logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар пойтахт дар арафаи иди Қурбон нуқтаҳои муваққатии забҳи чорво таъсис дода мешаванд. Раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои рушди иқтисоду савдо, кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе барои дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул ташкил намудани ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар назди ҶСП «Комбинати гӯшту консерва» (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фучик 4), ҶДММ «Ангара» (ноҳияи Сино, маҳаллаи «Роҳи нав»), назди маҷмааи байторӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ) ва назди ҶДММ «Ёвар - 11» (ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, корхонаи забҳи чорво) ташкил намудани ҷойҳои махсуси забҳи чорво вазифадор карда шудаанд. Ҳамчунин, бо назардошти зичии аҳолӣ, роҳбарони ноҳияҳои шаҳр, идораҳои масъул бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳр бояд ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо муқаррар ва тасдиқ намоянд ва куштани чорворо дар ҷойҳои муқаррарнашуда пешгирӣ кунанд.
 Ҳадафи ин амал, тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳал намудани мушкилоти мардум, хосса онҳое, ки амали шариатии қурбониро анҷом додан мехоҳанд, инчунин, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр ва пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятист.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 177

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед