logo

сиёсат

САРВАТИ ИНСОНӢ. АГАР АЗ ОН ДУРУСТ ИСТИФОДА БИКУНЕМ

Солҳои пеш одамон ҳавас мекарданд, ки магнитофонҳои ҷопонӣ дошта бошанд. Баъдтар ҷои онҳоро видеомагнитофонҳо гирифтанд, телевизорҳои плазмавӣ мӯд шуданд. Навъҳои беҳтарини ин гуна молҳо ҳама аз Ҷопон  буданд. Ҳоло низ  ҷопониҳо дар истеҳсоли компютер, телефон, таҷҳизоти тиббӣ, автомобил, техникаҳои гуногун ва хеле чизҳои дигар ҳамто надоранд. Маҳсулоти онҳо назар ба ҳамин гуна молҳои давлатҳои пешрафта арзонтар аст. Аз ин рӯ, харидоронашон дар олам бисёранд. Ҳоло ҳам барои мо моли ҷопониро ба даст овардан ба маънои чизи беҳтаринро соҳиб шудан аст.
Ҷопон дар  гузаштаи начандон дур, солҳои пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон як давлати ақибмондаи феодалӣ ва номаш ҳам он қадар маъруф набуд. Ин давлат аз лиҳози сарватҳои табиӣ хеле камбағал аст. На оҳан дораду на газу нафт, на  чизҳои дигари барои тараққиёти як сарзамин зарурӣ. Пӯшида нест, ки бисёр давлатҳо аз ҳисоби истихроҷу баҳрабардорӣ аз ҳамин сарватҳои қаъри замин пеш рафтаанд. Ҷопон бошад, ҳамаи ин чизҳоро аз дигарон  мехарад, бо нархи қимат, гоҳо аз нуқтаҳои барояш дури ҷаҳон. Вале аз ин ашёи хоми харида чизҳое мебарорад, ки ҷаҳон аз дидани онҳо ба ҳайрат меояд. Пас, сабаби пешрафти Ҷопон дар чист? Дар дасти одам, дар ҳунар, илму дониш.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мамлакат ба хок яксон шуд, аз он ободиҳои пешин низ ному нишон намонд. Махсусан баъде, ки бомбаҳои атомии андохтаи амрикоиҳо шаҳрҳои бузургаш Хиросима ва Нагасакиро хароб карданду аҳолии зиёдашро нобуд сохтанд. Хулоса, ба ин ҳолу вазъи ногувор ба ояндаи неки Ҷопон умеде набуд.
Ин кишвар қариб ҳама захираҳоро пас аз он ба рушди маориф равона кард, ба таълиму тарбияи насли наврас, ба тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои коргарии соҳаҳои гуногун. Наврасону ҷавонон, ки соҳиби илму дониш ва ҳунар шуда буданд, дар эъмори иқтисодиёти баъдиҷангии кишвар таҳкурсии асосӣ гардиданд. Давлат ба соҳибкорон тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буд ва кумакашон мекард. Дар натиҷа, аз анҷоми ҷанг дере нагузашта, дар охири солҳои панҷоҳуми асри пешин Ҷопон дар киштисозӣ ба ҷойи якуми ҷаҳон баромад. Асри «тиллоӣ» - и сарзамини «тулӯи офтоб» шурӯъ шуд.
Мақсад аз ин руҷӯъ тафсиру таърифи ин кишвар  нест, балки мехоҳем тавассути он афкори хонандаи ҳушмандро ба истифодаи сарвати инсонӣ ва аҳамияти вижаи таълиму тарбияи кадрҳои соҳибихтисос дар шароити буҳронӣ ҷалб созем.
Басо хушоянд аст, ки Пешвои муаззами миллати мо аз нахустин давраҳои соҳибистиқлолӣ ба бунёди ҷомеаи навин иқдом карда, ҳамин таҷрибаи собитшудаи ҷаҳониро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии хеш қарор доданд. Вақте кас ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро нисбат ба мактабу маориф, наслҳои наврасу ҷавон мебинад, беихтиёр ҳамин давраи рушди давлати Ҷопон пеши назар меояд. Итминон дорем, замоне фаро мерасад, ки Тоҷикистони азизи мо ҳам мисли ин кишвар дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой мегирад. Охир, мо магар ҳамин даҳ - понздаҳ сол пеш орзу карда метавонистем, ки рӯзе меояду Тоҷикистон роҳи бунёди иқтисоди саноатию аграриро пеш мегирад? Имрӯз бо боварӣ мегӯем, ки ин кор шуданист ва вазифаи мазкур аллакай дар Стратегияи миллии рушди то соли 2030 ҷой гирифтааст.
Барои ин мо тамоми заминаҳоро дорем. Аз сарватҳои табиӣ низ бенасиб нестем. Қаъри заминамон як ганҷинаи бузурги ҳанӯз нокушодаву  фатҳнашудааст. Вале сарвати аз ҳама қимати мо - одамонанд, неруи инсонист. Ин ҳақиқатро нафақат мо мегӯем, балки аз забони онҳое низ садо додааст, ки кишварҳояшон бо камбуди ҳамин неруи инсонӣ, ба буҳрони нуфус мувоҷеҳ гардидаанд. Аҳамияти бузурги неруи инсониро Сарвари муаззами кишварамон дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид мекунанд. Зеро ҳамаи ободиҳо бо он арзи ҳастӣ мекунанд. Агар фарзандони мо чаласавод бошанд, агар илму дониш нагиранд, ҳунареро наомӯзанду ба фаҳми коре нараванд, беҳудагардӣ кунанду вақташонро бо машғулиятҳои барои худашону ҷамъият норавою нодаркор зоеъ созанд, сарватҳои табиии моро дар ниҳояти кор дигарон истифода мебаранд, дар корхонаҳоямон, дар заминамон дигарон кор мекунанду файзу баракат мебинанд. Мо бошем, тамошогари ин ҳама бадбахтиамон мешавему бас. Ҳеҷ аз ёд намеравад, чанд сол пеш Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон ҳолатеро мисол овардаанд, ки аз сабаби надоштани соҳибихтисосҳо барои иҷрои вазифае дар як сохтмони азимамон ночор аз хориҷа мутахассисон даъват шудаанд. Президенти мамлакат бо нигаронию дард аз нарасидани дорандагони одитарин ҳунарҳои коргарӣ дар кишварамон сухан гуфта буданд. Ин ташвишҳо, албатта, беасар намонданд ва имрӯз вазъ назар ба пешина хеле беҳтар шудааст. Аммо барои хотирҷамъӣ ҳанӯз хеле барвақт мебошад ва мактабу маориф, касбу ҳунаромӯзӣ, тарбияи мутахассисони нодир ҳамеша дар маркази диққати давлату ҷомеа қарор дорад.
Ҳар сол дар мамлакат садҳо мактаб бунёду таҷдид ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд. Барномаҳои давлатии  компютеркунонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ амалӣ гардонда мешаванд. Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар буҷети кишвари мо, одатан, зиёда аз нисфи он ва аз байни ин соҳаҳо бошад, маблағгузории маориф ҳаҷми аз ҳама бештарашро ташкил медиҳад. Худи ҳамин  ҳолат гувоҳ аст, ки дар давлати мо ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, ба рушди неруи инсонӣ чӣ гуна эътибори зиёд дода мешавад. Пешвои миллатамон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ рақамҳои қобили таваҷҷуҳ оварданд. Зикр гардид, ки давоми солҳои  истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёд ё азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шудаанд. Соли 2016 - ум 201 бинои таълимӣ сохта ва ё таҷдид гардид. То истиқлолият дар Тоҷикистони мо ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буд, ки 70 ҳазор нафар донишҷӯ дошт. Ҳоло ин гуна муассисаҳо 39 - то ва миқдори донишҷӯёнаш 170 ҳазорро ташкил медиҳад.
Ҳамаи ин мисолҳо баёнгари онанд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба донишандӯзию ҳунаромӯзии наслҳои наврасу ҷавон ғамхории зиёд карда, барои фардои кишвар заминаи устувор муҳайё месозанд.
Намунаи бемисли таҳаввулоти азими соҳаи илму маорифи муосири ҷумҳуриро мо дар мисоли ғамхории ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамасолаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мебинем. Пешвои маҳбуби миллат, ки худ ташаббускори ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат, ки дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия ҷои махсус дорад, мебошанд, бо роҳандозӣ намудани фаъолияти мунтазаму босубот ва самарабахши марказҳои нав, аз ҷумла маркази тадқиқотҳои геополитикӣ, маркази фарҳангии донишгоҳ, маркази муқовимат алайҳи терроризму экстремизм, марказҳои алоҳидаи забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, маркази захиравии сайёҳӣ ва ғайра, бешубҳа, имрӯз аз ҷумлаи дастовардҳои донишгоҳ аст. Ин марказҳо ба раванди муосири таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии мутахассисони оянда созгоранд. Ба раванди таълиму тарбия бахусус, фаъолияти Маркази забон ва фарҳанги рус, Донишкадаи такмили ихтисос ва мактаби таҳсилоти ҳамагонии донишгоҳ, ки ҳамчун бунёдҳои ёрирасони ҷараёни омӯзишу такмили ихтисос ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, ки минбаъд донишҷӯёни ояндаи донишгоҳ хоҳанд буд, ҳамеша таваҷҷуҳи хосса медиҳанд.
Мо ифтихор менамоем, ки дар маҷмӯъ донишгоҳи моро фазои созандагиву бунёдкорӣ, фазои навовариву ихтироъкорӣ, муҳити ҳамбастагиву муттаҳидӣ, ки хосси ҷомеаи имрӯзаи мутамаддини Ватани азизи мост, фаро гирифтааст.
Ҳамин тавр, ҳамаи шароитҳо барои таҳсилу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудаанд. Агар хоҳем, ки аз замона ақиб намонем, бояд дониш омӯзем, дигарон, атрофиёнамонро ба ин кор ташвиқ созем, мактабу маорифамонро ба зинаҳои торафт баландтари рушд раҳнамоӣ кунем.

Нуралӣ СОЛЕҲОВ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 140

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед