logo

иҷтимоиёт

САИДХОҶА ӮРУНХОҶАЕВ. МАРДЕ БО ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев яке аз чеҳраҳои маъруфи халқи тоҷик аст, ки барои пешрафту шукуфоии Ватан хизматҳои мондагоре кардааст. Замоне бо номи ӯ Тоҷикистонро дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанд.

Таҳти сарварии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев солҳои зиёд ҳосили баланди пахта ва дигар зироатҳо рӯёнда шуд. Аз ин рӯ, соли 1948 ба муносибати 30 - солагии Инқилоби Октябр ба ӯ унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро доданд. Маротибаи дувум соли 1957 барои саҳми арзанда дар сохтмони Қасри Арбоб ба ин унвон сазовор гардид. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ташаббуси ӯ 22 хоҷагӣ дар як хоҷагӣ муттаҳид шуд. Дар муддати кӯтоҳ даромади он бамаротиб афзуда, ба 20 миллион сӯм расид ва барои бунёди қаср имконият пайдо гашт. Мавриди зикр аст, ки бо сарварии ин абармард на танҳо Қасри Арбоб (1951 - 1957), балки мактаб-интернат барои 600 тарбиягиранда (1959 - 1962), санатория дар мавзеи Ҳавотоғ, 2 беморхона, 3 дармонгоҳ, 16 бунгоҳи тиббӣ, 2 боғчаи доимамалкунанда ва 14 боғчаи мавсимӣ бунёд ёфтааст.
Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ба фарҳанги миллӣ эҳтироми баланд дошт ва доим ҷомаю тоқӣ ба бар мекард. Ҳатто, ба чорабиниҳои расмӣ бо либоси миллӣ мерафт. Масалан, соли 1960 Шӯрои Олии СССР қарор мекунад, ки вакилон ба ҷаласа бо либоси расмӣ ҳозир шаванд. Аммо Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев иштирокашро дар он рад менамояд. Ин мутасаддиёнро водор месозад, ки ба қарор бо мазмуни зайл тағйирот ворид созанд:
“Ба ғайр аз ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дигарон бояд бо либоси расмӣ ҳозир шаванд”.

Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 422
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед