logo

фарҳанг

КИТОБ ВА ОМӮЗГОР ОЯНДАИ КӮДАКОНРО МЕСОЗАНД

Ёд дорам, ки замони наврасии мо таъминоти барқ яке аз муаммоҳои асосӣ буд. Хонаҳои мо танҳо бо шуълаи шамъ равшан мешуданд. Бо рӯшании хираи шамъ китобҳои бадеии нависандаҳоро мехондем. Аз осори эшон фарқи байни сиёҳу сафед ва неку бадро мешинохтем.
Асарҳои бадеӣ дар зиндагиву рӯзгори мардум ҷойгоҳи махсус доранд. Асарҳои бадеӣ дарду ормон ва орзуву умедҳои халқро ифода мекунанд. Имрӯз шаҳрвандон бо қувваи барқ таъминанду хонаҳои мо шабу рӯз равшану дурахшонанд. Кӯдакони мо метавонанд дар равшании барқ бемалол китоб хонанд ва тавассути васоити техникӣ аз тозатарин адабиёти ҷаҳон бархӯрдор бошанд. Аммо, сафи китобхонҳо новобаста аз шароитҳои хуб камтар мегарданд. Чаро?
Фикр мекунам, ин ҳама аз тағйир ёфтани арзишҳои маънавӣ шурӯъ шуд. Бештари одамон ба худ меъёрҳои нави зиндагиро қабул карданд. Барои аксарият соҳиби пули зиёд гардидан, хонаву дар сохтан, сабукравҳои муосир харидан меъёри асосии хушбахтӣ шуд. Ин тарзи нави зиндагӣ бештари моро аз  маънавиёт дур гардонд.      
Китоб дар хонадони тоҷикон, аз ҷумла дар хонаи мо ҳама вақт мавқеи махсус дошт. Ёд дорам, ки мо замони мактабхонӣ ҳар сол ба рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона обуна мешудем. Ман аз ҷумлаи аввалинҳо будам, ки пули обунаро сари вақт месупурдам.
Новобаста аз фикри ҷамъият, мавқеи одамон, меъёрҳои арзишҳои маънавӣ марҳилаи мактабхонӣ марҳилаи басо нозуку муҳим аст, зеро он шахсияти хонандаро ташаккул дода, роҳу равишашро дар оянда муайян месозад. Барои ҳамин, масъулияти басо бузург ба дӯши омӯзгорон аст. Як сухан, як ҳарфи беҷои омӯзгор метавонад  дар зеҳни хонанда садамаи рӯҳиро ба вуҷуд оварад. Мураббӣ созандаи муҳит дар ҷомеа мебошад, зеро ҳама вақт ба сухану шахсияти омӯзгор халқ бовар мекунад. Фарзандони ба ҷон баробарашро ба дасти омӯзгор месупурад, ба умеде, ки чароғи саводу ҷаҳонбинии тифлашро рӯшан намояд. Барои ҳамин дар марҳилаи басо нозук масъулияти шаклгирии шахсияти кӯдакону наврасон бар дӯши омӯзгорону эҷодкорон вогузор аст. Фикр мекунам, омӯзгор ва эҷодкор ҳуқуқи иштибоҳ кардан надоранд, зеро як иштибоҳи кӯчактарини онҳо метавонад нафареро умре шикастарӯҳ гардонад.      
Агар вазифа ва рисолати эҷодкор тарбияи маънавии ҷомеа бошад, пас он бояд аз даврони боғчаравии кӯдакон оғоз ёбад. Яъне, пеш аз ҳама, рушди адабиёти бачагона ба инобат гирифта шавад. Боғча, мактаб, китобхонаҳои бачагона саршор аз осори хубу хондании кӯдакона бошанд, омӯзгор ҳам, насли наврас ҳам азоб намекашанд, китоб ба ёрии онҳо мешитобад.
Пешниҳод кардани асарҳои хубу хонданӣ ба кӯдакону наврасон ба ташаккули зеҳнии онҳо пояи асосӣ мегузорад ва муҳаббаташонро ба хондани китобу илмомӯзӣ бештар мегардонад.
Аз ин сабаб, иқдоми рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро дар пеш бурдани адабиёти кӯдак самимона дастгирӣ мекунам. Бовар дорам, ки дар ҷараёни озмун истеъдодҳои нав кашф гардида, адабиёти тоҷик боз ҳам рангинтару доротар мешавад.

Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 245

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед