Хабарҳо
105 медали варзишгарони тоҷик дар шаш моҳ
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 102 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзиш, 7 толори варзиш ва 93 майдончаи варзишӣ бо харҷи 53 миллиону 463 ҳазору 260 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, - иттилоъ дод раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гашт, ки тайи шаш моҳи соли равон дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ 216 варзишгар ширкат намуда, 105 медал, аз ҷумла 36 тилло, 21 нуқра ва 48 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин давра дар кишвар 5 мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки зиёда аз 500 варзишгар аз 40 давлати дунё доир гардид, ки ин шаҳодати болоравии нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Раҳматулло КАРИМОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 172