logo

иқтисод

СУҒД. БУНЁДКОРИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи иқдоми наҷиби “1300  рӯзи ободонӣ ва созандагӣ”, ки  ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввали фасли баҳор дар вилояти Суғд эълом шуда буд, дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят  барномаҳои мушаххаси созандагӣ  таҳия гардида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, қасрҳои фарҳанг, мактабу бемористон, майдону толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар иншооти муҳими дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд меёбанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд,  дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 22 корхонаи истеҳсолии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ идома дорад.
Иқдоми Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе,  оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳар маҳалла ва  назди биноҳои истиқоматии шаҳри Гулистон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ ёфт ва 7 майдончаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. То охири сол дар шаҳр сохта ба истифода додани  боз 25 майдончаи дигар ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Мастчоҳ низ солҳои охир барои ободиву хуррамии маркази ноҳия ва деҳот тадбирҳои судманд меандешанд. Имрӯз шаҳраки Бӯстон ба як маркази сохтмонӣ табдил ёфтааст. Ғайрат Азизӣ, раиси ноҳия, зимни суҳбат аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки солҳои охир ба шарофати  дастовардҳои иқтисодӣ ноҳия ободу шукуфон мешавад. Шаҳраки Бӯстон – маркази ноҳия басо дилрабо гаштааст. Хиёбони  Исмоили Сомонӣ тамоми фаслҳои сол  идгоҳи мардум ва мавзеи баргузории чорабиниҳои оммавию фарҳангист. Соли равон  сокинони Бӯстон соҳиби қасри нави фарҳанг ва варзишгоҳи замонавӣ бо 12 ҳазор  ҷойи нишаст мешаванд. Қасри фарҳанг бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат қомат рост хоҳад кард. Он дорои 1000 ҷойи нишаст буда, аз ҷумлаи ҷолибтарин иншоот дар миқёси кишвар хоҳад шуд. Дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо маблағгузории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои таълимии сеошёна барои 720 хонанда бунёд меёбад. Соҳибкор Сафия Ҳасанова тасмим гирифтааст, ки бо маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ барои тифлакон ва наврасони шаҳраки Бӯстон маркази фароғативу фарҳангии “Бӯстон”- ро сохта ба истифода диҳад. Чун дар дигар марказҳои шаҳру навоҳии мамлакат акнун дар Бӯстон низ Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 50 метр партавфишонӣ хоҳад кард. Дар ҷараёни сафари корӣ раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода яке аз мавзеъҳои зебои маркази ноҳияро барои бунёди сутунпояи парчам интихоб кард.
Мардуми Мастчоҳ аз қадим ба гӯштигирӣ таваҷҷуҳи хосса доранд, аз ин рӯ, бисёр соҳибкорони ноҳия ният доранд, ки дар маҳалҳои зисти худ толорҳо барои мусобиқаи гӯштигирӣ бунёд намоянд. То охири соли равон чунин як толори зебову барҳавои дорои  400  ҷойи нишаст бо номи “Паҳлавонони Суғд” ба ихтиёри дӯстдорони варзиш супурда  мешавад, ки ба рушди бештари ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард.
Имсол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат роҳи 16 - километраи мошингарде, ки маркази ноҳияи Деваштичро бо шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чанак мепайвандад,  пурра таъмиру навсозӣ мешавад.  Барои анҷом додани корҳои таъмиру тармим  25 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Як иншооти дигар, ки сокинони ноҳияи Деваштич ба он ниёз доранд, ин бинои сохтмонаш нотамоми таваллудхонаи марказии ноҳия барои 100 кат мебошад. Бинои мазкур аз 84 ҳуҷра иборат буда, то охири сол бо тамоми таҷҳизоти ташхисию табобатии муосир таъмин карда мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Яхтан сохтмони бинои таълимӣ барои таҳсили 620 хонанда  оғоз ёфтааст.Тибқи иттилоъ, рӯзҳои наздик дар маркази ноҳия сохтмони  бинои нави маркази адлия ҳам оғоз меёбад.
Дар ноҳияи Спитамен низ ба шарофати дастгирию ғамхории давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра аз таъмиру тармим бароварда, ҳамчунин, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ сохта мешаванд Дар деҳаи зебоманзари Андарсой хишти нахустини сохтмони мактаби нав барои 640 хонанда гузошта шуд.  Барои дӯстдорони варзиши Ҷамоати деҳоти Истиқлол - деҳаи Саидқалъа  бо маблағгузории соҳибкор Каримҷон Исмоилов толори замонавии варзиш бунёд ёфт. 
- Ман  ифтихор дорам, ки ин иншоотро барои ҷавонони деҳа чун армуғон пешкаш месозам. Ҷавонон бояд ба варзиш машғул шаванд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд ва барои ободии кишвар талош варзанд, - иброз дошт соҳибкор.
Чанд сол аст, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки Навкат сохтмони бинои сеошёнаи китобхона ва осорхона ба таъхир афтодааст.  Баъди муроҷиати шаҳрвандон раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дастури қатъӣ дод, ки бинои мазкур дар муҳлати муқарраршуда  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. 
Панҷакенти бостон, бахусус солҳои охир, хеле дилрабову хуррам ба назар мерасад. Сулҳу ваҳдат замина гузошт, ки иқтисодиёт рушд кунад, соҳибкорӣ ривоҷу равнақ ёбад.
- Бешубҳа, ҳамаи ин дастовардҳо самараи бевоситаи талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллатанд. Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  хурду калони шаҳр барои ҳиссагузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ талош доранд. Роҳу пулҳо месозанду боғҳои нав бунёд мекунанд, то ки диёрашон боз ҳам обод, ризқашон фаровон, дастархонашон пурнозу неъмат бошад, - таъкид менамояд Ислом Шафеиён,  раиси шаҳри Панҷакент.
Дар доираи иқдомҳои  ободкорӣ дар Панҷакент то ҷашни бузурги миллӣ иншооти  зиёд, аз қабили биноҳои истиқоматӣ, марказҳои табобатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, варзишгоҳҳо, толорҳо сохта ба истифода дода мешаванд. Сохтмони муассисаи томактабии № 8, бинои маркази фарҳанг, бинои бисёрошёнаи маркази тиббӣ ва хизматрасонӣ дар маркази шаҳр ва бунёди ҳавзи обнигоҳдорӣ барои барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокии деҳаи Оби Борики Ҷамоати деҳоти Моғиён, ки дар семоҳаи дуюми соли равон анҷом ёфт, аз ҷумлаи чунин  армуғонҳо баҳри ободӣ ва осудагии мардум мебошанд.

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 219

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед