logo

иҷтимоиёт

НАМУНАИ ИБРАТ

Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баҳри иҷрои  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини сокинон бо ҷойи кор пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои холии кориро ташкил мекунад, ки дар онҳо  на танҳо ба корҷӯён барои пайдо намудани ҷойи кор, балки ба корхонаҳо низ барои ёфтани мутахассисони зарурӣ ёрӣ мерасонанд.
- Бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи раёсати агентӣ 11 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар онҳо 46 ташкилоту муассиса иштирок намуда, ба корҷӯён 235 ҷойи кор ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Аз ин ҳисоб 91 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 30 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, ба 32 нафар барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 108300 сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд, ки айни замон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, - гуфт Саодат Баҳоваддинова, сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ин давра зиёда аз 2450 шаҳрванд ба раёсат барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат кард. Аз онҳо 1098 нафар, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ 866 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Мувофиқи талаботи бозори меҳнат аз ҳисоби корҷӯёни дар қайд буда 284 нафар ба омӯхтани касбҳои  дӯзанда, барқчӣ, адрасбоф, сӯзанидӯз,  кандакор, кафшергар, қолинбоф, қаннод ва ошпаз, таъмиргари автомобил, ороишгари мӯй, сабадбоф, ҷомадӯз, сантехник, зардӯз, қуроқдӯз  ҷалб шуданд. Ба 78 нафар кумакпулӣ таъйин гашт, ки маблағи умумии он 26718 сомониро ташкил медиҳад.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 545

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед