logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИМТИҲОНИ МУРАККАБ
Як тоҷики афғонистонӣ бо номи Мустафо Саодат дар беморхонаи Деҳлии Ҳиндустон розӣ шуд, ки ӯро ҳамроҳи модараш ҷарроҳӣ кунанд. Табибон ба ӯ пешниҳод намуда буданд, ки барои ба по хестан, шифо ёфтану зинда мондани модараш як қисми ҷигарашро бояд диҳад. Ҷарроҳӣ то ҳадде мураккаб маҳсуб мешуд, ки кафолати зинда мондани ҳар ду ҳам мавҷуд набуд.
- Розиям, бе дудилагӣ розиям, охир, ман ҷигарамро ба модарам мебахшам. Оре, ҳамон модаре, ки маро як умр «ҷигарбандам» гуфта хитоб мекард,- бо қатъият изҳор дошт фарзанд.
Ҷарроҳӣ 17 соат идома ёфт. Пас аз он вазъи тандурустии ҳар ду, хосса модар, беҳтар гардид. Фарзанд бо шукрона мегуфт: «Сипос Худоро, ки ман аз ин имтиҳони мураккаби ӯ ва модари азизам бо сарбаландӣ гузаштам. Агар дар он лаҳза ба ман мегуфтанд, ки ҷонатро барои модарат бубахш, мебахшидам. Ҷигар дар баробари ҷон чӣ арзиш дорад? Бале, ҳарчанд модарам мегуфт, ки «ҷони ту зинда бимонаду ҷисмат, ки ман умрамро хӯрдааму аз зиндагӣ сер омадаам».
Таманнои инҷониб он аст, ки Худованд модаронамонро зиндаву тандуруст нигоҳ бидорад ва ба чунин имтиҳон рӯ ба рӯямон нагардонад. Варна кӣ медонад, магар ҳама чунин самимият ва, муҳимтар аз ин, ҷасорат доранд ё...?

Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 

 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

КАЛИМАСОЗӢ
1000, 040 ва 01303 – ро, ки ададҳои муайянро ифода мекунанд, боз ҳамчун калимаҳои ғайриматематикӣ хондан мумкин аст. Оё метавонед, ки ҳар як адади навишташударо бо калима иваз  кунед?

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40

 


НАХУСТИН КИШТИИ БЕСАРНИШИН
Чуноне ки хонандагони мо огаҳӣ доранд, охири моҳи июли соли равон дар шаҳри Санкт - Петебурги Федератсияи Русия паради ҳарбии обӣ баргузор гардид. Дар он 39  киштӣ ва  4  ҳазор  сафинаи ҳарбӣ  ширкат варзиданд. Яке аз навгониҳои он заврақи роботонидашудаи бесарнишин буд.
Он дар асоси киштии  зиддиминавии  навъи ҷадид сохта шудааст.  Бори нахуст киштӣ ба ҳайати Флоти ҳарбии обии Русия охири соли 2016 ворид карда шуд.  Пас аз ду сол онро ба сифати асос барои киштии бесарнишин истифода бурданд.
Киштӣ  аз ҷиҳати сохт низ дар ҷаҳон ҳамто надорад: корпусаш  аз  омехтаи шишаву пластика  иборат аст, ки бо методи вакууми  инфузиявӣ омода карда мешавад.  Омехтаи шишаву пластика имкон медиҳад, ки вазни киштӣ кам карда шуда, муддати истифодабарии он зиёд гардад.  Дарозии он 61 ва паҳнояш  10 метрро ташкил медиҳад.  Айни замон, суръати  он 16,5 узел - қариб 30 километр/соатро  ташкил медиҳад.

Таҳияи М. ТАБАРӢ

 


ФУТБОЛ БАРОИ ҶОПОНИҲО ЧИСТ?

Ҳар ки ин матлабро мехонад, суол доданаш табиист, ки футбол барои ҷопониҳо бозие беш нест, боз чӣ шуданаш мумкин? Аммо, мо мегӯем, ки футбол барои онҳо аз бозӣ фаротар аст. Инро ҷопониҳо дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон - 2018, ки дар Русия гузашт, собит намуданд.
Дастаи мунтахаби Ҷопон дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои Колумбия, Сенегал ва Лаҳистон се бозӣ гузаронда, муваффақ шуд, ки аз гурӯҳ бадар ояд. Аммо, дар бозии аввалини ҳаштякфинал бо Белгия мағлуб гардид. Вале, бо вуҷуди ин, мухлисони ҷопонӣ дар майдонҳои Русия баъди бохти дастаи мунтахабашон низ партовҳои майдон, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ, селофанҳо ва ашёи ороиширо ғундошта, ба нуқтаҳои махсус кашонданд, то майдон озода бошад. Ҳазорон мухлисони гуногунмиллати дунё ба фарҳанг, ахлоқ ва таҳаммули ҷапониҳо офарин гуфтанд.
Хархаша, норозигӣ, ҷангу пархош ва беадабӣ барои онҳо тамоман бегона аст. Бори дигар исбот мешавад, ки футболро барои корҳои оқилонаи дигар ҳам истифода бурдан мумкин аст.

Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР  

 

10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
2. ТЕННИС
Тенниси калон яке аз намудҳои маъруфтарини варзиш дар дунё маҳсуб мешавад. Онро дар рӯи сабза ва дар корти сатҳаш сахтгардида бозӣ мекунанд. Сатҳи кортҳои теннис гуногунанд: сабзавӣ, хокӣ, сахтгардида ва ё қолини  синтетикӣ.
Зӯрозмоиҳои теннисро ба мардона ва занона ҷудо менамоянд. Дар ҳар мусобиқа теъдоди қаблан муайяншудаи теннисбозон метавонанд ширкат намоянд.
Аз ҳама бонуфузтарин мусобиқот Тоскулоҳи бузург дониста мешавад ва ба он Чемпионати кушоди Австралия, Чемпионати кушоди Фаронса, зӯрозмоиҳои Уимблдон ва Чемпионати кушоди ИМА шомил аст. Ҳамчунин, дар байни дастаҳои миллӣ миёни мардон Ҷоми Дэвис ва занон Ҷоми Федератсия баргузор мегардад.
Таърихи тенниси муосир аз нимаи дувуми асри XIX шурӯъ мешавад. Дар оғоз он «лаун-теннис» ном дошт ва дар толорҳои пӯшида доир мегашт. Мусобиқоти Уимблдон аз соли 1877 ва аввалин зӯрозмоии дастаҳои миллӣ ҷиҳати  дарёфти Ҷоми Дэвис аз соли 1900 сурат мегиранд.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 


ДЕЛФИН
ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Делфин  ҷонвари аҷиб аст. Дар даврони қадим  онҳоро муқаддас мешумурданд. Делфинҳо дандон дошта бошанд ҳам, ғизоро нахоида фурӯ мебаранд. Онҳо ду меъда  доранд, ки  яке барои захира  ва дигаре барои ҳазм намудани хӯрок хизмат менамояд.
Делфинҳо нафақат, баҳ-рианд, балки дар дарё низ  ба сар мебаранд. Масалан, дар дарёи Амазонка делфинҳои гулобӣ зиндагӣ мекунанд.
Олимон бар ин ақидаанд, ки делфинҳо  номи ба онҳо гузошташударо ба хубӣ дар хотир мегиранд. Садои  хоссаи худро  доранд. Аз масофаи дур ҳамдигарро мешунаванд.  Ашёи дар самти ҳаракаташон мавҷудбударо зуд муайян менамоянд.
Аҳолии Рими Қадим ақида доштанд, ки рӯҳи делфинҳо дар   Ҷазираи   масъудон «сайругашт менамояд». Дар  Юнони  Қадим куштани делфинҳоро мамнӯъ  ва шахси ба ин кор дастзадаро маҳкум ба марг  мекарданд.
Дарозии  умри миёнаашон  17 сол буда, баъзеи онҳо то 50 сол умр мебинанд. Ин ҷонварон то 60 калимаи аз забони инсон баромадаро дарк ва чигунагии мазаи ғизоро  ҳис мекунанд.
Онҳо бо суръати хеле баланд ҳаракат карда метавонанд. Бо вуҷуди қавӣ будани пӯсти баданашон бо андаке даст расондан захмдор мешаванд. Аҷиб, ки ҷароҳаташон хеле зуд шифо меёбад.
  Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА

 

КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
Иштирок дар конференсияи НАСА дар синни 8 – солагӣ, дар 10 - солагӣ хатм кардани коллеҷ, намоиши консерт дар 5 - солагӣ ва ба намоиш гузоштани лавҳаву аксҳо дар 3 - солагӣ. Бале, онҳо ҳанӯз кӯдаканд, аммо қобилияти аз ин ҳам бештар доранд.
Мо ба шумо дар бораи боистеъдодтарин кӯдакони замон, ки ҷаҳонро ба ҳайрат овардаанд, иттилоъ медиҳем.

ОТОМ ДЕ ФОРЕСТ
Ин рассоми 14 - сола шуҳрати ҷаҳониро соли 2001, замоне ки Шабакаи телевизионии «Discovery» дар намоиши мустақим ӯро «нобиға» эътироф намуд, пайдо кард.
Расм кашиданро ҳанӯз аз 5 - солагӣ, замоне ки падараш ҷевонҳоро нақш мемонд, оғоз намуд. Волидонаш  қобилияти ҳайратоварашро ба назар гирифта, студияи мусиқиашонро ба устохонаи Отом табдил доданд. Истеъдоди ҷавон соли 2001 бори нахуст расмҳояшро ба намоиш  ва пасон ба фурӯш гузошт. Маҳсули кораш ба маблағи беш аз 100 000 доллар ба фурӯш рафт. Чун дар як фурсати кӯтоҳ шуҳрат ёфт, ӯро барои хондани лексия ба   Донишгоҳи Ҳарвард даъват намуданд.  Ҳоло расмҳои Отом де Форест дар галереяҳои байналмилалӣ қатори расмҳои Энди Уорхола, Пабло Пикассо, Анри Матисса ва Ҷаспера Ҷонса ба намоиш гузошта шудааст.

Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

 


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
8. ҒОЗИЁНТЕППА (ТУРКИЯ)

Шаҳри Ғозиёнтеппа дар қисмати ҷанубии  Туркия ҷойгир аст. Бунёдгузорони шаҳр намояндагони қабилаи хетҳо мебошанд. Пасон,  шаҳрро туркҳо ишғол намуда, онро ба яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Шоҳроҳи абрешим табдил доданд. Сайёҳи машҳури усмонӣ – файласуф Эвлия ҳанӯз соли 1671 Ғозиёнтеппаро  «гавҳараки чашми дунё» номида буд.
Айни замон, шаҳр дар қатори бузургшаҳрҳои олам шомил шуда, аҳолиаш 1, 3 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 


НАФАҚА
Дар кадом кишварҳо зуд ва дер аз кор мераванд?
Баъди даҳсолаҳо меҳнат кардан одамон ба нафақа мераванд ва яке аз вазифаҳои муҳими давлат таъмини пирии шоистаи онҳост. «Шоми шанбе» алъон маълумоти ҷолибро аз ин хусус манзур месозад.
Аввал сухан аз 5 кишваре меравад, ки аҳолияш зуд ба нафақа мебарояд.  Дар Ҷопон соли 1998 он аз 55 ба 60 сол боло бурда шуд. Айни замон, аҳолии ин кишвар, ки дар дунё солхӯрдатарин шумурда мешавад, дар 62,7 солагӣ ба нафақа меравад. Дар Ҳиндустон синни нафақа ба 60 сол баробар аст. Дар Русия бошад, он барои занҳо ва мардҳо мутаносибан 55 ва 60-ро ташкил медиҳад. Дар Сенегал, Мозамбик ва Мадагаскар низ чунин меъёр муқаррар шудааст. Дар Чин он ба ҳисоби миёна 56,25 сол мебошад. Шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб метавонанд дар 49 солагӣ  ба нафақа бароянд. Аммо хориҷиёне, ки дар қаламрави мамлакат фаъолият доранд, бояд то 60 солагӣ кор кунанд.
Аз ҳама дер дар Норвегия ба нафақа мераванд: барои ин бояд синни шахс ба 76,75 расад.  Исландия дар сатри дуюм ҷойгир аст: 76. Пас аз он Португалия меояд – 66,25. Сокинони ИМА, Италия, Дания ва Ирландия расман дар  66 солагӣ  ба нафақа мебароянд. Дар Австралия бошад, синни нафақа аз 65 солагист.
 
Тарҷумаи Хуршеди  ҶОВИД

 


ХАТСАЙРИ «ЗАМИН - КАЙҲОН»
ФУРӮШИ ЧИПТАҲО АЗ СОЛИ 2019 ОҒОЗ МЕШАВАД
Ба кайҳон одамон тавассути киштии «New Shepard», ки метавонад шаш мусофирро бо худ гирад, парвоз менамоянд. Дастгоҳ дар реҷаи автоматӣ ба баландии 100 километр аз Замин мебарояд. Ин имкон медиҳад, ки одамон якчанд дақиқа бевазниро эҳсос намуда, курашакл будани Заминро бинанд.

Ду намояндаи ширкати «Blue Origin» ба нашрияи «Reuters» тасдиқ намуданд, ки арзиши парвози сайёҳӣ то мадори Замин аз 200 то 300 ҳазор доллари ИМА - ро  ташкил хоҳад дод.
Ширкати «Blue Origin» ба сарватмандтарин шахси ҷаҳон Ҷеф Безос, ки чун созмондиҳандаи «Amazon» машҳур аст, тааллуқ дорад. Ширкат нақша дорад, ки соҳаи сайёҳии кайҳониро вусъат диҳад. Дар доираи тайёрӣ 8 парвози таҷрибавӣ гузаронда шуд. То ин дам онҳо ҳатто арзиши тақрибиро номбар намекарданд.
«Blue Origin» рақиб низ дорад, ки он ширкати «Virgin Galactic» мебошад. Дуюмӣ низ ба ин наздикӣ арзиши парвоз ба кайҳонро номбар кард. Аллакай, қариб, ки чипта намондааст. Асосан чиптаҳоро шахсони машҳур харидаанд. Дар қатори онҳо Леди Гага, Анҷелина Ҷоли ва донишманд Стивен Ҳоккинг ҳам буд, ки 14 март аз олам даргузашт.

Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ТАМОКУ ВА БАҲРИ КАРИБ
Соҳиби меҳмонхона Лиф Бонери швед тарзи аз кашидани тамоку боз доштани 60 нафар кормандашро фикр карда баромад.  Ӯ гуфт: «Агар ҳамаи кормандон дар тӯли як сол сигор накашанд, метавонанд аз ҳисоби меҳмонхона дар баҳри Кариб ду ҳафта бо навбат истироҳат кунанд. Агар як нафар корманд тасодуфан як қулоб дуди тамоку фурӯ барад ҳам, ҳама аз ин имтиёз маҳрум мешаванд». Дар натиҷа ҳама ҳамдигарро мепоид.

Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

 


МОҲИИ ПОДОР
Сокини Австралия Мишел Гэрсайд аз соҳили иёлати Квинсленд, воқеъ дар қисми шимолу шарқии кишвар, махлуқи аҷиберо бо дарозии наздик ба 30 сантиметр, ки ба ғайр аз қанотҳои шиноварӣ, боз шохаҳои номаълуми ба пой монанд дошт, шикор намуд.
Акси шикори хешро Гэрсайд дар сомонаи «Фейсбук» гузошт ва аз истифодабарандагон хоҳиш намуд, ки дар муайян кардани он ба ӯ ёрӣ расонанд.
Дар зимн, ӯ махлуқро ба об сар дод. Бештари истифодабарандагон бар он назаранд, ки ҷонвар ғукмоҳӣ аст. 
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки махлуқи асрорангез моҳии подор аст ва онро дар соҳили кӯле дар иёлати Колорадо (ИМА) низ пайдо карда буданд.

Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ

 

10 ВАРЗИШГОҲИ АЗИМИ ОЛАМ
7. «ОГАЙЁ СТЭДИУМ»
Дар он 109 329 тамошобин метавонад нишаста, бозии тими дӯстдоштаашро мухлисӣ кунад. Табиист, ки онро дар иёлати Огайё, дар шаҳри Колумбус сохтанд. Дар ибтидо «Огайё стэдиум» қариб ду баробар камтар (66 ҳазор одам) ғунҷоиш дошт. Вижагии ин иншоот дар надоштани прожекторҳо мебошад. Бо ин сабаб бозиҳо ё рӯзона гузаронда мешаванд, ё асбобҳои нурафкани муваққатӣ насб мекунанд.

Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ   

 

ХАЗИНАИ АРЗИШАШ 17 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР
Уқёнусшиносҳо (оке-анографҳо) бо ёрии таҷҳизоти замонавӣ дар қаъри баҳр хазинаи ба асри XVII тааллуқдоштаро дарёфтанд, ки ба киштии зериобмонда мутааллиқ аст. Хазина тилло, нуқра ва сангҳои зумуррадро фарогир буда, 17 миллиард доллар арзиш дорад. Ин сарват аз буҷети давлатҳое, ба мисли Эстония ва Тунис, ду баробар зиёд аст.

Таҳияи Муҳаммадраҷаб
БЕРДИЁРОВ

 


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
10. НЮ-ЙОРК
Аҳолияш 18 миллиону 604 ҳазор.
Ба шаҳр ибтидои асри XVII истилогарони ҳолландӣ асос гузоштаанд. То соли 1664 Ню - Йоркро Амстердами нав меномиданд. Ню - Йорк аз 11 январи соли 1785 то 12 августи соли 1790 пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳисоб меёфт. Шаҳр аз панҷ ноҳия: Бронкс, Бруклин, Квинс, Манхэттен ва Стейтен Айленд таркиб ёфтааст. Дар ин миён Манхэттен ягона ноҳияест, ки кӯчаи асосӣ надорад. Яке аз рамзҳои шаҳр "Муҷассамаи озодӣ" туҳфаи халқи Фаронса ба ИМА мебошад. Он ба шаҳр 17 июни соли 1885 оварда шуд. Баландияш 46,05 метр.
Дар Бонки захираи федералии Ню - Йорк дар умқи 24 метр чоряки захираи тиллои дунё  маҳфуз дошта мешавад.
Ню - Йорк, Лондон ва Токио се маркази асосии иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф гаштаанд.

Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 194

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед