logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН. ИДОМАИ ГУЗОРИШ

26 июл дар Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти иҷрои корҳо дар минтақаҳои муҳими иншоот - толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо шинос шуданд.

Тавре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ, пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, корҳои сементатсионӣ, тибқи шартнома ва мутобиқи ҷадвали умумии сохтмон бошад, васлу насби таҷҳизоти гидротурбинӣ аз тарафи мутахассисони хориҷию ватанӣ идома доранд.
Корҳои ҷамъоварии ротор ва статори гидрогенератори рақами 6 пурра ба охир расида, агрегат аз озмоишҳои баландшиддати барқӣ бо шиддати тағйирёбандаи 36,5 кВ ва гидравликӣ бо фишори 12 атмосфера гузаштааст.
Васли такягоҳҳои манъкунии ротор ба анҷом расида, ротори генератори рақами 6 бо вазни 850 тонна ба кратери гидроагрегати рақами 6 интиқол дода шуд. Интиқоли статори генератори рақами 6 ба кратери гидроагрегати рақами 6 низ анҷом ёфт. Дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо, васлу насби стерженҳои печакҳои статори генератори рақами 5 ба итмом расидааст.
То имрӯз дар атрофи камераи спиралӣ ва шахтаи турбина 3 ҳазору 944 метри мукааб бетон хобонда шудааст. Ҳаҷми умумии бетони хобондашудаи қисмати гидрогенератори рақами 6 зиёда аз 16 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, васлу насби таҷҳизоти турбина идома дорад.
Дар атрофи шахтаи генератор васли системаҳои бо об хунуккунии агрегати рақами 6 ва дар толори трансформатори рақами 6 системаи бо об хунуккунии трансформатор тибқи лоиҳа оғоз гардидааст. Дар нақбҳои ноқилгузар, толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо васли лӯлаҳои сӯхторхомӯшкунӣ давом дорад.
Бетонхобонӣ дар атрофи зону ва лӯлаи ҷаббандаи турбинаи рақами 5 ба анҷом расида, дар сатҳи 956 метр 12 адад такягоҳи оҳанини қутрашон 325 мм, барои ба болои он гузоштани статори турбина васл карда, барои устувории такягоҳҳо гирду атрофи онҳо арматурбандӣ шудаанд. Статори турбина дар кратери рақами 5 васлу насб карда шуд. Васли камераи спиралӣ дар кратери зикргардида ба анҷом расида, аз озмоиши гидравликӣ гузашт. Корҳои арматурбандӣ дар гирди панели спиралӣ дар арафаи анҷомёбианд.
Дар майдончаи васлгарии муваққатӣ ҷамъкунии дарвозаи даврашакли агрегати рақами 5 қутраш 9 ҳазору 500 мм ва ҷамъкунии сарпӯши турбина ба охир расонда, ба кратери рақами 5 васлу насб карда шуд.
Ҳаҷми умумии бетони хобондашудаи қисмати гидрогенератори рақами 5,9 ҳазору 88 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Корҳои нақбканӣ дар қисмати агрегати рақами 4 дар ҳаҷми 7 ҳазору 393 метри мукааб ҳаффорӣ ва 1 ҳазору 888 метри мукааб бетонхобонӣ иҷро шудааст. Васлу насби анкерҳои АЖГ ба дарозии 9 ҳазору 744 метри тӯлонӣ иҷро гардидааст.
Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ дар толори мошинҳо бо назардошти лӯлаҳои ҷаббанда ба 32 ҳазору 924 метри мукааб ва васлу насби оҳанфулузот ба 1 ҳазору 82 тонна расидааст. Моҳона ҳаҷми корҳои нақбканӣ 3 ҳазору 131 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори трансформаторҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ   Раҳмон  иттилоъ доданд, ки дар сақф ва деворҳои бинои трансформаторҳо васлу насби анкерҳои минтақаи агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ва васлу насби болорҳои оҳану бетонӣ пурра ба анҷом расидаанд.
Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1 то 3 дар бинои трансформаторҳо тибқи ҷадвали иҷрои корҳо барои гузарондани трансформатори асосии рақами 6 муваққатан мавқуф гузошта шуда, дар агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ба итмом расидаанд. Ҳаҷми умумии бетони хобондашуда бо назардошти майдончаи васлгарӣ 17 ҳазору 366 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Корҳои ҳаффории коллекторҳои 1 то 3 идома дошта, то  имрӯз дар ҳаҷми 13 ҳазору 607 метри мукааб нақбканӣ ва 4 ҳазору 35 метри мукааб корҳои бетонхобонӣ иҷро шудаанд. Ҳаффории шахтаи насосҳои обкаш пурра ба итмом расида, корҳои бетонхобонӣ тибқи нақша идома доранд. Айни замон дар ҳаҷми 5 ҳазору 192 метри мукааб бетон хобонда шудааст.
Баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва роҳбарияти неругоҳ барои иҷрои тадбирҳои муҳиму мушаххас баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи корҳои босифату саривақтӣ ҳидоят карданд.
Аз рӯйи нақша агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун бояд тирамоҳи соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми ин иншооти муҳими мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.


Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ - 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахассисон идома дорад. 
Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром давом дошта, тибқи нақша ҳаҷми умумии корҳое, ки  дар ин қитъа бояд анҷом ёбад 36 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки  то ба имрӯз 15 ҳазор метри мукааб аз ҳаҷми умумии корҳо ба сомон расонда шудааст.
Дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 корҳои анҷомёфтаи нақбканӣ зиёда аз 10 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 3 ҳазор тонна арматур дар қисматҳои сохтмонӣ бандубаст гардидааст. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати гузариши нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома доранд.
Барои сари вақт таъмиру тармим намудани нақби СТ-2 шахтаи таъмирии амудӣ бунёд карда шудааст ва сохтмони ҳамин гуна иншоот дар нақби сохтмонии СТ-1 низ вусъат меёбад.
Тибқи лоиҳа қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 то оғози фаъолияти нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун пурра анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Сарвари давлат аз рафти омодагии бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ боздид намуда, бо  ҷараёни иҷрои корҳо ва гузарондани селобаи эҳтимолии 2018 аз наздик шинос шуданд.
Дар ин иншоот корҳои нақбканӣ ба анҷом расида, дар қисматҳои алоҳида корҳои бетонхобонӣ давом доранд. Чор адад дарвозаи таъмирию садамавӣ, ки ҳар кадоме зиёда аз 263 тонна вазн дорад, насб шудааст. Тамоми таҷҳизот ва қисматҳои иловагии дарвозаҳо омодаи кор буда, он аз ҷониби ширкати "Трест - гидромонтаж" - и Русия дастрасу васл гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки насби гидроприводҳо дар ин иншоот пурра  сомон ёфта, дарвозаҳои таъмирию садамавӣ бо низоми автоматикӣ омодаи коранд.
Ҳамчунин, дар  бинои таҷҳизоти  гидромеханикӣ ду крани пулшакл, ки ҳар кадоме иқтидори бардошти  80 тонна борро дорад, васлу насб шудааст.
Бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ дар нақби сохтмонии СТ-3 ҷойгир буда, дар қисматҳои алоҳидаи ин нақб корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин нақб корҳои нақбкании асосӣ пурра анҷом ёфта, кандани нақбҳои ёрирасон суръат мегирад. Моҳона ҳаҷми миёнаи истифодаи оҳанфулузот, аз ҷумла варақаҳои оҳании дар ин иншоот васлу насбгардида 216 тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда аз оғози корҳои сохтмонии нақби мазкур дар маҷмӯъ ба 9074 тонна расидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои саривақтиву босифати корҳо даъват намуда, ба масъулон ҷиҳати назорати сифати сохтмон дастурҳои муфид доданд.


26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии Роғун ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018  мебошад.
Дар машварат нахуст Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун” Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ гузориш дод.
Дар ҳисоботи Қоҳир Расулзода таъкид гардид, ки аъзои шӯрои нозирон барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли кулли масъалаҳои муҳандисию техникӣ, риояи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби техникаю технологияи муосир, истифодаи оқилонаи мошину механизмҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрогаштаи сохтмонӣ, тарбияи бунёдгарони ояндаи неругоҳҳои азим, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, тамоми тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Дар машварат директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва намояндаи Ширкати “Салини Импреҷило” Лучано Чиконя оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар самти анҷоми корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодаанд. Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳо буд, ки бори аввал дар зимистони солҳои 2017 - 2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ бемаҳдудият таъмин гаштанд.
Барои расидан ба ҳадафҳои дигар бошад, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун”, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун” ва дигар коргарону паймонкорон супориш доданд, ки бо истифода аз ҳар як вақти мусоид барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат талош варзанд.
Дастур дода шуд, ки барои расидан ба ҳамаи мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ, сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд. Ҳамчунин, иҷрои босифати корҳо, дастрасии масолеҳи босифати сохтмонӣ, ҳамкории зичу пурсамари фармоишгар бо ширкатҳои пудратии дохилу хориҷ таъмин гарданд.
Дар охир Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Супориши дигар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ, барои шинондани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад - қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун дода шуд.
Баъди анҷоми машварат бо иштироки аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун” дар ҳамин ҷо ҳисоботи раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои шоистаи сокинони шаҳри Роғун барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба анҷоми тадбирҳои навбатӣ барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 148    Мутолиа карданд: 206

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед