logo

иқтисод

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Рейди муштараки сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят дар бозори ҳарҳафтаинаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон камбудию қонуншиканиҳоро ошкор кард.

Чуноне котиби матбуотии сарраёсати болозикр Сайраҳмон Назриев ба хабарнигори “Ҷумҳурият” хабар дод, дар натиҷаи рейди муштарак ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ  ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ гузарондашуда камбудиҳои зиёд, аз ҷумла дар ҳолати ғайрисанитарӣ ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғул будани баъзе соҳибкорони ин бозор, ошкор гардида, афроди ба вайронкорӣ роҳдода ҷазои сазовор гирифтанд.
Ҳангоми санҷиш 232 кило маҳсулоти гӯштӣ, 90 литр оби ташнагишикан ва маҳсулоти ширии сифаташон ба талаботи меъёрҳои стандартӣ номувофиқ аз муомилот гирифта шуданд. Бинобар риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 55 соҳибкор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳо  ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ба ҷуз ин, фаъолияти  нуҳ иншооти марбут ба хӯроки умумӣ, аз ҷумла ду ошхона, як дукони санбӯсапазӣ, чор нуқтаи ғизои тезтайёр, ду нуқтаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ манъ карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, мутасаддиёни ҳифзи саломатии аҳолӣ  ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ чунин рейдҳои муштаракро дар ояндаи наздик дар бозорҳои дигар низ мегузаронанд.

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 90

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед