logo

фарҳанг

САЙИДО. НАХУСТИН ОМОДАГИҲО БА ИФТИХОРИ 400 – СОЛАГӢ

Дар иртибот ба таҷлили 400 - солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва омодагиҳо ба он хабарнигори «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим бо мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илмҳои филология, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ҳамсуҳбат шуд. Мавсуф дар ин маврид аз ҷумла изҳор дошт:
- Миробид Сайидои Насафӣ зодаи шаҳри  бостонии Насаф (ҳолиё Қаршӣ) мебошад. Овони камолу балоғаташ дар Бухоро гузаштааст. Соли таваллуди ӯро тақрибан 1618 ва вафоташро солҳои 1707 - 1711 муайян кардаанд.
Имсол бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар кишвар ва дигар мамолик, инчунин, марказҳои шарқшиносӣ ин сана бошукӯҳ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кумитаи тадорукот, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, саҳм гирифт, то пеш аз ҳама, «Куллиёт»-и адибро ба чоп расонад. Дар ин робита иҷрои корҳои дигар низ дар нақша аст. Аз ҷумла, дар бораи рӯзгору осори Сайидо масъулони соҳа,  ҳам олимони тоҷик ва ҳам шарқшиносони кишварҳои дигар таҳқиқҳо бурдаву навишта истодаанд, ки онҳо низ бояд даст-раси алоқамандон бигардад.
Сайидои Насафӣ як шоири асили тоҷик аст, ки гиру мону зарби суханаш, шеваи баёнаш ва ҳам ҳусни гуфтораш сирф тоҷикона мебошад. Аз ҳамин нигоҳ мо агар ба осораш бинигарем, ба хубӣ дармеёбем, ки эҷодиёти он хеле пурмуҳтаво, доманадор ва ороста бо шаклҳои гуногуни шеърӣ мебошад.
Инҷониб ҳамроҳи муҳаққиқ Асрори Раҳмонфари Сомонӣ тасмим гирифтем, ки «Куллиёт»-и Миробид Сайидои Насафиро дар асоси нусхаҳои қаламие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, омодаи чоп намоем.
Дар «Куллиёт», аз ҷумла қасоид, наътҳо, маснавиҳо, ғазалиёт, таъриху рубоиёт, мухаммасот, «Шаҳрошӯб» ва «Баҳористон»-и ӯ ҷой дода мешаванд. Аз ин ҳама дар бораи вазъи иҷтимоию сиёсии шоир ва Бухорои он давр маълумоти зиёду ҷолибу дақиқу саҳеҳ даст-рас кардан мумкин аст. Ин гуна маълумотҳоро наметавон дар таърихномаҳо пайдо кард.
Ҳикоятҳои марғубаш дар шакли маснавиҳои хурд дар хусуси ҳокимони давр моро ба ин шахсиятҳои таърихӣ ва зиндагии мардуми одӣ ошно месозанд.
Асоси эҷодиёти Сайидои Насафиро ғазалиёти ӯ ташкил медиҳад. Пеш аз ҳама, ҳамин  жанр ӯро дар адабиёти мо маъруф гардондааст. Агар бо мулоҳиза ба адабиёти асрҳои XVI ва XX адабиёти тоҷик доварӣ бикунем, гуфта метавонем, ки Сайидо дар ғазал аз пешгомтарин шоир маҳсуб мешавад, ки ҳар хонанда ба осонӣ онро мефаҳмад, бо як хоҳиши бевоситаи дил қабулаш мекунад.
Ҳамчунон, Сайидои Насафӣ як силсила рубоӣ гуфтааст, ки онҳо ба масъалаҳои иҷтимоӣ иртибот мегиранд.
Дар навиштани мухаммас низ забардаст буд. Дар онҳо саъй ба харҷ додааст, ки ба беҳтарину машҳуртарин ғазалҳои шоирони адабиёти классикӣ ба василаи ин жанр ҷавоб бигӯяд. Аз уҳдаи он бо сарбаландӣ баромадааст. Мухаммас дар эҷоди ӯ мавқеи намоёнро касб мекунад. Яъне, аз ҷиҳати зиёдии шумора баъд аз ғазалиёташ меистад.
Асаре, ки шоирро ҳанӯз дар замони зиндагияш шуҳрати зиёд бахшидаасту ба суръати тез муаррифӣ кард, «Шаҳрошӯб» буд. Он дар бораи 212 навъи касбу ҳунари Бухорои он давр маълумот медиҳад. Ҳар кадоми онҳо аз як то ҳашт байт- ро ташкил медиҳанд.
«Шаҳрошӯб» духӯра навишта шудааст. Шоир тавониста ба ин васила бо ифтихор изҳор дорад, дар шаҳре, ки ҳаёт ба сар мебарад, навъҳои зиёди ҳунар роиҷ аст. Дар ин асар дар баробари корбурди мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ ва дигар анвои ҳунари адабӣ аз санъати  иҳом, яъне мақсаднок ба иштибоҳ андохтани хонанда, истифода мекунад. Дар ин маврид ҳар байт вазифаи як шеъри алоҳидаву томро анҷом медиҳад. Аз он, инчунин, маълумоти зиёди этнографӣ - мардумшиносиро пайдо кардан мумкин аст. Аз ҷумла:
Теғ бар каф сартарошам қасди куштан кардааст,
Ошиқонро фӯтаи зорӣ ба гардан кардааст.

Ва ё:
Дилбари деворзанро дасту по аз кор монд,
Ҳамраҳи ман хона рафту пушт бар девор монд.

Ҳамин тавр, ашъори Сайидои Насафӣ бо муҳтаво, равонӣ, содагӣ, инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ аз шеърҳои дигар шоирони қарнҳои пешин ва пасин ба маънои мусбаташ фарқ мекунад. Ӯ, дар ҳақиқат, шоири халқӣ буд ва дарди мардуму мушкилоти онҳоро  ифшо месохту ба ин васила дод мехост.
Бояд зикр кард, ки соли 1947 академик Абдулғанӣ Мирзоев асари пажӯҳишии худро бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» ба табъ расонд. Дар ин китоб осори мунтахаби шоирро, ки се сол пештар аз он нашр карда буданд, замима намуданд.
Соли 1977 ашъори Сайидо бо номи «Асарҳои мунтахаб» дар таҳияи Ҷ. Шанбезода ба нашр расид. Китоб бузургҳаҷм аст, аммо тамоми осори шоирро фаро намегирад. Ба ҷуз ин, дар таҳияи он саҳву хатоҳои зиёд роҳ ёфтаанд.
Соли 1991 «Куллиёти осор» - и шоир (матни илмӣ – интиқодӣ) ба ҳуруфи арабӣ дар таҳияи адабиётшиноси тоҷик Ҷобулқо Додалишоев ба табъ расид. Тавассути он на танҳо адабиётшиносони  мо, балки шарқшиносони ҷаҳон ба дунёи зебову рангини эҷоди шоир роҳ бурданд.
Ҳангоми таҳияи «Куллиёт» бо хати киррилӣ мо – таҳиягарон дарёфтем, ки на танҳо то ба ҳанӯз осори Сайидои Насафӣ пурра омодаву баргардону дастраси хонандагон нагардидааст, инчунин, ба ашъори нашршудаи ӯ саҳву хатоҳои зиёд роҳ ёфтаанд.
Дар силсилаи «Ахтарони адаб» соли 2017 инҷониб дар ҳаҷми 480 саҳифа ашъори Сайидоро омода карда будам, ки он ҳам нисбат ба ин «Куллиёт» номукаммал мебошад. Дар он, аз ҷумла, қасоид, наътҳо, маснавиҳои хурди шоир роҳ наёфтаанд.
Мо, инчунин, «Шаҳрошӯб» - ро бори аввал пурра дар ин «Куллиёт» ҷой додаем.
Академик Д. Лихачёв барҳақ изҳор доштааст, ки «Бе матни комил ҳеҷ гоҳ таҳқиқоти комил ба вуҷуд омада наметавонад». Нашри «Куллиёт» - и мазкур, албатта, моро умед мебахшад, ки рӯзгору осори шоир бештару беҳтар таҳқиқу пажӯҳиш мешавад ва паҳлуҳои гуногуни ҳунару истеъдоди Сайидоро муҳаққиқон кашф мекунанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 507

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед