logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ВУСЪАТИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРИҲО

Дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъат гирифтаанд.

Тибқи иттилои мудири бахши рушди иҷтимоии ноҳия Шодӣ Раҳмонов, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 2, 8, 11, 15, 21, 31, 54 ва 57-и ноҳия, 5 майдончаи варзишии замонавӣ дар маркази ҷамоатҳои деҳот, инчунин, пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони Боло, қад-қади роҳҳо сохтани инфрасохтори сайёҳӣ, сангфарш намудани роҳҳои байни деҳаҳои Арғанкӯл, Зувай, Миёнаду, Дараи Себак, Убараи Азоб ва Ҷур оғоз гардидааст. Айни ҳол бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 30 - 50 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур  ба анҷом расидаанд.
Дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия аз тарафи ташкилоту муассисаҳо 18 шиору овеза насб карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №156 нақшаи генералии маркази ноҳия то соли 2030 тасдик гардидааст ва иншооти муҳимтарин дар самти мазкур дар доираи ин санад сохта ба истифода дода мешаванд.
Пули мошингузари деҳаи Пағула мавриди истифода қарор гирифта, роҳи деҳаи Зуғара таъмиру таҷдид гардид. Сохтмони коргоҳи қаннодӣ ва тарабхона дар деҳаи Тавилдара, бунгоҳи тиббӣ ва ҳаммом дар деҳаи Сариҷангал, нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Лангар, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Дашти Шер, маркази савдо ва  ошхона дар деҳаи Чилдара, коргоҳи коркарду бандубасти мева дар деҳаи Дашти Ғурк то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда мешавад.
Аз ҷониби бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ 106  иҷозати сохтмон дода шудааст, то ҳар яке дар ободсозии ноҳия, бахусус сохтани иншооти хизматрасонию маишӣ, саҳм бигиранд.
Корхонаи фаръии “Лоиҳакаш” давоми соли равон таҳияи 31 лоиҳаро ба анҷом расонд. Аз ин ҳисоб ба суратҳисоби махсуси корхона 20 ҳазору 400 сомонӣ ворид гардид.
Айни ҳол дар маркази ноҳия барои қабули сайёҳону меҳмонон шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, хизматрасонии  меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ хеле беҳтар шудааст.

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 411
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед