logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Соҳиб Табаров, узви Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи беш аз 800 рисола, мақола, тақриз, эссе, дастурамалу барномаҳои таълимӣ,  китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 китоби илмӣ – тадқиқотӣ мебошад. Агарчи умри дароз, яъне беш аз 90 сол дид, аммо аксар бо ранҷу азоб, талошу мубориза гузаштааст. Аз ҷавонӣ шиква надошт ва мегуфт, ки дар ин даврон офтоби толеаш дурахшидааст.
Соли 1934 ё худ дар даҳсолагӣ, пас аз ду соли таҳсил дар хонаи бачагони ноҳияи Муъминобод, ба хонаи бачагони Тебалайи шаҳри Кӯлоб омад. Изҳор медошт: «Аз ҳамон сол роҳи ояндаи худро муайян кардам. Ин ҷо моро на танҳо таълим медоданд, балки тарзи зист, муомилаву муносибат, ахлоқу одоб, гуфтору кирдорро меомӯзонданд».
Дар омӯзишгоҳҳои педагогии Самарқанд, Панҷакент, Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсилро идома медиҳад.
Дар рушду камолаш устодон Шарифҷон Ҳусейнзода ва махсусан, Абдулғанӣ Мирзоев саҳм доштанд.
Навиштаҳояш аз соли 1938, яъне он замон, ки дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард, дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд. То ба охирин рӯзҳои ҳаёташ алоқаашро аз матбуот наканд. Мехост ба ин васила сари вақт дар боло рафтани дониш, шинохти ҳақиқат, ислоҳи камбудиҳо, рушди адабиёт ва адабиётшиносӣ саҳми дуруст бигирад.
Ба пурсиши инҷониб, ки «кӣ мунаққид шуда метавонад?» чунин посух дода буд: «Агар бепарда гӯям, танҳо одами боҷуръат мунаққид шуда метавонад. Дониши мунаққид бояд хеле комил  бошад, ҳатто дар муқоиса ба шоиру нависандаву  драматург ҳам ва соҳаҳои гуногуни адабиёту адабиётшиносиро донад. Мунаққид бояд ҳеҷ гоҳ ба вазифаву зодгоҳу маҳали адиб аҳамият надиҳад. Танҳо ҳақиқат ва ҳақиқатро бигӯяд».
Ин сифатҳоро худ доро ва дар соҳаи мазкур забардаст буд. Аз ин рӯ, «Белинскийи тоҷикон» - аш мегуфтанду мегӯянд.
Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дар бораи Соҳиб Табаров навишта буд: «Вай дар арсаи адабиёт умуман, дар доираи фарҳанги миллат низ пайгир, ҳақталош, нотарс ва  яклухту якрӯй буд. Ва ҳаст...» (Ҷумҳурият», 22 ноябри соли 2002»).
Аз соли 1949 номзади илмҳои филология, аз соли 1951 нахустин дотсенти кафедраи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1953 узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд.
Аз суханони ӯст: «Курси «Назарияи танқиди адабӣ»-ро, ки дар тамоми дунё набуд, гузаштам, барномаашро тартиб додам, китобашро навиштам. Ин сабаб шуд, ки се китобча дар бораи назарияи танқиди адабӣ бинависам. Агар гӯед, ки асосгузори илми назарияи танқиди адабӣ дар Тоҷикистон Соҳиб Табаров аст ва он даҳ кори докторӣ мешавад, бешӯхӣ, хато намешавад. Шумо дар куҷо «Асосҳои назарияи танқиди адабӣ» - ро пайдо карда метавонед? Ба забони русӣ ҳам ин гуна адабиётро наёфтам, ба забони англисӣ ҳам. Аз рӯи ин се китоби ман ҳоло дарс мегузаранд».
Ба ҷуз ин, дар адабиётшиносӣ чандин мактаб, аз қабили матншиносӣ, адабиётшиносии муқоисавиро асос гузошт.
Мегуфт, ки кас дар пирӣ на нонгадо, балки одамгадо мешавад. Ва ҳам изҳор медошт: «Агар медонистам, ки ин қадар зуд пир мешавам, ду - се баробар зиёдтар кор мекардам». Таъкид менамуд, ки «Таърихи адабиёти тоҷик», таърихи саҳеҳу дурусти онро аз оғоз то ба имрӯз навиштан зарур аст ва ба эҷоди ҳар адиб аз рӯи ҷойгоҳашон дар адабиёт бояд баҳо дод.
12 майи соли 2015 дунёро падруд гуфт.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 515
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед