logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ИЛМУ КАШФИЁТ

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои такмили дониши худ ва машғул шудан ба илм ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ ба кор қабул шудам. Дар институт дар лабораторияи канданиҳои фоиданок аз бисёр мутахассисони баландпояи соҳаи геология, шахсиятҳои шинохта Абдулҳақ Файзиев, Юнус Мамадҷонов, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Фотеҳ Файзиев, Мустафо Гадоев, Пӯлод Ясунов, Нусратулло Саломов, Фаршед Каримов ва Неъматҷон Раҷабов дониш андӯхтам.
Дар мавзӯи “Нуқрадории скарниву полиметаллии Қарамазори Ғарбӣ” татқиқоти илмӣ мебарам. Вобаста ба мавзӯъ гуфтаниям, ки масъалаи нуқрадории конҳои Қарамазори Ғарбӣ хеле кам омӯхта шудааст. Вобаста ба ин масъала тасмим гирифтем, ки дар майдонҳои маъдании Такелӣ, Консой ва Зарнисор корҳои омӯзишии геологиро тақвият бахшида, бо геология ва сохтори майдонҳои маъданӣ пурра шинос шуда, намунаҳои ҷинсҳои кӯҳиро ба даст орем. Бо ҳамин мақсад моҳи июли соли 2017 бо роҳбарии профессор Абдулҳақ Файзиев ва Фотеҳ Файзиев ба мавзеи мазкур равона гаштем. Аз майдонҳои маъданӣ 500 намунаи ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳоро ҷамъ овардем. Як қисми намунаҳоро барои таҳлили лабораторияи микрозонд, ки таркиби минералнокии ҷинсҳои кӯҳиро муайян месозад, омода намуда, натиҷаи ташхисро бомуваффақият анҷом додем. Хулосаи ташхис нишон дод, ки дар таркиби минералҳои муайяншуда металли нуқра вуҷуд дорад. Ин барои ман рӯҳу илҳоми тоза бахшида меҳрамро ба илм боз ҳам афзуд. Айни ҳол ба навиштани мақолаҳои илмӣ, рисолаи  номзадӣ  ва омӯхтани забонҳои англисиву чинӣ машғулам. Илми тоҷикро забонҳои хориҷӣ ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Баъди ба чоп расондани мақолаи илмӣ аз ҷониби дигар муассисаҳои илмии хориҷӣ муаллифи мақоларо ба ҳамкорӣ ё конфронсҳои илмӣ даъват менамоянд. Дар ин сурат донистани забонҳои  хориҷӣ афзалият дорад ва ба нафъи кор аст, зеро метавон замини пурганҷу неъматҳои бебаҳои Ватани худро ба ҷаҳониён ошно созӣ. Забондонӣ муаррифгари Ватани азизи худ мегардӣ, ки номи покаш Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, мо - ҷавононро мебояд аз шароитҳои  муҳайёнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоида бурда, камаш ду - се забони хориҷиро ёд гирем.
Содиқҷон ЯТИМОВ,
унвонҷӯ ва ходими хурди илмии
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ
тобовар ва сейсмологияи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 99

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед