logo

иҷтимоиёт

ВНМО. ҲАНӮЗ МУШКИЛИҲО ҶОЙ ДОРАНД

Бо вуҷуди аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидани чорабиниву ғамхориҳои пай дар пай дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҳанӯз ҳам он аз масъалаҳои муҳим ва ташвишовар боқӣ мемонад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтаргардонии хизматрасонӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси масунияти одам дар доираи барномаҳои ҳадафманд тадбирҳои мушаххас татбиқ менамояд.
Директори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ дар ноҳияи Рашт Шоҳин Лоиқов дар хусуси рафти пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии ин беморӣ мегӯяд, ки то имрӯз дар ноҳия 57 нафар ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 6   нафараш фавтидааст.  Аз аввали соли ҷорӣ  то имрӯз беш аз 1300 нафар аз ташхис гузаронда шуд.
Тибқи иттилои ӯ, маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои соҳаи тибби ноҳия  дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ як қатор корҳои санитариву маърифатӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳот оид ба роҳҳои гузариши бемории ВНМО, аз муоинаи ҳатмӣ гузарондани шахсони никоҳшаванда ва ба хато роҳ надодани шахсони масъул суҳбату вохӯриҳо гузаронданд.
Корвони саломатии аз тарафи беморхонаи марказии ноҳия ташкилшуда, ки дар ҳайати он кормандони маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО шомил буданд, ба 6 ҷамоати деҳоти дурдасти ноҳия сафари корӣ намуда, ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ёрии амалии худро оид ба ҳуҷҷатнигории пешгирии БНМО ва пурра фаро гирифтани занони ҳомила расонданд. Дар вақти сафари корӣ кормандони маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО аз 120 зани ҳомила хун гирифта, дар марказ аз муоина гузаронданд.
Дар ҳуҷраи диспансерии марказ ба 39 нафар бемор сари вақт доруҳои зиддивирусӣ дода шуд. Ҳангоми таҳлилҳои озмоишӣ, аз ҷумла ҳуҷайраҳои СД, сарбории вирусӣ (ВН)  аз 16 бемор хун гирифта, ба маркази ҷумҳуриявии ВНМО равон намуда,  баъди ташхис ба онҳо хизмат расонда шуд.
Шуъбаи эпидемиологии маркази бемориҳои ВНМО назорати эпидемиологиро ҷоннок карда, 21 нафар шахсони алоқамандро аз муоина гузаронданд, дар натиҷа 1 нафар кӯдаки гирифтори ВНМО муайян гардид.    
Боиси таассуф аст, ки зиёдшавии шумораи занони аз ВНМО сироятёфта низ ба назар мерасад. 16 нафар зан айни замон дар ноҳия гирифтори ҳамин беморӣ мебошад. Маълум мешавад, ки дар самти пешгирии беморӣ ҳанӯз ҳам мушкилиҳо вуҷуд доранд.
- Аз муоина оид ба ВНМО ба тариқи ТИФ (ИФА) нагузаштани кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва бо нишонаҳои клиникӣ оид ба бемориҳои ВНМО/БПНМ равон накардани беморон аз тарафи мутахассисони ноҳия ҳанӯз ҳам ба чашм мерасанд.  Итминон дорем, ки бо бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта хизматрасонӣ дар самти пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният беҳтар мегардад, - гуфт     Ш. Лоиқов.
  
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 207

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед