logo

иқтисод

ПИЁЗ. ҲОСИЛ ФАРОВОН, СОДИРОТ ЧӢ?

Кишти пиёз солҳои охир барои деҳқонон фоидаи хуб меовард. Маҳсулоти тайёр аз сари замин ба дасти харидор мерасид. Деҳқонон хароҷоташонро мепӯшонданду аз заҳмати кашидаашон фоида гирифта, қаноатманд буданд. Аз соли 2007 то соли 2016 ҳар мавсим аз ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия то 600 ҳазор тонна пиёз содирот мегардид. Соли 2016 интиқоли пиёз ба ин кишвар ҳамагӣ 138 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2017 талабот ба он якбора паст рафт. Чаро?
Мардум имрӯз аз фаровонию арзонии пиёз хурсанд аст. Як килои он ҳатто дар бозорҳои пойтахт аз 50 то 80 дирам арзиш дорад. Аммо табъи деҳқонони пиёзкор хира аст. Ҳосили рӯёндаашон, бо вуҷуди заҳмати зиёд кашидан, хароҷоташонро намепӯшонад. Чунончи, барои парвариш кардани пиёзи навъи «Чиполлино» дар 1 гектар то 3 тонна нуриҳои маъдании гуногун сарф мешавад, ки маблағи он бештар аз 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, 2-3 ҳазор сомонӣ барои безарар гардондани ҳашароти зараррасон сарф мегардад. Барои парвариши он ва ғундоштани ҳосил низ маблағи калон зарур аст. Обёрии пиёз ҳам маблағ металабад. Деҳқонон барои обёрии 1 гектар замин бештар аз 6 ҳазор сомонӣ сарф мекунанд. Дар маҷмӯъ пиёзкорон дар мавсим барои аз 1 гектар ҳосили хуб рӯёндан маблағи хеле калон сарф менамоянд. Боз ин сарфу харҷи маблағҳо ба ҳован об кӯфтанро мемонад, агар тухмӣ ба шароит номутобиқ ва бесифат бошад. Нархи як кило тухмии пиёз вобаста аз сифату навъаш 200 - 400 сомонист ва дар як гектар 12 - 15 кило тухмӣ истифода мешавад.
Олимони соҳа бар он назаранд, ки тухмиҳои аз хориҷи кишвар воридшуда ба иқлими мо мутобиқ нестанд. Соли аввал ҳосили хуб медиҳанд, вале соли дуюм коштани онҳо фоида надорад. Беҳтар он аст, ки корҳои селексионии олимони худамонро дастгирӣ карда, барояшон шароити мусоиди фаъолияту таҷрибагузаронӣ фароҳам биёрем, то тухмиҳои ба иқлими кишварамон мутобиқ биофаранд.
Коршиносон барои аз ин ҳолат раҳондани деҳқонон пешниҳод доранд, ки масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат барои фурӯши маҳсулоти онҳо, аз ҷумла пиёз, бозор пайдо кунанд ва содироти онро, хусусан ба Русия ва Қазоқистон, муназзам роҳандозӣ кунанд. Бунёди марказҳои логистикӣ ва анборҳои бузурги сабзавоту мева низ тақозои замон аст, то ки деҳқонон маҳсули заҳмати худро арзон фурӯхта зарар набинанд. Ҳамчунин, ба деҳқонон дасти ёрӣ дароз кардан - арзиши сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ, доруҳои маъданиву заҳрхимикатҳо ва обро кам намудан низ ба нафъи кор аст. Агар ин корҳои хайр сурат бигиранд, меваву сабзавот, аз ҷумла пиёзи босифати деҳқони тоҷик, дар хориҷи кишвар харидори доимии худро пайдо хоҳад кард. Дар акси ҳол, деҳқоне, ки имрӯз ба ивази 100 кило пиёз имкони танҳо 2 – 3 дона тарбуз (ё харбуза) харидан дорад, ба гумон аст, ки соли оянда ба коштани пиёз ҳавасманд бошад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 148    Мутолиа карданд: 166

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед