logo

Хабарҳо

Мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова

Аз 4 то 6 август дар шаҳри Хуҷанд барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Рустамова мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад.
Тавре аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи камонварӣ байни калонсолон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқа беш аз 60 варзишгари кишвар дар ҳайати дастаҳои «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Суғд-1», «Суғд-2» ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Зебунисо Рустамова соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, тӯли фаъолияти варзишии хеш аз рӯи намуди тирпарронӣ соҳиби як қатор дастовардҳо, аз ҷумла қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, қаҳрамони Аврупо, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал, қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, 15 маротиба чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 карат ҷоизадори чемпионатҳои Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ва ифтихори варзиши тоҷик мебошад.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 147

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед