logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО


4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ,  гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд.
Дар қонуни номбурда мафҳуми маълумоти шахсӣ,  маълумоти шахсии биометрӣ ва дигар мафҳумҳо дода шуда,  кафолати ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқу уҳдадории доранда, оператор ва шахсони сеюм, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба танзим дароварда шудаанд.
Бо мақсади тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани қонунгузории ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва додани пора дар ҳолатҳои вазнинкунанда татбиқи ҷазои  ҷарима манъ карда шуда, барои содир намудани  ин кирдорҳо минбаъд танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъ-йин карда мешавад.
Инчунин, бо ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тағйиру иловаҳои ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардида, тартиби пешниҳоди мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби пур кардани бюллетени раъйпурсӣ ва эълони натиҷаи раъйпурсиро муайян менамояд.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”  бо мақсади такмили низоми бонкии мамлакат, таҳкими назорати низоми пардохтӣ, таҳия ва татбиқи чораҳои фаврии ислоҳиву таъсиррасонӣ ва батанзимдарорӣ, таъсиси маъмурияти муваққатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои он, тартиби тақсими дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор доранд  ва ғайраҳо ҷиҳати беҳтар намудани  вазъи ташкилотҳои қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ дар шароити буҳрони молиявӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати пуливу қарзӣ равона гардидаанд.
Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили идоракунии давлатӣ, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳтар намудани зиндагии мардум нигаронда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор мешавад.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 138

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед