logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. САМАРАИ БЕШ АЗ 500 ЧОРАБИНӢ ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 500 чорабинии ҷумҳуриявию байналмилалии илмӣ - иттилоотӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ ва сайёҳӣ - истироҳатӣ баргузор карда шудааст, ки мақсад аз онҳо муаррифии иқтидори ғании кишвар аз ҷиҳати табииву таърихӣ дар дохилу хориҷи мамлакат ва бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба таври муфассал иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, бахусус Форуми байналмилалӣ дар осоишгоҳи “Зумрад” ва Фестивали «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ниҳоят пурсамару манфиатбахш буданд.
Баргузории Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара бо иштироки ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Чин имкон фароҳам овард, ки миёни ширкатҳои ватаниву хориҷӣ беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расида, барои ворид гаштани шумораи зиёди сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар заминаи ин ҳамкориҳо, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, дар шаш моҳи охир танҳо аз Ӯзбекистон беш аз 387 ҳазор сайёҳ ба тамошои Тоҷикистон омаданд. 
Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» бошад, ки имсол дар Душанбе бори аввал баргузор гардид, шумораи зиёди сайёҳонро ба кишвар ҷалб намуда, дар он ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Чорабинии мазкур, инчунин, барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби бештари онҳо ба кишвари мо нақши бузург гузошт. Натиҷаи ҳамин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2018 ҳудуди 530 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахшу истироҳатгоҳҳо ва табиати нотакрору мафтункунандаи Тоҷикистон дидан намуданд.
Барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим доштанд. Аз ҷумла, Намоишгоҳи байналмилалии ITB-Берлин, ки калонтарин чорабинии намоишии ҷаҳон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, қобили зикри хос аст. Масъулони бахши сайёҳӣ зимни муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии кишварамон дар самтҳои туризми экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор доираи васеи ширкаткунандагони ин намоишгоҳи бонуфузро тавассути маводҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мутаваҷҷеҳи табиати нотакрори Тоҷикистон намуданд. Ҳамин буд, ки ҳангоми ҷамъбасти ҷоизаи “100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018” минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид ва дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҷойи аввалро сазовор шуд.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои чашмраси соҳаи сайёҳии мамлакат самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ин самт ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ноил хоҳад гашт.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 265

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед