logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК РӮ БА РУШД АСТ

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди соҳаи саноати сабук, ки қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил медиҳад, якҷо бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 7,4 дарсадро ташкил дод. Дар корхонаҳои соҳа ба маблағи 772 миллиону 385 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар соҳаи саноати сабук қариб 20 номгӯи асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ ба 16365,9 тонна расид. Дар корхонаҳои ресандагӣ бошад, 8540 тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардид. Корхонаҳои бофандагӣ 2169,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол намуданд. Корхонаҳои «Ҷавонӣ», «ИИ Нассоҷии тоҷик», «САТН», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Нассоҷи Хуҷанд» матоъҳои пахтагини рақобатпазир истеҳсол намуда, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолоти худӣ, ҳамзамон, ба хориҷи кишвар матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ содир менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ, дар «Нассоҷи Хуҷанд», «Ҷавонӣ» ва «САТН» истеҳсоли матоъҳои омехта (пахтагин ва полиэфирӣ), ҳамчунин, рангубори онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ танҳо аз ҳисоби корхонаю марказҳои истеҳсолию таълимӣ 21,1 ҳазор метри мураббаъ адрас истеҳсол гардидааст. Корхонаи «Атласи Хуҷанд» 10 ҳазор метри мураббаъ атлас истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 ҳазор метри мураббаъ  зиёд аст. Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ 33 дарсад зиёд гардида, ба 132,6 миллион сомонӣ расонда шуд. Корхонаю коргоҳҳои соҳа 321397 адад либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли гузашта 201626 адад зиёд мебошад. Дар назди корхонаҳои азими истеҳсолии «ИИ Нассоҷии тоҷик», «Гулистони Душанбе», «Даҳбед-Д», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Нассоҷи Хуҷанд» ба таври доимӣ марказҳои намоиш - фурӯши либосҳои мактабӣ амал мекунанд.
Корхонаҳои мебелбарорӣ (суръати афзоиш 23,9 дарсад), қолинбофӣ (358 ҳазор метри мураббаъ зиёд), ҷӯроббофӣ (наздики ним миллион ҷуфт зиёд) ва пойафзолбарорӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Айни ҳол дар корхонаҳои соҳа ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Ҷиҳати истеҳсоли бештари маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, барои ҳоҷиён, барои кӯдакони навзод, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, кимоно, рахти хоб ва маҳсулоти ҳунарҳои нафиса), ҷӯроб, қолин, мебел ва халта тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.
Корхонаҳои соҳа дар нимсолаи якуми соли равон барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои кор ба маблағи 163,6 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот ворид намудаанд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 107

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед