logo

фарҳанг

"ШОҲНОМА" - ДИРАФШИ ҶОВИДОН

Нигаҳ кун, ки ин нома то ҷовидон,
Дирафше шавад бар сари бихрадон.
Фирдавсӣ

Масоиле, ки дар «Шоҳнома» дарҷ шудаанд, имрӯз низ ҳамчун масъалаи муҳим ва доғи рӯз қобили андеша, дарк ва ҳаллу фасл намудан аст. Аз ҷумла, масъалаи ҷанг ва сулҳ, ки дар «Шоҳнома» бозтоби густурда дорад, имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Неруҳои мухталифи пархошгару ҷангҷӯю вайронгар имрӯз дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд, биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба оташ мекашанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, даҳшатафканӣ мекунанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд. Эшон чун Заҳҳоки морон фаъолият мекунанд, то насли инсонро аз рӯи Замин нест намоянд. Лиҳозо, имрӯз инсоният ба Коваи оҳангар ниёз дорад, то пеши роҳи ҷабру зулму беадолативу хунхориҳоро бигирад, намонад, ки хуни одамони бегуноҳ беҳуда бирезанд. Дар Фаластин, Сурия, Шом, Ироқ, Афғонистон пойдор нагардад, парчами адолат партавфишон нашавад. Дар ин роҳ судҷӯӣ аз «Шоҳнома», аз андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ, ки дар боби сулҳу оштӣ гуфтааст ва  ҳар оина ҷангро маҳкум намудааст, барои башар хеле муҳим ва муфид мебошанд. Дар ин замина метавон порчаву байтҳои зиёдеро аз достонҳои мухталифи «Шоҳнома» гулчин кард ва мавриди пажӯҳиш қарор дод:

Туро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,
Фарохӣ макун бар дили хеш танг.
* * *
Ба ҷои ҷаҳон ҷустану корзор
Мабодам ба ҷуз оштӣ ҳеҷ кор.
Фалсафаи озор нарасондан, ки аз Авесто ва осори бостон моя ва поя мегирад, хамирмояи осори адибони мо, аз ҷумла «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ аст. Имрӯз зарурати талқини ин фалсафа аз байн нарафтааст, балки беш аз пеш дар миён мебошад, то ифротиёну мутаассибон ба ҷони инсонҳои бегуноҳ дарнаафтанд, ба ҳар рӯй даст аз куштору қатл кӯтоҳ намоянд.
Аз ин лиҳоз, мутолиаю огоҳӣ аз «Шоҳнома» ва шинохти рамзу роз ва рӯҳу ҷавҳари ин шоҳкории беназир вазифаи муҳим барои мардуми тоҷик маҳсуб мешавад, зеро «Шоҳнома» дар баробари доштани ҷанбаи қавии миллӣ аз ҷанбаи волои инсонӣ низ бархӯрдор буда, барои маърифати башарият низ аз ҳар лиҳоз судманд мебошад. Воқеан, ҳар кишвари мутамаддин, ки бо доштани асаре чун «Шоҳнома» ва шоире чун Фирдавсӣ сари ифтихор ба осмон месояд, ҳар ойина бояд аз ин ганҷинаи афкори воло ва дурахшони миллию инсонӣ, ки ифтихор, худогоҳӣ эҷод менамояд ва дари кӯшоиву пӯёвиву созандагию боландагиро ба рӯи миллат боз менамояд ва паёми ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу дӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ба инсонҳо медиҳад, суд биҷӯяд. Хусусан, ба ҷанбаҳои маънавии ин шоҳкории адабӣ, ки одамият, рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ба мо меомӯзад, мо бояд беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир кунем ва барои таъмини саодати худ ва фарзандони хеш саъю талош бинамоем, бикӯшем, ки онҳо ин шоҳкорро мукаррар бихонанд. Бавижа, ҷавонони кишвар бояд қаҳрамонону паҳлавонони «Шоҳнома» - ро ҳар чи беҳтару бештар бишиносанд ва дӯст доранд, аз ормонҳои миллат, ҷаҳду талоши онҳо барои устувор  кардани  давлати миллӣ, таҳкими қудрати сиёсиву иҷтимоию низомию маънавӣ кӯшиш бинамоянд, озодию шарафу нангу номуси худро ҳифз бикунанд, сарзамини хеш ва халқи худро дӯст бидоранд. Дар ин роҳ «Шоҳнома» ба масобаи як доиратулмаорифи башарӣ чеҳранамоӣ мекунад ва барои ҳар соҳае, ҳар фанне, ҳар мавзӯе маводи судманд ба мо медиҳад, ки аз таҷрибаи инсони хирадманду ақлгаро ва донишманду илмпазир ҳосил шудааст ва аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва барои тамоми замонҳою маконҳо нофеъ мебошад, хусусан барои имрӯзиён, ки дар асри мошин, пешрафтҳои илмиву техникӣ мезиҳанд ва дар баробари муваффақиятҳои чашмгир дар ин заминаҳо ниёз ба омӯзиш ва таълиму тарбияи маънавӣ ва инсонӣ доранд. «Шоҳнома» барои мардуми асри мо, яъне асри ХХI низ метавонад ҳамчун сарчашма ва манбаи ташаккулдиҳандаи шахсият ва сармашқи худшиносӣ, сарбаландӣ ва ифтихор хидмат намояд ва дар роҳи устувору муҳкам ва таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад, зеро Фирдавсӣ шоири муқтадир ва «Шоҳнома» бузургтарин ҳамосаи миллати мост, ки ҷойгузин надорад. Аз ин рӯ, танҳо аз он метавон ба сурати мукаммал аз гузаштаи дури миллат огоҳ шуд ва бад - ин тартиб миёни гузаштаву имрӯз пул зад, пуле сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, миллӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ.
Мусаллам аст, ки неруҳои мухталифи иртиҷоӣ ва зиддимиллӣ, аз ҷумла чоплусон, хушомадгӯён, шоирони маддоҳу бетафовут, мардумони бетараф, гумроҳон ва ғайра дар ҳар давру замон бар зидди афкори мутараққӣ, бавижа осори шахсиятҳои бузурги илмиву адабии миллӣ, метохтанд, онҳоро сиёҳ мекарданд, паст мезаданд. Аз ҷумла, бар зидди Фирдавсӣ. Имрӯз барои мо зарур аст, ки афкори иртиҷоиро аз мутараққӣ бишиносем ва аҳли иртиҷоро аз аҳли тараққӣ тамиз бидиҳем. Мо набояд ба ин масъалаи ҳаётии миллат, ки ба ҳастии он латма мезанад, бетараф бошем ва аз паси панҷа бингарем. Бояд ба ин гуна сиёсатҳои зиддимиллӣ ва ашхоси ба фарҳанги миллии ақвоми ориёӣ бегона, ки зери парчами дин панаҳ бурдаанд, ҷавоби босавоб, дандоншикану аз фаъолиятҳои зиддимиллии онҳо ҷилавгирӣ намуд ва рафтори номаҳмудашонро маҳкум ва ифшо кард, зеро ҳадафи Фирдавсӣ на ташкили як давлати исломӣ, балки ташкили давлати миллӣ ва арзишҳои миллӣ буд, ки дар «Шоҳнома» мунъакис шудааст.

Ҷамолиддин САИДЗОДА,
адабиётшинос  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 137

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед