logo

иқтисод

АНДОЗ. РОҲАНДОЗИИ ВОСИТАҲОИ МУОСИРИ ПАРДОХТ

 Бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупорандагон ва тақвият бахшидани шаффофият дар фаъолият  мақомоти андоз ҳар чи бештар аз технологияи муосири компютерӣ - яке аз омилҳои муосири пешрафт истифода мебарад. Мутаассифона, ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки андозсупорандагон барои ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо худашон омода нестанд, яъне коргоҳ,  дастгоҳи ба интернет пайвастшудаи компютерӣ ва малакаи кофии кор бо компютерро надоранд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 10660 адад зиёд шудааст. Ҳоло 70230 андозсупоранда эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодааст. Ба мақомоти андоз тайи ним сол 1020 нафар барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ муроҷиат намуд. Айни ҳол ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ корҳои ташвиқотӣ идома доранд. Дар ин самт кумита дар муддати шаш моҳ 1350 семинар - машварат, видео - конференсия, вохӯрӣ ва намоишу мусоҳибаҳо баргузор намудааст.
Кумитаи андоз барои чунин андозсупорандагон дар мақомоти андози 24 шаҳру ноҳия утоқҳои алоҳида ва терминалҳо кушодааст. Онҳо бо дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайвастанд. Ҳамчунин, кормандони мақомоти андоз ба андозсупорандагон ҷиҳати ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳисобот вобаста гаштаанд. Шумораи чунин утоқҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.
Аз 1 майи соли ҷорӣ дар сомонаи Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ ҷорӣ гардид. Акнун шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият доранд, ки бо истифода аз ин намуди хизматрасонӣ, яъне бе ташриф овардан ба нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, замин, воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатиро тариқи кортҳои бонкӣ («VISA» ва «Корти миллӣ»)  пардохт намоянд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 149

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед