logo

сиёсат

ВАТАН ВА САДОҚАТИ РОСТИНИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  эътибори хосса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Махсусан, эътимод ба Ватан ва дар ин замина ободу шукуфон гардондани он бояд таълим дода шавад. Адиби маъруфи тоҷик Саттор Турсун дар ин маврид навиштааст: “Ватанро дӯст доштан кам аст, ба вай эътибор додан ҳам хидмати чандон кироӣ нест. Маҳаки ростини садоқат ба Ватанро танҳо аз мағзи эътимод меёбем”.
Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 - уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохт. Маҳз пойдории  ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро орому осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Камоли ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ноором пурра ба ояндаи кишвари ҷангзада бовар кард. Бисёриҳо бовару эътимодро ба Ватан тамоман фаромӯш карда, ҳатто вазифаҳои давлатию ҷамъиятиро бар дӯш нагирифтанд. Аммо дили рӯшану хушбовари Пешвои миллат ба некӣ метапид, медонист, ки Тоҷикистон ба зудӣ аз гирдоби ҷанг раҳоӣ меёбад.
Боз ҳам бо бовар ҳангоми сухарони-ҳояшон чандин маротиба аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷангу пархош ба сиришти тоҷикон бегона аст. Аз ин рӯ, ҳоло, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.
Дар Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон ҳам ҷиҳати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ва пешгирии ҳуҷумҳои иттилоотии ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва дигар ташкилотҳои манъшуда аз ҷониби гурӯҳи иттилоотӣ ва омӯзгорону кормандон тавассути шабакаи интернет пайваста мақолаю  вокуниш ва изҳорот паҳн гардид.
Моро зарур аст, ки фирефтаи дасисаҳои  сиёсӣ нашуда, баҳри ободии Ватани азизи худ саъю кӯшиш намоем. Дар атрофи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Бо илму амали созандаи худ дар пойдории истиқлолияти кишвар хиште гузорем. Пешвои миллат дар ин маврид таъкид кардаанд: “Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд”.
Рисолати мо аҳли илм ва омӯзгорон аз он иборат аст, ки умедворию эътимоди Президенти мамлакатро бо фаъолияти самарабахши худ амалӣ намоем. Дар ин самт аз ҷониби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Муҳим дилгармӣ ба кор ва эътимоди қавӣ ба Ватан аст.

М. ФОЗИЛЗОДА, 
ректори Донишкадаи
кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1..08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 170

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед