logo

туризм

САРАЗМ - МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову  нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Саразм дар маркази водии Зарафшон ҷойгир буда, яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни фарҳанги ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Дар асоси  таҳлилҳои бостоншиносӣ ба хулоса омадан мумкин, ки чун Саразм маркази иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ҳоло ёфт нашудааст.
Дар бораи  таърихи Саразм аввалин бор олими бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти  сокини  деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) Ашӯралӣ Тайлонов  маълумот медиҳад. Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972  дар  вақти  сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо карда, чаҳор сол дар хонааш нигоҳ медорад. Соли 1976 бозёфтро  ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронд, супурд. Аз ҳамон вақт Саразм мавриди омӯзиш қарор дорад.
Саразм димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи IV – II то милод) буда,  15 километр  дуртар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 – 100 гектар. То соли 1985 бостоншиносони тоҷик 4 бино ва 10 хандақи Саразмро ошкор намуданд. Масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз 7 хона иборат  аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метри мураббаъ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад.  Девораш похсагин.  Масоҳати бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад.
Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи  санъати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад.  Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯ ҷой гирифтани  даромадгоҳҳо, се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи  нақшаи махсус сохта шудааст.
Деворҳои бино 35 – 75 сантиметр ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст. Дар ҳавлӣ танӯру оташдон сохтаанд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доранд, ки аз дохили онҳо асбоби рӯзгор ва осори  фарҳангӣ ёфт шуданд.  Бинои чаҳорум 18 хонаро  дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ кашф гардид. 
Аҳолии Саразм асосан  бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ  ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул  будаанд. Мис  ва  қалъагиро даромехта табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Либоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм   коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо рангҳои сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои  соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб ва давлати Ҳинд  робитаи тиҷоратӣ доштаанд.
Саразм ҳафриётгоҳи байналмилалист ва ин ҷо ғайри тоҷикон, фаронсавиҳо, испаниҳо, афғонҳо, ӯзбекҳо, русҳо, яҳудиҳо ва дигарон кор карда, дар омӯзиши шаҳри бостонӣ саҳм гузоштаанд.
Бостоншиносони фаронсавӣ таҳти роҳбарии Ролан Безенвал аз соли 1984 то ин дам  мунтазам ба Саразм меоянд. Барои ҳафриёт ба онҳо бинои алоҳида ҷудо карда шудааст. Фаронсавиён 400 метри  мураббаъ майдони бинои номбурдаро кушоданд. Бояд гуфт, ки бинои II мисли биноҳои  дигари Саразм чор давраи биношавӣ дорад, ки ҳар яке аз рӯи олоти  меҳнат аз якдигар фарқ мекунад. Ролан Безенвал дар  рафти ҳафриёт бозёфтҳои зиёдеро дастрас намуд. Яке аз бозёфти назарраси вай ин осори хонаи истиқоматӣ мебошад, ки  ба ибтидои санъати меъмории ниёгонамон рост меояд. Як муҳри қӯрғошимӣ ёфт шуд, ки дар муайян намудани робитаи иқтисодӣ ва тиҷоратии водии Зарафшон бо кишварҳои Шарқи Наздик аҳамияти махсусро дорост.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 - 2005) ба Саразм ташриф оварда, ба корҳои таъмиру тармим эътибори махсус доданд. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» - ро қабул карда, дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқи тоҷик эътибори махсус медиҳад. Ҳоло дар кишвари мо зиёда аз 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ  мавҷуд  буда, яке аз онҳо Саразм мебошад ва  бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2020 - ум  5500 - солагии ёдгории мазкур ҷашн гирифта мешавад.

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология ва этнографияи
халқи тоҷики  факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ 
ба номи Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 127

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед