алоҳида ташкил карда, худро сардори он эълон карданд ва дар муддати 8 сол аҳолии “кишвари Мгинго” ба 131 нафар расид. Шуғли асосии мардуми он моҳидорӣ мебошад. Шаҳрванди ҷазираи Мгинго бояд на танҳо моҳигири хуб, балки тавонад кишвареро бунёд намоянд, ки  дар он танҳо сулҳу дӯстӣ бошад. 6 шаҳрванди Мгинго то ҳол барои дуздӣ бадарға шудаанд. Дар ҷазира дорухона, мағоза, сартарошхона ва якчанд ошхона мавҷуд аст, ки дар онҳо асосан занҳо, кор мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР

 

САНЪАТИ КОҒАЗИИ МАЛЕНА ВАЛКАРСЕЛ
Яке аз равияҳои маъмул дар санъати бадеӣ ин муҷассамасозӣ аз коғаз мебошад. Он аз нимаи дувуми асри ХХ пайдо шудааст. Мутахассисони ин соҳа зиёд нестанд.
Рассом аз шаҳри Аликантеи Испаниё Малена Валкарсел аз ҷумлаи онҳост. Ӯ табиати биҳиштосо, дарёҳои равоне, ки дар онҳо қаиқҳо шино мекунанд ва хонаҳоро дар канори ҷангалзори пур аз барфро дар саҳифаи китобҳо зинда месозад. Ҳамчунин, ба лӯхтакҳо аз коғаз куртачаҳо мепӯшонад.  Худи Малена дар ин хусус мегӯяд: «Ман китобро хеле дӯст медорам. Бо ин ҳунари худ ба манзараҳои саҳифаи китобҳо ҷон ато мекунам. Барои эҷодам ва дарёфти китобҳои куҳна ба ман дӯстонам ёрӣ мерасонанд. Онҳоро аз китобхонаҳо дастрас мекунем, ё аз мағозаҳои китобфурӯшӣ мехарем. Ин корро бо шавқи зиёд иҷро карда, аз он ҳаловат мебарам».
Таҳияи Гулистони Қадамсаид

 

1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Кӣ барои сӯзишворӣ  пул медиҳад?
Сарнишинҳои ширкати авиатсионии Зимбабве дар Марсел, вақте ки ба «Боинг-707» сӯзишворӣ рехтанд, фаҳмиданд, ки маблағашон намерасад. Тайёра дар фурудгоҳ ба парвоз омода меистод. Ҳамин вақт аз баландгӯяк касе пурсид: «Кӣ ба мо пул қарз дода метавонад, то ки ҳақи сӯзишвориро пардозем?». Як мусофири раҳмдил ба имдоди сарнишинҳо расид. Ҳамин тавр тайёра ба самти Лондон парвоз кард. Дар он ҷо ба мусофир пулашро баргардонданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

 

ҚИМАТТАРИН ШАХСИЯТҲОИ СОЛИ  2018
Маҷаллаи молиявӣ – иқтисодии «Forbes» ҳар сол номгӯи гаронмуздтарин шахсиятҳои ҷаҳонро мунташир мекунад. Имсол маҷалла дар қатори даҳгонаи аввал беҳтарин ҳамлавари дастаи «Барселона» Лионел Месси ва форварди «Ювентус» Криштиану Роналдуро низ шомил намуд. Дар даҳгона зинаи аввалро бо арзиши 1 миллиард доллар Флойд Мейвезери хурдӣ аз  худ намудааст.
 Тақсимбандии маҷалла чунин аст:
1. Флойд Мейвезери хурдӣ – 1 миллиард (муштзан)
2. Ҷорҷ Клуни – 239 миллион (ҳунарманд)
2. Кайли Ҷеннер – 166,5 (модел)
4. Ҷуди Шейндлин – 147 (додситон)
5. Дуэйн Ҷонсон – 124  (ҳунарманд)
6. U2 – 118 (рок-гурӯҳ)
7. Coldplay – 115,5 (гурӯҳи мусиқинавозон)
8. Лионел Месси – 111 (футболбоз)
9. Эд Ширан – 110 (мусиқинавоз)
10. Криштиану Роналду – 108  (футболбоз)

Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ

 

Як лутф
ШАРТНОМА
Яҳудие назди бинои бонк сурма мефурӯхт. Роҳгузари ошное наздаш омада, ҳол мепурсад:
- Савдо чӣ тавр, бозор гарм аст ё хайр?
- Хуб аст, шукр.
- Пас, метавонӣ то фардо ба ман чанд пул қарз бидиҳӣ?
- Не.
- Чаро?
- Ростӣ, бо ин бонке, ки мебинӣ, шартнома дорам: ман қарз намедиҳам, бонк сурма намефурӯшад.

 


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
7. Афина (Юнон)
Афина гаҳвораи тамаддуни сайёра  ва яке аз қадимтарин шаҳрҳо дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин макони бостонӣ ватани файласуфони  дунёи қадим, аз қабили Суқроту Арас-ту ва Афлотуни бузургу ҳазорҳо олимон маҳсуб меёбад. Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ маскуншавии одамон ба ин шаҳр  4 ҳазор сол пеш аз мелод оғоз ёфтааст. Аммо, ба куҳансолиаш нигоҳ накарда, ҷавонтарин пойтахти аврупоӣ мебошад. Афина чун маркази Юнони муосир соли 1834 интихоб гардид. Афина дорои ёдгориҳои таърихии бешумору нодир буда, чун шаҳри сайёҳӣ машҳур мебошад.
 Шаҳр ба ифтихори Олиҳа Афина номгузорӣ шуда, ватани бозиҳои олимпӣ ва театр эътироф гардидааст. Дар ин ҷо харобаҳои ду театри машҳури Юнони қадим - «Дионис», ки дар асри 4 то мелод сохта шудааст ва «Одеон Герода Аттика», ки айни замон саҳнаи асосии фарҳангии  Афина мебошад, ҷой гирифтаанд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки шаҳр бо ёдгориҳои ҳазорсолааш, ки ҳанӯз побарҷоанд, то даҳсолаи наздик осорхонае надошт. Танҳо соли 2000-ум бинои осорхонаи муосир бунёд гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
3. Крикет
Крикет чун бозӣ дар асри XVI дар ҷануби Англия пайдо шудааст. Дар охири садаи XVIII ин бозӣ чун яке аз намудҳои миллии варзиш дар ин кишвар шуҳрат пайдо кард. Майдони бозии крикет сабзазори эллипс-шакл мебошад.
Крикет бештар дар Ҳиндустон, Австралия, Англия, Уэлс, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Зеландияи Нав, Шри-Ланка ва ҷазираҳои Кариб маъруф аст.
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба крикет соли 1912 миёни дастаҳои Авс-тралия, Англия ва Африқои Ҷанубӣ доир гардид, вале бо сабаби боришоти пай дар пай он ба анҷом нарасид. Соли 1975 баргузории чемпионатҳои ҷаҳон барқарор шуд ва дар 4 - сол он як маротиб доир мегардад.
Крикет ба барномаи Бозиҳои олимпӣ соли 1900 шомил гардид, вале ба нисбати на чандон ҷолибият, дере нагузашта, аз барнома хориҷ карда шуд.
Бояд гуфт, ки бозии крикет аслан дар он кишварҳое маъруф аст, ки собиқ мустамликаи Британияи Кабир будаанд.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
9. ҚОҲИРА
Аҳолияш 19 миллиону 128 ҳазор.
Ба Қоҳира соли 969 Хилофати фотимиҳои Тунис асос гузоштааст. Ал-Азҳар, нахус-тин масҷиди шаҳр, ки соли 972 бунёд шудааст, минбаъд сабаби шаҳри ҳазорманора ном гирифтани Қоҳира гардид. 
Дертар масҷиди Ал - Азҳар ба донишгоҳ табдил ёфт ва аз соли 975 дуюмин донишгоҳи қадимии дунё маҳсуб мешавад. 116 сол пеш аз он Донишгоҳи Ал - Караун дар Марокаш арзи ҳастӣ кардааст.
Ягона нишона аз ҳафт аҷоиботи олам аҳромҳои шаҳри Гиз мебошанд. Дар қариби онҳо дигар ёдгориҳои қадимӣ  мисли Абулҳавли калон, шаҳрҳои куҳани Мемфис ва Фустат ҷойгиранд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

10 ВАРЗИШГОҲИ АЗИМИ ОЛАМ
8. «БРАЙАН ДЕННИ СТЭДИУМ»
Майдони азим барои 101 821 мухлис пешбинӣ шудааст. Он дар шаҳри Тускалусе (иёлати Алабама, ИМА) ҷойгир буда, соли равон 90 сола мешавад. Шояд бовар накунед, соли 1928 варзишгоҳ ҳамагӣ 18 ҳазор ҷойи нишаст дошт. Тӯли даҳсолаҳои минбаъда ғунҷоишаш беш аз панҷ маротиба зиёд карда шуд. Ҳоло он майдони хонагии дастаи маҳаллии донишгоҳи шаҳр аст.

Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ  

 

АРАБИСТОНИ САУДӢ
Аввалин шаҳодатномаи ронандагӣ ба ҷинси латиф
Дар Арабистони Саудӣ нахустин бор дар таърихи кишвар бонуи дӯстдори автомобил  шаҳодатномаи ронандагӣ ба даст овард. Аммо ному насабашро ошкор накарданд.
Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул – Азиз  ас - Сауд моҳи сентябри соли 2017 манъи ронандагии занҳоро аз миён бардошта, ба онҳо рондани мошинҳои сабукравро иҷозат дод. Вай пас аз гузашти се моҳ ба дараҷаҳои дигари ронандагӣ низ сабукӣ ворид намуд. Акнун, намояндагони ҷинси латиф дар ин кишвар метавонанд мототсикл ва ҳам мошинҳои борбари калонҳаҷмро ронда бошанд.
Ин дарҳолест, ки то ин вақт барои идора намудани автомобил занҳои шоҳигарии арабро ҷазои бағоят сахт таҳдид мекард.
Арабистони Саудӣ то соли 2018 дар дунё ягона кишваре ба ҳисоб мерафт, ки ҳуқуқи занҳоро дар ин самт маҳдуд мекард.

Таҳияи  Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 148    Мутолиа карданд: 272

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед