logo

Хабарҳо

Ғорати 380 000 сомонӣ. Парда аз рӯи ҷиноят бардошта шуд

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ боз як ҷинояти ғоратгариро ошкор намуданд, ки зарари расондашуда ба ҷабрдида 380 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, маҳз коркард ва пешбурди усулҳои фаврӣ ба кормандони шуъбаи 1- и воқеъ дар ноҳияи Сино имкон фароҳам овард, то парда аз рӯи ин ҷиноят бардоранд. Бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ шаҳрванд Умедҷон Мавлавиев, соли таваллудаш 1996 дастгир шуд.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Бахтиёр Нафасов, 13 июли соли равон дар кӯчаи Яккачинор, назди даромадгоҳи бинои истиқоматии рақами 142 паноҳ бурда, ба хонааш омадани шаҳрванд Маҳмуд Ҷумъаевро, ки дар дасташ маблағи пулӣ дошт, интизор мешаванд. Баъд аз ворид гардидани ҷабрдида ба дохили бинои истиқоматӣ тибқи маслиҳати пешакӣ ба ӯ ҳуҷум карда, маблағи пулияшро рабудаанд.
Умед Мавлавиев бо шарикаш Бахтиёр Нафасов, ки феълан дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро байни ҳам тақсим мекунанд. Сипас, Умед Мавлавиев бо мақсади аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан, хонаеро ба иҷора гирифта, бо рафиқаш Фаридун Ибрагимов ба ишрат машғул мешаванд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 141

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед