logo

сиёсат

ВМКБ. МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР

Дар доираи натиҷагирӣ аз раванди омодагӣ  ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Хоруғ  бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони гурӯҳҳои кории шаҳриву ноҳиявӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудаанд, машварати корӣ баргузор гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбари гурӯҳи  кории ҷумҳуриявӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои воқеӣ оид ба анҷоми корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ маслиҳатҳои муфид дод.
Ба рӯйхати иншооте, ки бо ҷалби маблағҳо аз манбаъҳои гуногун давоми се сол бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию фарҳангӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо  дохил карда шуданд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки ба бандҳое, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят солҳои  пеш қабул гардидаанду, ноиҷро мондаанд, бояд таваҷҷуҳи хосса ва ҷиддӣ  зоҳир гардад. Таъкид шуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар заминаи амалисозии сиёсати дарҳои кушодаи кишвар бо ҷалби сармоя аз ҳамаи  манбаъҳо барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ даҳҳо иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ин рӯ, агар таваҷҷуҳи бештар ба иншооти дигари маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили  ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ва гулгашту хиёбонҳо равона карда шавад, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани симои маркази ноҳияҳо ва деҳот мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин, ба зарурати ҷалби шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ барои анҷом додани амалҳои бунёдкорию ободонӣ дар ҳудуди вилоят таваҷҷуҳи вижа зоҳир гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастур дода, таъкид намуд, ки аз иҷрои корҳои анҷомдода бояд ҳар семоҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад.

Раҳмони Гулзор,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 148    Мутолиа карданд: 210

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед