logo

Хабарҳо

ҲИСОР. Кишоварзӣ дар ҳоли рушд аст

- Новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодӣ ба  буҷети маҳаллии шаҳр 76 миллиону 30 ҳазору 958 сомонӣ (101,3 дарсад) маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллиону 574 ҳазору 154 сомонӣ зиёд мебошад, - гуфт Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр гашт, ки бо мақсади ғанӣ гардондани бозори дохилии шаҳр ва шаҳри Душанбе бо маҳсулоти тару тоза ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ, кишоварзони шаҳр ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи деҳқонон 229 миллион сомонӣ (106, 2 дарсад)  - ро ташкил дод. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳр бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 13055 гектар зироатҳои гуногун кишт карданд.
Пахтакорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини саноати сабук бо ашёи хом, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ манфиатовар мебошад. Аз ин рӯ, имсол аз ҳисоби кам кардани майдони кишти зироатҳои ғалладона, равғандеҳ ва хӯроки чорво майдони кишти пахта ба 2714 гектар (97 дарсад) расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1712 гектар зиёд мебошад. Ҳамчунин, кишти картошка 150, сабзавот 174 ва полизӣ 13 гектар зиёд гаштааст.
Ба гуфтаи Ш. Ҷумъазода, ба иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» пайвас- та таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар доираи барнома дар шаҳр майдони боғу токзор 1640 гектар васеъ гашт, ки ин иқдом ба иқтисодиёт ва даромаднокии хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди шаҳр таъсири мусбати худро мерасонад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 184

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед