Хабарҳо
Донишкадаи исломӣ соҳиби бинои нав мешавад
Воқеаи фараҳбахши ин давра 30 майи соли ҷорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудани санги асоси бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам аст, ки дар он тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда мешаванд.
Ин нуктаро ректори донишкада Тоҷиддин Асомуддинзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Таъкид гашт, ки кормандону устодони муассиса дар самти илм ҳам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ як нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуда, 8 маводи илмию таълимӣ ва 29 мақолаи таҳлилии оммавӣ – илмӣ ба табъ расид.
- Таҳлили натиҷаҳои аттестатсия нишон медиҳад, ки аз 343 хатмкунандаи донишкада 334 нафарашон бомуваффақият аз санҷиш гузашта, нуҳ донишҷӯи дигар бинобар сабаби давомоти нокифоя ва дараҷаи пасти азхудкунии фанҳо аз муассиса хориҷ гардиданд, - афзуд Тоҷиддин Асомуддинзода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 184