logo

фарҳанг

АҲЛИ ҲУНАР ИЗЗАТИ ДИГАР ДОРАД

Миллати тоҷик чун мардуми шаҳрнишин аз қадимулайём ба касбу ҳунар ва ҳунармандӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Далели ин гуфтаҳо дар адабиёти шифоҳӣ ва хаттии ин мардум мавқеъ пайдо кардани мавзӯи ба аҳли касби ҳунар бахшида мебошад. Ҳанӯз мутафаккири асри ХI тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ ҳунармандон ё косибонро чун табақаи сарбаланд, бениёз ва хушбахти ҷомеа дониста, гуфта буд:
Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.

Зиёда аз ин, дар назми тоҷик ба ин соҳаи фаъолияти инсонӣ «шаҳрошӯб» ё «шаҳрангез» ном истилоҳе ихтисос дода шудааст.
Дар асрҳои минбаъда мавзӯи ҳунар ва ҳунармандӣ боз ҳам инкишоф ёфта, ба дараҷаи адабиёти доираи ҳунармандӣ мерасад ва ҳатто намояндагони барҷастаи адабиёти садаи ХVII чун Сайидои Насафӣ (бофанда), Мулло Обиди Мумтоз (хаттот), Мулҳами Бухороӣ (хиргоҳдӯз), Малеҳои Самарқандӣ (оҳангар), Фитрати Самарқандӣ (зардӯз)  худ аҳли ҳунар буданд ва мисли достони «Толиб ва Матлуб» («Козурписар»-и Фитрати Зардӯз) асарҳо офариданд, ки симоҳои асосии онҳо пешаи косибӣ доштанд. «Козурписар» дар асри ХVII аз дилангезтарин қиссаҳои ошиқона ба ҳисоб мерафтааст.
Яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷик дар асри ХVII Сайидои Насафӣ маҳсуб меёбад, ки ин суханвар дар баробари моҳирона идома додани суннатҳои адабӣ бо навгониҳо ва тозакориҳо дар рушду нумӯи назми классикӣ саҳми муносиб гузоштааст. Муҳимтарини ин навгониҳо ба дараҷот инкишоф додани мавзӯъҳои ҳунар ва ҳунармандӣ, васфу ситоиши меҳнату меҳнаткаш ва эҷоду эҷодкор ба шумор меравад. 
Шоир дар тарғибу ташвиқи касбу ҳунар аз ин санъати бадеӣ басо моҳирона ва воқеъбинона истифода кардааст:
Сайидо, аҳли ҳунар иззати дигар дорад,
Нарасад оҳуи ваҳшӣ ба ғизоли хутанӣ.

Ё худ:
Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри Кӯҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.

Агар дар байти аввал мартабаи волои аҳли ҳунар дар ҷомеа тавассути бартарии ғизоли хутанӣ бар оҳуи ваҳшӣ корбурд шуда бошад, пас дар байти дувум имконияти номаҳдуди ризқу рӯзии соҳибҳунар тавассути далели воқеии ҳолати соҳибҳунар таъкид меёбад. Ҷолиб аст, ки шоир тарафдори ақидаи ба ҷаҳду талош вобаста будани ризқу рӯзии инсонҳо мебошад.
Агар дар ғазалиёти Сайидо мавзӯи ҳунар ва ҳунармандӣ дар байтҳои алоҳида корбаст шуда бошад, пас дар ҳар кадом маснавии ба аҳли ҳунар бахшида як навъи ҳунар васф мешавад ва дар он истилоҳҳои хосси ҳамон соҳа дар перояи нафиси бадеӣ корбурд мешавад.
Шоир дар маснавиҳои ба ҳунармандон бахшида аз ташбеҳ, истиора ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ басо моҳирона ва нозукона истифода кардааст, ба дараҷае, ки ба хонанда завқи эстетикӣ бахшида, боиси дарки пурраи мавқеи иҷтимоӣ ва моҳияти фарҳангии аҳли ҳунар мегардад.
Бояд гуфт, ки ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар шакл ба маснавӣ маҳсуб бошанд ҳам, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво қасидаи мадҳияро ба хотир меоранд. Ӯ чун намояндаи аҳли ҳунар ба ҳунармандон таваҷҷуҳи зиёд дошта, ба ин мавзӯъ бо навиштани силсилаи шеърҳо иктифо намекунад ва боз «Шаҳрошӯб» ном асаре меофарад, ки дар он тамоми ҳунарҳои дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанди аҳди шоир ҷорӣ ёдоварӣ ва тасвир мешаванд.
Дар асар 212 навъи ҳунар ва ҳунармандон, чун заргар, ҳалвогар, бофанда, кулол, дарзӣ, кафшдӯз, тоқидӯз, хаймадӯз, бахядӯз, ёдовар шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз 1 то 8 - байтӣ бахшида мешавад.
Агар силсилаи ашъори ба ҳунармандон бахшида вазни ягона дошта бошанд, пас шеърҳои «Шаҳрошӯб» вазни ягона надоранд, вале аксари ин порчаҳои шеърӣ дар баҳри рамали мусаммани маҳфуз ё мақсур эҷод гардидаанд.
Дар ҳақиқат, фарқи асосӣ ва ҷиддии ашъори «Шаҳрошӯб» - и Сайидо дар системаи нави образҳо ва истилоҳоту лексика ва умуман, офаридани образҳои марбут ба фаъолияти ин ё он навъи ҳунар мебошад. Шоир дар ифодаи касбу ҳунар ва намояндагони он аз тасвирҳои обшустаи анъанавӣ даст кашида, ҷузъиёти воқеӣ ва лаҳзаҳои мушаххаси зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии ҳунармандонро ба кор бурда, бо ҳамин реализми ашъорашро тақвият мебахшад, ба дараҷае, ки хонандаи имрӯз зиндагӣ, фаъолияти рӯзмарраи ҳунармандон ва вазъи бозори шаҳрҳои асримиёнагиро басо амиқ ва возеҳу равшан пеши назар меорад. Тавассути «Шаҳрошӯб»-и Сайидо номи бисёр касбу пешаҳоеро, ки бо гузашти замон ва вобаста ба такмилу механиконии дастгоҳҳои меҳнатӣ аз байн рафтанд, барқарор кардан зарур мешавад, ки ин иқдом дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар ҳаёти фарҳангии мардуми мо саҳифаи тозае хоҳад шуд.

Аламхон КӮЧАРОВ,
узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 89

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед