logo

иҷтимоиёт

АЗ "ТӮБИ ЧАРМИН" ТО ҶОМИ ҶАҲОН. "Орзу – 2026" – стратегияи ислоҳоти куллии футбол дар Тоҷикистон

Бо ибтикори президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ҷалби доираи васеи коршиносон таҳти унвони «Орзу – 2026» барномаи рушди футбол дар кишвар барои солҳои 2017-2026 таҳия гаштааст, ки идомаи Барномаи давлатии ривоҷи футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 мебошад. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ Комрон ШОДИЕВ, директори техникии ФФТ, масъули ин барнома  ҳадафҳои лоиҳаи вижа ва рафти пиёдасозии онро барои хонандагони «Ҷумҳурият» тавзеҳ медиҳад.

1. САРМАНШАЪ – ФУТБОЛИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН
- Саволи нахустин аз худи номи барнома пайдо мешавад. Он ба чӣ маънист?
- Ҷавоб бисёр сода аст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии футбол (ФИФА) соли 2026 дар Ҷоми ҷаҳон, ки бори аввал дар се кишвар – ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад, шумораи дастаҳои мунтахаб аз қораи Осиё зиёд мешавад. Маҳз бо орзуи дар ин чемпионат иштирок кардани мунтахаби Тоҷикистон барнома чунин ном гирифт.

- Беҳтарин таманно. Ва аз барномаи «Орзу – 2026» возеҳ бармеояд, ки Федератсияи футболи кишвар дар даҳ сол ин қуллаи муродро фатҳ карданист. Бо кадом роҳу васила?
- Қабл аз ҳама, мехоҳам зикр кунам, ки баъди сарварии федератсияи футболро ба дӯш гирифтани Рустами Эмомалӣ, баҳри ҷавобгӯи талаботи ФИФА ва КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) шудани фаъолияти ниҳод, сохтори он таҷдиди назар карда шуд. Баръакси роҳбарони пешина, сардори нав чун футболбози ҳирфаӣ дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда буд ва ҳусну қубҳи футболи ватаниро ба истилоҳ «аз дохил» хеле хуб медонад. Ҳамин донишу маҳорат ба Рустами Эмомалӣ имкон доданд, ки дар федератсия на танҳо муҳити созгори корӣ фароҳам орад, балки ҷиҳати ҳалли мушкилот, пешрафти футболи миллӣ кӯшишҳои бобарор дошта бошад. Таҳия ва роҳандозии барномаи «Орзу – 2026» мисоли равшани ин гуфтаҳост. Бешак, татбиқи он инқилобе дар футболи тоҷик хоҳад шуд. Барнома дар се марҳила амалӣ мегардад: солҳои 2017-2019, 2020-2023 ва 2024-2026.

ДАР ПЕШ ДИГАРГУНСОЗИҲОИ КУЛЛӢ
- Федератсия дар давраи аввал ба ҳалли кадом масъалаҳо авлавият медиҳад?
- Футболи ватанӣ дар марҳилаи дигаргунсозиҳои куллӣ қарор дорад. Заминаи муътамади он таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҷараёни татбиқи барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 ба ҷуз мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтан, инчунин, варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гаштанд. Дар баробари ин,  Фонди рушди футбол, лигаҳои миллӣ ва кӯдакону наврасон, Лигаи касбии футзал, академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти онҳо ба рушди футболи ватанӣ, таъмини ҳунарнамоии муваффақонаи мунтахабҳои кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ, боло бардоштани мақоми ФФТ дар ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ нигаронда шудааст. 
Аммо ҳаёт пеш меравад, талаботи нав ба миён меояд ва он натиҷаҳое, ки қаблан ноил гашта будем, барои фардо кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, то соли 2019 бояд заминаи муътамади моддию техникӣ, инфрасохтори муосир ба вуҷуд оварда шавад. Дигар вазифаи муҳим қависозии Лигаи миллӣ ва дастаҳои мунтахаб, ба сатҳи нав бардоштани фаъолияти федератсияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мебошад. Ҳамчунин, мо бояд футболи занона, толорӣ ва соҳилиро оммавӣ гардонем. Махсус зикр карданиям, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар муназзам рушд додани футболи кӯдакон ва наврасон аз муҳимтарин қисмати барнома маҳсуб меёбад. Бунёди низоми ягонаи иттилоотию таҳлилии футболи тоҷик бо истифодаи беҳтарин амсилаҳои хориҷӣ низ аз ҳадафҳои аввалиндарҷа ба ҳисоб меравад.

АКАДЕМИЯ СОҲИБИСТЕЪДОДҲОРО ГИРД МЕОРАД
- Дар таърихи ФФТ барномаи густурдае чун «Орзу – 2026», ки ҳадафҳояш басо миқёсноку мушаххас ва роҳҳои ба онҳо расидан аниқ муайян шудаанд, бори аввал тарҳрезӣ гаштааст. Ҷиҳати умдаи ин стратегия таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи зербиноӣ – рушди футболи кӯдакон ва наврасон – гаҳвораи ситораҳои ояндаи футболи ватанӣ мебошад.
- Таърихи футболи ҷаҳонӣ кайҳо собит намудааст, ки ҳар давлат барои футболи пешрафта, мунтахабҳои пурқувват доштан аввал бояд ба тарбияи футболбозони хурдсол машғул гардад. Албатта, солҳои пеш низ ФФТ ба ин масъала диққат медод, муваффақиятҳо ҳам буданд. Аммо вақтҳои охир федератсия ин корро ба таври нав роҳандозӣ карда истодааст. Пеш аз ҳама, дар ду самт. Фароҳам овардани шароити замонавӣ барои тарбияи онҳо ва ба низоми муайян даровардани ташкили мусобиқоти футболи кӯдакону наврасон.
Федератсия академияи футболро бо ҳамон номи «Орзу – 2026» таъсис дод, ки бо парвариши кӯдакону наврасони лаёқатманд дар ду гурӯҳи синнусолӣ машғул аст. Ба онҳо панҷ мураббии дорои литсензияи «А» нозукиҳои ин бозиро меомӯзонанд. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани тамрини онҳо ба академия мутахассиси соҳибтаҷрибаи  ҷопонӣ Шимата Набуюкиро даъват кардем, ки беш аз як моҳ инҷониб машғулият гузаронда истодааст. Ҳамзамон, ҷиҳати дар академия боз як даста ташкил кардан масъулини федератсия дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба дарёфти истеъдодҳо машғуланд.
Бояд гуфт, ки то қабули барномаи номбурда дар ҷумҳурӣ Лигаи наврасон вуҷуд надошт. Айни замон Лигаи наврасони U15, U17 ва U18 ташкил дода шудааст. Тавассути мусобиқоти он футболбозони хурдсоли соҳибистеъдод кашф ва ба тими мунтахаби наврасон ҷалб мегарданд. Нахустин дастоварди академияи «Орзу - 2026» ин қаҳрамони Тоҷикистон шудани дастаи он дар Лигаи наврасон (U-15) дар соли 2017 мебошад.

НИЁЗ БА «ТӮБИ ЧАРМИН» КАМ НАМЕШАВАД
- Федератсия ин лигаҳоро ба ҷои мусобиқаи басо машҳури «Тӯби чармин» ташкил намуд?
- Албатта, не. Ин мусобиқа, ки дар аҳди шӯравӣ миёни бачаҳо маҳбубияти зиёд дошт ва дастаи Тоҷикистон дар он ғолиб ҳам омада буд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз нав эҳё карда шуд. Барои оммавият, аз хурдсолӣ ба варзиш ҷалб кардани кӯдакону наврасон чунин мусобиқаҳо ниҳоят заруранд. Айни замон дар сатҳи ҷумҳурӣ «Тӯби чармин» миёни мактабиёни синнашон 13-15 сола гузаронда мешавад. Ғайр аз он, чемпионати мамлакат миёни хонандагони мактаб-интернатҳо низ ба ҳукми анъана медарояд.
- Чӣ мушкилоти футболи кӯдакону наврасон федератсияро ба ташвиш меораду аз пайи ҳаллаш аст?
- Тавре мебинед, масъалаи оммавият дар ин зинаи аввалу асосӣ ҳал шудааст. Алъон масъалаи ба таври муосир интихоб ва омодасозии мураббиёни бачагон ба мадди аввал баромадааст. Ғайр аз ин, тарзи баҳодиҳӣ ба фаъолияти ин мураббиҳо куллан дигар карда мешавад. Меъёри баҳо на ҷойҳои ишғолкардаи дастаҳояшон дар мусобиқоти гуногун, балки теъдоди футболбозоне мегардад, ки онҳо барои мунтахабҳои мамлакат ва командаҳо омода кардаанд. Яъне сифати кор шарти аввал мегардад.

РАШТ НИҲОЯТ УЗВИ ФЕДЕРАТСИЯ ГАШТ
- Соли равон бори нахуст дар таърихи футболи тоҷик дар минтақаи Рашт федератсияи футбол таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур ниҳоят зарурӣ ва шоистаи таҳсин аст, зеро даҳсолаҳо ин минтақа аз «футболи калон» дур афтода буд. Изҳори умед мекунем, ки бо дастгирии бевоситаи ФФТ футбол ниҳоят дар ин водӣ низ рӯ ба ривоҷ мениҳад. Тадбирҳои нахустин аз чӣ иборат хоҳанд шуд?
- Мувофиқи барномаи «Орзу – 2026», пеш аз ҳама, ташкили  10 синфи махсуси футбол дар Истаравшан, Хуҷанд, Турсунзода, Ваҳдат, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва ду синф дар Душанбе дар назар аст. Дар Рашт низ. Ин кор дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш сурат мегирад. Дар ҳар синф то 23 кӯдаку навраси болаёқат ба тамрин фаро гирифта мешавад. ФФТ дар баробари дастгирии ин сохтори нав, дар бунёди инфрасохтори варзишӣ ва таъмини синфҳо бо мураббиён ва лавозимоти зарурӣ ёрӣ хоҳад расонд. Ин иқдом заминаи мусоид барои минбаъд ташкил кардани дастаҳои футбол дар ин минтақа мешавад ва умедворем, ки солҳои наздик аз Рашт низ дастаҳоро дар лигаҳои гуногуни кишвар мебинем.
Ғайр аз ин, дар Рашт маркази минтақавии омодасозии  футболбозон ташкил карда мешавад. Агар ҷиҳати оммавиятро гирем, федератсияи нав, пеш аз ҳама, ба ҳамин масъала диққат хоҳад дод, то ки ҳазорҳо кӯдакону наврасони Рашт ҳам дар мусобиқоти гуногун  имкони иштирок пайдо кунанд.

2. ТИМИ МУНТАХАБ – ЛИВОИ ФУТБОЛИ МИЛЛӢ
- Иқдоми ҷолиби ФФТ, ки соли 2017-ро Соли маърифати футбол эълон карда буд, чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ менамуд?
- Дар федератсия ва кулли сохторҳои он бояд танҳо кормандони ҳирфаӣ фаъолият дошта бошанд. Танҳо командаи «профи»-ҳо метавонад, он ҳадафҳоеро, ки дар «Орзу-2026» гузошта шудаанд, пиёда созад. Мақсад аз иқдоми зикршуда дар маҷмӯъ ҳамин буд. Дар давоми сол бо барномаҳои махсуси ФИФА ва КФО ва ҷалби коршиносони хориҷӣ барои мутахассисонамон курсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии такмили тахассус баргузор гаштанд.
Айни замон дар Тоҷикистон сертификати КФО иҷозатномаи «А» 63 нафар, иҷозатномаи «В» - 58 ва иҷозатномаи «С» - ро 165 нафар дошта, дар тимҳои лигаҳои олӣ, якуму дуюм,  дастаҳои  кӯдакону наврасон ва занон фаъолият мекунанд. Федератсия вақтҳои наздик дар асоси озмун се мураббии ҷавони лаёқатмандро барои гирифтани литсензияи «PRO» ба хориҷа мефиристад. Алҳол танҳо як нафар чунин дараҷа дорад. Бояд афзуд, ки баъдан онҳо барои таҷрибаомузӣ ба дастаҳои номии футболи кишварҳои Аврупо фиристода хоҳанд шуд.

ФУТЗАЛ БА МАКТАБ МЕОЯД
- Муваффақияти калонтарини мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирок дар бозиҳои чорякфиналии чемпионати Осиё соли 2007 ба ҳисоб меравад. Моҳи феврали соли равон дар Тайбейи Чин дар чемпионати навбатии қора футзалбозони тоҷик аз сабқати гурӯҳӣ берун омада натавонистанд. Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки онҳо дучори ҳарифони пурзӯр – тими Ҷопон (чемпиони секаратаи Осиё) ва Ӯзбекистон (дорандаи медали нуқраи чемпионати қаблӣ) шуданд. Яъне, футзали миллӣ алҳол аз осмон ситора намеканад. Ва ин дар манзари мавҷудияти беш аз 200 даста, панҷ сол инҷониб амал кардани Лигаи касбии футзал, баргузории чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон. Ба назар омилҳои асосии тими пурқувват мавҷуданд. Пас чӣ намерасад?
- Як мисол меорам. Дар лига дастаи «ДИСИ Инвест» - и Душанбе аз беҳтаринҳо маҳсуб меёфт. Чемпиони секаратаи ҷумҳурӣ, иштирокчии чемпионати даставии КФО. Соли ҷорӣ он дар лига баромадашро қатъ кард. Чунки маблағ надошт. Мисоли дигар. Дастаи «Равшан» - и Кӯлоб низ аз бақувватҳост, ҳаводорони зиёд дорад. Шояд бовар накунед, вале он бозиҳои хонагияшро на дар Кӯлоб, балки дар Данғара мегузаронад. Ҳарчанд дар Кӯлоб яке аз беҳтарин майдонҳои футзали ҷумҳурӣ мавҷуд аст. То ҳол савол беҷавоб монда, ки чаро дари он ба рӯи «Равшан» баста аст?!  
Вазифаи муҳиме, ки назди шуъбаи футзали федератсия гузошта шуд, ин рушди футзали кӯдакон ва наврасон аст. Мушкили умда набудани мактабҳо ва мусобиқоти футзал маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, аксар вақт бачаҳо ба ҷои ин намуд футболро интихоб мекунанд. Душвории дигар - мураббиён. Онҳо ниҳоят каманд. Сабаб – маоши ночиз ва дараҷаи пасти тахассус. Бо мақсади ислоҳи вазъият лоиҳаи «Футзал дар мактаб» таҳия гардид, ки ба ҷалби бештари кӯдакону наврасон, интихоби истеъдодҳои наврас барои дастаҳо, ба омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ омӯзондани асосҳои ин бозӣ мусоидат хоҳад кард.
 

ФУТБОЛИ СОҲИЛӢ ДАР МЕКӮБАД
- Дар барномае, ки мавриди суҳбатамон қарор дорад, чун яке аз самтҳои нав дар даҳсолаи стратегӣ тарғиб ва рушди футболи соҳилӣ нишон дода шудааст. Зарурати паҳнсозии футболи соҳилӣ, ки шояд ҳаводоронаш ҳам ангуштшумор бошанд ва барояш алҳол ҳатто дар пойтахт ягон шароит нест, дар чист?
- Ман гумон намекунам, ки футболи соҳилӣ ҳаводор надорад. Аслан ҳама гуна чизи нав бо душворӣ роҳ меёбад. Аксарият, пеш аз ҳама, ба футбол одат кардаанд, дӯсташ медоранд, худ бозӣ мекунанд. Бовар дорам, ки бо гузашти вақт аз ин миён мухлисони зиёди футболи соҳилӣ пайдо мешаванд.
Барои он тавассути лоиҳаҳои ФИФА ва КФО сохтмони чанд майдонча, ташкили курсҳо барои мураббиён ва таъминсозӣ бо лавозимоти зарурӣ дар назар аст. Федератсия дар навбати худ  нақшаи аз ҳисоби ҳаводорони он созмон додани дастаҳо, гузарондани мусобиқот, дертар бошад, таъсиси лигаи футболи соҳилӣ бо мақсади ташкили тими миллии Тоҷикистон ва ширкати он дар мусобиқоти қораро дорад. 


РУШДИ ФУТБОЛИ ЗАНОНА АЗ МАСЪАЛАҲОИ УМДАИ СТРАТЕГИЯИ ДАҲСОЛА
- Яке аз бахшҳои барномаи «Орзу – 2026» дар кишвар рушд додани футболи занона мебошад. Боиси тазаккур аст, ки айни замон ба футболи занона дар дунё беш аз 20 миллион нафар машғуланд. Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди духтароне, ки футбол бозидан мехоҳанд, ҳамчунин дастаҳои футболи занона, сарфи назар аз «нигоҳи каҷ» ва «муносибати сард»-и иддае аз мардҳо, торафт зиёд мешавад. Дар варзишгоҳи «Карон Арена» - и ноҳияи Дарвоз бо дастаи футболбоздухтарони тоҷик сурати хотиравӣ гирифтани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзӣ буда, дилпур месозад, ки таҳти  ҳомии Пешвои муаззами миллат ояндаи ин намуди футбол дар мамлакат нек аст.
- Сарвари давлат шахси ниҳоят варзишдӯст ҳастанд ва тавре ҳамагон солҳои сол шоҳидем, барои рушди кулли намудҳои варзиш дар ҷумҳурӣ, солимии миллат ғамхории пайваста мекунанд. Маҳз бо ҳидоят ва дастгирияшон дар шаҳру ноҳияҳои диёрамон варзишгоҳҳои муосир бунёд шуда истодаанд. Гузашта аз ин, тавре Сарвари давлат гуфтанд, тӯли се соли оянда дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дар баробари дигар иншооти гуногунтаъйинот майдончаҳои варзишӣ низ сохта мешаванд, ки ин имконияти бо футбол машғул шудани кӯдакону наврасонро  бамаротиб  боло мебарад. Дар ин кор барои ҳама пойтахти  кишвар намуна аст, ки  бо ташаббуси раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар кунҷу канори он  қариб 200 майдончаи варзишӣ сохта шуд ва ин кор идома дорад.
Акнун дар бораи он корҳое, ки тибқи стратегияи даҳсола бояд дар ин самт баҷо орем. Дар департаменти техникии ФФТ шуъбаи футболи занона таъсис дода шуд. Соли равон бо ташкили шаш даста – «Зебонисо»  (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Барқи Норак» (Норак), «Суғд» (Хуҷанд) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) Лигаи футболи занона ташкил ёфт. Онҳо аз ҷониби федератсия бо сарулибос ва лавозимоти зарурӣ таъмин гаштанд. Имсол аз ҳисоби бозигарони беҳтарини онҳо бори нахуст мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Осиё, тимҳои U-16 ва U-19 дар даври интихобии Чемпионати Осиё – 2019 иштирок хоҳанд кард. Зимнан, ин сабқатҳо дар кишвари мо доир мегарданд ва изҳори умед мекунам, ки мухлисони зиёд ба варзишгоҳ омада, аз дастаи миллӣ дастгирӣ хоҳанд кард.
Аз тадбирҳои минбаъда кушодани шуъбаҳои махсус барои духтарон дар мактабҳои варзиширо зикр кардан мехоҳам. Ҳамчунин, тайёр кардани мураббиён барои дастаҳои занона аз умдатарин масъалае мебошад, ки назди федератсия истодааст.

АЗ ҶУМЛАИ 50 МУНТАХАБИ БЕҲТАРИН БОЯД ШУД
- Лигаи миллӣ чор сол инҷониб фаъолият дорад. Он, пеш аз ҳама, масъули дар сатҳи баланд ташкил кардани чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон барои дастаҳои лигаи олӣ ва якум мебошад. Айни ҳол дар лигаи олӣ 8 даста баромад дорад. Шумо гумон намекунед, ки барои лига ин хеле кам аст?  
- Воқеан, теъдоди командаҳо кам аст. Ҳашт даста дар мавсим дар се давр ҳамагӣ 21 бозӣ мегузаронад, дигар вохӯриҳои расмию рафиқонаро зам кунем, қариб ба 30 бозӣ мерасад. Бо ин миқдор бозӣ на маҳорат сайқал меёбад, на пурбардоштии бозигар ба дараҷаи зарурӣ мешавад. Дар кишварҳои пешрафта дастаҳо дар чемпионаташон назар ба мо бештар вохӯрӣ мегузаронанд. Барои онҳо моҳе ё бештар дар ягон давлати хориҷӣ тамрин, дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок кардан мушкиле надорад. Мо на ҳамеша чунин имконият дорем.
Аз ин рӯ, теъдоди дастаҳоро дар лига камаш то даҳ расондан, бозиҳоро дар чор давр ташкил кардан зарур аст. Дар ин сурат имконияти бештар барои ҳунарнамоии хуби дастаи ғолиб дар мусобиқоти даставӣ барои Ҷоми КФО ва тими миллӣ дар чемпионати Осиё фароҳам меояд.
Аммо масъала боз сари маблағ меояд. Мутаассифона, дар мо баръакси дигар мамлакатҳо сарпарастии дастаҳои футбол аз ҷониби сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои азим, соҳибкорони доро роиҷ нашудааст. Ба ин шояд роҳбарияти тимҳо низ гунаҳгор бошанд. Зеро танҳо ташкили тамрину бозии дастаро вазифаи худ ҳисобида, бо маркетинг, рекламаи даста ва ҷалби мухлисон ба варзишгоҳ машғул шуданро умуман фикр намекунанд. Бо чунин мафкура дар футболи муосир команда дер намепояд. Даста бояд пул кор кунад. Ҳам бо бозияш, ҳам бо реклама, ҳам бо истеҳсоли молҳои брендӣ. 
Мо  бояд  бо   дастгирии   давлат,  шарикони   соҳибкор,  сарпарастон  ба  инфрасохтори хуб, суботи молиявии дастаҳо, тақвияти маркетинг барои ҷалби маблағҳо муваффақ шавем. Зеро ин имкон медиҳад, ки сатҳи ҳунарнамоии дастаҳои чемпионати миллӣ боло равад ва бошгоҳҳову дастаҳои мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовор баромад кунанд.
- Моҳи гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина боло рафта, ба ҷои 119 - ум баромад. Ҳама аз ин хурсанд шудем. Ҳол он ки фақат аз Туркманистон пеш буда, аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қафо ҳастем. Шояд вақти он расидааст, ки барои аз ҷумлаи 50 дастаи зӯртарини дунё шудан мубориза барем?
- Ба ин савол бо ғояи асосии барномаи “Орзу – 2026” ҷавоб мегӯям. Тӯли даҳ сол футболи ватанӣ бояд ба дараҷае рушд дода шавад, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон – 2026 иштирок кунад. Ва мутмаинам, ки ин қулла комилан фатҳшаванда аст.
- Ин орзуи деринаи тамоми мухлисони тоҷик аст. Комёбӣ мехоҳем.
 Мусоҳибон Хуршеди ҶОВИД, Маҳмуд ҶӮРАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 133

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед