logo

иқтисод

ДОРУСОЗӢ. АЗ ИМКОНИЯТҲО ФАРОВОН ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ, ЧАРО?

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таҳия ва амалисозии тадбирҳои гуногун иқдом намуд, ки бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизондани озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавии хадамот, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон, ташкили вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар бораи пешгирии қочоқи маводи доруворӣ аз ин шуморанд.

Тавре Султон Бекмуродзода, сардори хадамот, ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи нави дорусозӣ мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Аввалан, дар бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ барои анҷом додани корҳои бунёди сохтмон, мувофиқгардонии ҳуҷраҳо ба хати истеҳсолӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору, дастрасӣ ба ашёи хом, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тарбия ва ҷобаҷогузории кормандон маблағ ва вақти зиёдро талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ маъмулан танҳо баъди 4 - 5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол намояд.
Қабл аз ҳама бояд корхонаи истеҳсолӣ ба манбаи ашёи хом, инчунин, ба бозори истеъмолӣ наздик бошад, он гоҳ истеҳсолоти бетаваққуфи маҳсулоти дорои арзиши камтари аслӣ таъмин мегардад. Тоҷикистон махзани табиии рустаниҳои доруӣ аст, аз ин рӯ, дар асоси захираҳои табиӣ - рустаниҳои худрӯй ва парваришшаванда ба роҳ мондани истеҳсолот айни муддао мебошад. Барои ин мақсад бояд хоҷагиҳои махсусгардонда оид ба парвариш, нигоҳубин, ҷамъоварӣ, захирасозӣ, коркарди аввалия ва таҳияи субстансияю маҳсулоти нимтайёр аз рустаниҳо то ба истеҳсолоти маҳсулоти тайёр расондан ташкил карда шаванд, - гуфт С. Бекмуродзода.
- Тоҷикистон дар соҳаи дорусозӣ дар сурати фароҳам овардани заминаи созгор метавонад мақоми сазовор дошта бошад. Ҳангоми мусоидат намудан ба фурӯши маҳсулоти ин корхонаҳо дар давоми ду - се сол метавонанд бо имконияти молии худӣ иқтидори истеҳсолиашонро такмил диҳанд. Аввалин ҳадафе, ки дорусозони ватанӣ бояд анҷом диҳанд, ин бо маводи аввалияи доруворӣ ва тиббӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад. Хурсандиовар аст, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Сарвари давлат дар мавриди рушди саноати дорусозии кишвар ба ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат намуда, боиси рӯҳбаландии соҳибкорон гардид, - иброз дошт Маҳмадалӣ Давлатов, сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ.
Воқеан, ҳоло 27 ширкати кишвар истеҳсоли зиёда аз 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд. Корхонаҳои «Тиб барои шумо», «Шаҳром - 2010», «Ясмина мед», «Кӯҳҳои Тоҷикистон», «Аввалин», «Фароз», «Амон - Ш», «Фарм Суғд» ва «Вежа фармасевтикал» аз ҷумлаи ин ширкатҳои дорусозӣ мебошанд ва ҳар кадоме аз 8 то 80 номгӯй маводи доруворӣ истеҳсол менамоянд. Аксари доруҳои истеҳсолшуда аз бобуна, чойкаҳак, барги зуф, бӯйи модарон, коснӣ, решаи ширинбия, решаи чоқила, меваи хуч, самари дӯлона, пудина ва гиёҳҳои дигари шифобахши ватанӣ таркиб ёфтаанд. Аз доруҳои ампулагӣ новокаин, лидокаин, димидрол, аналгин, папаверин, инчунин, гурӯҳи витаминҳои В, маҳлулҳои инфузионии глюкоза, хлориди натрий, маҳлули Рингер, метрогил ва ғайра алҳол дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд.
Яке аз роҳҳои пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифату қалбакӣ омӯзиши таҷрибаи дигар мамлакатҳо, дар баробари ин, ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. Маҳз дар асоси ашёи хом ва субстансияҳои ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ назорати онро дар тамоми марҳилаҳо - аз истеҳсолот то муомилот осон мегардонад.

Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 635
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед