logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ: РОҲҲО ВА ИМКОНОТИ ТАЪМИНИ БОСАМАР

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки кишварҳои мутамаддин  имконияти худтаъминкунии озуқавориро дар ҳама шаклҳояш истифода мекунанд,  ҳарчанд ба андозаи муайян маводи ғизоӣ мехаранд ва мефурӯшанд. Бо сабаби паст шудани ҳаҷми истеҳсолот ва заифии иқтисодиёти озуқаворӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пас аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ зарурати гузарондани низоми миллии бехатарии озуқаворӣ пеш омад ва таъмини амнияти ғизоӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор гирифт.
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли мушкили истеҳсоли ҳаҷми кифояи маҳсулоти ғизоӣ, ки қисмати асосии барномаи озуқавориро ташкил медиҳад,  ба дастгирии давлатии деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот пайвастагии қавӣ дорад. Дар кишвари мо, ки афзоиши табиии аҳолӣ нисбатан баланд аст, ин масъала бештар аҳамият пайдо мекунад. Соли 1940 аҳолии мамлакати мо камтар аз якуним миллион нафар буд, ҳоло бошад, ба 9 миллион расидааст. Аз ин рӯ, дар асоси зиёд шудани афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи замин, хусусан корам, аз як замин гирифтани ду – се ҳосил ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида  аҳамияти бузург дорад. Мутаассифона, дар мамлакати мо ҳанӯз фарҳанги заминдорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва камзаминӣ  риоя намешавад. Коштани намудҳои нодиру баландарзиши (пахта, геран) рустаниҳо, ки боздеҳи баланди иқтисодӣ доранд, бунёди боғҳои интенсивӣ, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол, ҳамчун заминҳои корами обӣ истифода намудани чарогоҳҳои ҳамвор ва парвариши навъҳои нодири ҳайвонот барои ба даст овардани даромади хуб талаботи давранд. Таъминот бо оби полизӣ дар соҳаи кишоварзӣ имконияти калони рушди соҳаро боз мекунад. Таъсиси системаҳои муосири обёрӣ дар асоси дастовардҳои муосири илмию техникӣ муҳим аст, зеро модели мавҷудаи системаи идоракунии захираҳои об истеъмоли аз ҳад зиёди об ва носолим (шӯршавӣ, туршшавӣ, ботлоқшавӣ) шудани хокро ба вуҷуд меорад ва ин ҳол ба  коҳиши имкониятҳои истеҳсолии замин оварда мерасонад. Илми кишоварзӣ ҳоло дастовардҳои бунёдӣ дорад, ки онҳоро ҳамчун  воситаи муассир барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ истифода бурдан судманд аст.  Низоми обёрии қатрагӣ дар бахши зироаткорӣ ва зотҳои сермаҳсул дар бахши чорводорӣ намунаи дастраси ин дастовардҳоанд, ки бояд дар шароити кишвари мо босамар истифода шаванд.
Барои истеҳсол кардани захираҳои кофии озуқа ҳар чи бештар истифода бурдани иқтидори табиӣ, аз ҷумла зироатҳои сердаромад, чорвои зотӣ, ҳайвоноти ваҳшӣ, моҳӣ, ҷангал, кӯлу ҳавзу дарёҳо, рустаниҳои лалмию обӣ, талу теппаҳо барои бунёди боғҳои замонавӣ, зарур аст. Табиати ғании кишвар бояд  ҳамчун манбаи  ашёи хоми озуқаворӣ истифода шавад. Бо ин роҳ мо на танҳо барои истеҳоли захираи стратегии озуқаворӣ, балки барои муҳайё намудани шароити шоистаи зиндагӣ заминаи устувор мегузорем. Ба кам кардани ҳиссаи  табиат дар тавозуни умумии ашёи хоми озуқаворӣ, нооқилона истифода бурдании захираҳои  табиӣ, пайдоиши минтақаҳои мурда ва биёбоншавии мавзеъҳо хотима бояд гузошт.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обист. Захираҳои бузурги обӣ - дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо барои рушди моҳипарварӣ хеле мувофиқанд. Аммо  бо партовҳои саноатӣ ва моддаҳои заҳрноки дар шароити ҳозираи иқтисодӣ зиёд истеҳсолшаванда ифлос кардани об бар зарари худи мост. Ин амал на камтар аз ҷангалбурӣ зарар мерасонад.  Айни ҳол дар паст будани самари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пастии  фарҳанги саноатӣ нақш мебозад, яъне фоидаи асосии истеҳсолоти кишоварзӣ ба кишварҳои саноатие мерасад, ки маҳсулоти моро ҳамчун ашёи хом арзон харида, баъди коркард даҳҳо маротиба гарон мефурӯшанд, аз ҷумла пахта, пӯст, абрешим ва сабзавоту меваро. Маҳсулоти кишоварзӣ бояд то истеҳсоли моли тайёри саноатӣ коркард шавад. 
Пурсамар истифода бурдани имконияти комплекси пахта (истеҳсоли маҳсулот аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр), мубодилаи самараноки мол (содирот ва воридот) ва ягонагии зерсохторҳои комплексӣ (корхонаҳои пахта, бофандагӣ, дӯзандагӣ, ширӣ, равғанкашӣ) тақозои замон аст. Дар ин замина, ташкили буҷети умумии кишоварзӣ нақши муайяни муҳим пайдо мекунад. Беҳсозии комплекси саноатию аграрӣ ҳанӯз ба сармоягузории ҷиддӣ ниёз дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто кишварҳои пешрафта барои рушди соҳаи кишоварзӣ сармояи хориҷӣ ҷалб менамоянд. Ҳамчунин, дастгирии давлатии  рушди соҳаи кишоварзӣ, ки ба нигоҳдорӣ аз исроф, бунёди анборҳои захира, таъмин намудани захираҳои истеҳсолии кишоварзи барои сектори сеюм (коркард, нигоҳдорӣ,  тақсимот, содирот ва  воридот), нақлиёт ва коҳиш додани талафоти ашёи хом мусоидат менамояд, бояд тақвият ёбад, яъне дастгирии давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ бояд унсури муҳим дар замони гузариш аз иқтисодиёти агросаноатӣ ба индустриалию аграрӣ бошад.

Фаррух AБДУВОСИЕВ,
ходими пешбари илмии
Институти  иқтисодиёт ва
демографияи АИ Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 110

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед