logo

фарҳанг

ЧАКОМАИ ГЕСУ

Таҳти ҳамин унвони шоиронаву шево баргузории фестивал – озмун дар кишвар аз эҳёи анъанаҳои миллӣ гувоҳанд, ки аз ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Пешвои миллат хуб дарк карда, ки дар тазкираи хотираи таърихии   мардум хурду реза ва ҷузъ моҳият дорад, ки мушоҳидаву дониш  ва андарзу хиради чандасраро гирд овардааст. Гесу намунаи зебоӣ ва аломати муҳими инсонҳост, бавижа занонро. Ҳанӯз дар даврони куҳан ин моҳиятро эҳсос карда буданд, ки дар ороиш ва дилрабоиҳояш бо тахайюлоти рангин  муносибат мекарданд. Барои занон гесуи дароз чун рамзи покиву назокат ва ҳусну малоҳат, умри бобаракат шинохта мешуд. Ва сифатҳои «Мӯйи сиёҳ то бари домон базеб», «Гесу то пошна» аз андешаи халқ баромада, ки ин замон маъруфанд. Ҳофизи Шерозии лисонулғайб низ дар ашъораш гесуи дарозро бад-ин манзур хуб сутуда:
Дӯш дар маҷлиси мо қиссаи гесуи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯи ту буд.
   
Оростану перостани мӯй таърихи куҳан дорад. Ва тибқи мантиқи таърихӣ машшотаҳо худи занон буданд. То ошноӣ ба ин ва бунёди хонаву дар, парастиши зан асрори ин гиреҳро мекушояд. Зан монои Замин – зоянда, парваришгар ва муқаддас парастиш мешуд. Дар ин бора нахустофаридаи инсон – ҳайкалчаҳо далеланд.  Аз  ҳайкалчаҳои зан, ки дар Намозгоҳ соли 1953 пайдо гардид, бармеояд, ки ороиши мӯй дар ҳазораи дуюм роиҷ будааст. Яъне, чор ҳазор сол пеш зан дар ин пайкара  бидуни сарпӯш тасвир шуда, мӯйҳояш кушода ва шонахӯрдаанд. Тасвир гувоҳ аст, ки дар он аҳду овон мӯйҳои ҳую пареш густариш дошта,  дар баъзе минтақаҳо дар асрҳои  V – VI  милодӣ ва то замони Темуриён ба мушоҳида мерасад.  Ва ҳатто расми кушода будани мӯй дар асри  ХХ низ миёни гулдухтарони Хуҷанд ва Конибодом роиҷ буд.
Дар ҳавзаҳои дигар расми гесуи кушода ба ғаму андуҳ ва сӯгворӣ низ  ихтисос мегирифт.
Ороиш ва бофтани мӯй анъанаи хос ва устувор дар кӯҳманзар монд ва  дар тӯли таърих ташаккул ёфту такмил.  Намунаҳои архаистии худро дар миёни тоҷикони водӣ низ нигоҳ дошт, ки дар Фарғона, Самарқанд ва Сурхандарё ин овон  вомехӯрад. Ва ҳамчун таҷриба, сабақ, дарс ва ҳикмат боқӣ монду махлут нашуд. Яъне, ҳар ишора, рамз ва аломат аз озмуни  сангини  таърих гузаштаасту ҳамчун оини миллии мардуми тоҷик бақо ёфтааст.
Ҳайкалчаи зане, ки бостоншиносон аз Самарқанд ёфтанд, хеле аҷиб аст. Пироҳани дарози зан камарбанди танги гиреҳхӯрда дорад. Рӯяш  яктарафа ба болосту даҳонаш нимвост, гӯё суруд мехонад. Кулоҳ надорад. Ороиши мӯяш ҷолиб мебошад. Панҷ кокули бофтааш ишора бад-он мекунад, ки ҳайкалчаи зани нозоида аст. Расми 5  кокул доштани занони бефарзанд дар кӯҳистони тоҷик то ҳанӯз боқист.
Мӯйбофӣ   тадриҷан аз ҳунар ба анъанаю русум печид. Акнун ҳар  табақаву тоифа вобаста ба сол шеваи вижаи  бофти мӯйро дошт. Дар ин маврид тасвири занон аз осори Айратам, Халчаён, Панҷакент, Ҳулбук  ва минётураҳои асрҳои миёна далеланд.
Дар адабиёт гесу, кокул, мӯй, мила ва зулф (тура) вомехӯранд. Дар луғатномаҳо чунин шарҳ ёфта: «Гесу мӯйи дарозест, ки аз ҷониби сар кашида бошанд ва ин ғайр аз зулф аст». Яъне, ҳамон мӯйи маъмули занон аст, ки ба тариқи кокулча (дар наврасон), дукокула, дучола, хомбоф, нимбоф, пухтабоф, себоф, панҷбоф, бурёбоф, занҷирбоф ва қамчинаку майдабофию чилкокул оро меёфтанд.
Занҳои хонаву дардор ва солхӯрда мӯйҳошонро дучола ё дубофт намуда, дар пушт бо чолбанд ё чолқап мебастанд. Чолбанд ё чолқап аз ресмон ё хати симин ё заррина  намунаи фохири ороишӣ буд.
Мӯйбофон аз миёнаи сар фарқ рост мекарданд  бо тири филизӣ, нуқра ё сихи ҷайра. Барои ҳамвор будан ва парешон нашудани мӯй аз ду тарафи пешонӣ пича майдабофӣ шуда, то буни гӯш ва бо кокулҳо мепайваст.
Ҳамин қабил занҳо дар кокулони худ аз нуқра ситора ё тангаҳои садафӣ кӯк мезаданд. Кокулҳо аз муҳраҳои ранга ангуштак доштанд, ки аз 6 то 12 дона мерасид.
Дар деҳот мӯйбоф ё сарбоф ҳунари шинохта буд. Иҷрои ин амалро маъмулан ба занони порсо ва бо дасту панҷа  вогузор менамуданд.
Мӯйҳои духтарон ва ҷавонзанҳо як, ду ва сеқабата ҳам  бофтаю ороста мешуданд. Миқдори кокулон аз 5 то 7 мерасид. Духтарон дар мӯйбофӣ озодтар буданд. Онҳо иҷозат доштанд майдабофӣ кунанд, ки онро чиликак, қамчинак, чилкокул, панҷак ва панҷара меномиданд. Қамчинак тарзе бофта мешуд, ки пушту паҳлуяш фарқ намекард ва ба қавли мардумшинос  О. А. Сухарева дар кӯҳистон дар ибтидои асри ХХ  шумораи мӯйҳои майдабофии духтарон то 200 мерасид.
Арӯсон имкон доштанд ба мӯйҳошон ҷамолак биафзоянд. Ҷамолак кокул ва пӯпаки маснӯъ буда, бо сангҳои гаронбаҳои рангоранг оро меёфт.
Маросими мӯйбофии арӯсон тантанаҳои хоссе буд, ки аз саршӯён оғоз ва бо бофтан хатм мешуд.  Дар баъзе минтақаҳо дар ин иртибот таронаи «Гуларӯсак, сарта бишӯ»-ро сурудан шигирди (ҷузъи) ҳатмии маросим бувад. Дар минтақаи Кӯлоб зани серфарзанди солеҳа ба мӯйҳои кушодаи арӯс як пиёла шир мерехт ва пас аз обгардон бо шонаи шамшодӣ, ки хосияти нек дорад, онро ҳамвор мекард. Пас аз ин расм ба орою торои  арӯс иҷозат мешуд. Дар баъзе маҳаллаҳо сарбоф аз ҳисоби холаҳо ва дигар аҳли табор муқаррар мегардид.
Як намунаи зебои орои занҳо зулф (тура) буд, ки занони миёнаумр (аз 40 - сола боло) мемонданд. Як пора мӯйро аз баногӯш кӯтаҳ мекарданду тоб дода, то бари  рухсора медавонданд. Яъне, зулф хосси занҳои шавҳардор буд. Зеварон дар назокаташ афзуда, саризулфӣ ё каҷак аз зару сим месохтанд, ки аз сангҳои қиматбаҳо нигинчаҳо дошт.
Мӯй ҳолатҳои гуногуни зиндагиро ифода мекард, сурур, хонаву дардорӣ ва мотамро низ. Шахсони мотамдор мӯйҳоро кушода медоштанд ва миллаҳоро мебуриданд. Агар фавтида ҷавон ва аз наздикон бошад, мӯйро пурра мекушоданд, солдида ва қарин набошад, нисфи мӯйро.
Бо мӯйи сар урфу одати мардум низ дар робитаанд. Ҳар зан рӯзи хоссаи саршӯӣ дошт, ки «ҳафтаи сар» ном мегирифт. Ва рӯзҳои муқаррарӣ риоя мешуд. Ғайри он вубол буд. Ҳангоми шустан  шоназанӣ ё бофтан, мӯйҳои рехта ва шикас-таро чигил карда, зери дарахти сабз, чашмаки он ва сӯрохии девор мениҳоданд. Ин одат ба расми хеле куҳан пайвастагӣ дорад. Гӯё неруҳои аҳриманӣ  ва ҷодугарон ба воситаи мӯй ба зан асари бад мегузоранд ва ҳам мувофиқи таълимоти зардуштӣ чун обу оташу замин муқаддасанд, бо мӯй набояд олуда шаванд. Дар зер ва ковокии дарахт ниҳон доштан рамзи сабзишро дошт.
Ба тадриҷ мушоҳида ва анъанаҳо ба дониш табдил шуданд. Чуноне аз даврони куҳан медонистанд, ки мӯй ва нохун дар  бунён ҳал нашуда, боиси беморӣ мегардад. Мебоист аз хон ва хӯрданиҳо дур бошад, ё ҳар зан шонаи худро дошт ва мӯйро хушк шона задан, хосияти бад  дониста мешуд. Нарехтани мӯйи занро ба падардор будани шавҳар нисбат медоданд ва ғайра.
 Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои нек, андарзномаи вомонда аст дар шинохти таърих ва назокату боварҳои миллати куҳан. Яъне, ҳикмати мардумро ҷузъиёт ва хурду реза набувад.

Ҷонибек АСРОРИЁН,
Фарҳангшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 207

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед