logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ ДИГАРИ МУҲИМ ДАР САМТИ ОБОДОНӢ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар бораи баргузор намудани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» қарор ба тасвиб расонд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳадаф аз ин иқдом иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ободонӣ, перостани ҳусни шаҳр ва боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон мебошад.
Қабл аз ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ бо супориши Рустами Эмомалӣ дар чор ноҳияи пойтахт озмунҳои ноҳиявӣ баргузор гардида, ғолибон ҷоизаҳои таъсисёфта ва роҳхат ба озмуни умумишаҳриро ба даст меоранд. Озмунҳои ноҳиявӣ на дертар аз 20 август натиҷагирӣ мешаванд.
Озмуни умумишаҳрӣ аввали моҳи сентябр – дар остонаи ҷашни миллӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон соҳиби ҷоизаҳо мешаванд. Аз буҷети шаҳр барои ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» 30 ҳазор ва «Кӯчаи беҳтарин» 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Ободонӣ, сабзкорӣ, тозагӣ, ороиши маҳаллаю кӯча, ташаббусҳои шаҳрвандӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва сатҳи тарбияи наврасону ҷавонон шартҳои асосии озмунҳоанд.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 145

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед