logo

иқтисод

ДАНҒАРА. САФИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ АФЗУДАН ДОРАД

Солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон рӯ ба рушду нумӯ ниҳода, ба шарофати сулҳу амонӣ ва фазои орому осоишта дар кишвар садҳо коргоҳҳову корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ, майдонҳои варзишӣ ва умуман, иншооти гуногуни иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо километр роҳ, ки асоси пешрафти иқтисодиёт мебошад, бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гашт. Дар натиҷаи ин сиёсати созандаи  Роҳбарияти Олии мамлакат, симои Тоҷикистони азиз ба куллӣ тағйир ёфта, беш аз пеш ободтару зеботар мегардад.
Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Ва айни замон, дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат, дар ноҳияи Данғара низ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва  ашхоси хайрхоҳу саховатпеша корҳои созандагӣ оғоз гашта, бо маром идома доранд. Дар иртибот ба ин, чанде пеш бо эҳтимоми яке аз нафарони ватандӯст ва ҳимматбаланду эҳсонкор Нуралӣ Арабзода 1,5 километр роҳи кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода мумфарш карда шуд, ки оғози марҳилаи нави тармиму таҷдиди роҳҳои мошингарди маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, Арабзода Н. тасмим гирифтааст, ки дар арафаи Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корхонаи асфалтбарорӣ бо иқтидори 200 метри мукааб дар як шабонарӯз ба истифода диҳад. Алҳол сохтмони он шурӯъ гардида, насби таҷҳизот ҷараён дорад.       
Ин иқдоми ҷавонмардонаи Нуралӣ Арабзода далели рӯшан ва барҷастаи дастгирӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои муаззами миллат аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Боиси зикр аст, ки маҳз дар натиҷаи ташаббусҳои бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат сол ба сол сафи чунин шахсони хайр-андешу саховатманд меафзояд ва онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон бештар саҳм мегузоранд, ки лоиқи пайравӣ ва намунаи ибрат аст.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 135

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед