logo

иқтисод

БИЗНЕС – ИНКУБАТОР ВАСИЛАИ АМАЛИСОЗИИ НАҚШАҲОИ СОҲИБКОРОН

Коркард  ва истифодаи захираҳои зиёди табиии кишвар  дар истеҳсолот ба фаровонии маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуда, амнияти ғизоии аҳолиро таъмин мекунад. Аммо баҳри истифода аз ин имкониятҳо амалисозии тарҳу лоиҳаҳои вижа ва ҷалби сармоя дар ҷойи аввал меистад. Ҳарчанд соҳибкорони зиёди ватанӣ дар ин самт фикру пешниҳодҳои судманд менамоянд, надоштани дониши кофии иқтисодӣ, ҳуқуқиву технологӣ дар замони муосир амалишавии нақшаҳои онҳоро мушкил гардондааст. Ҳамин аст, ки бо мақсади ҳалли масъалаи мазкур имсол бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат фаъолияти марказҳои омӯзишии бизнес – инкубаторҳо ба роҳ монда мешавад.
Тадбири мазкур дар доираи татбиқи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 – 2020  аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз ифтитоҳи чунин марказҳо дар самти  омӯзиши малакаю таҷрибаи нав  дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ аз лиҳози касбӣ мебошад.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, изҳор дошт, ки имрӯзҳо шояд садҳо нафар сокинони мамлакат ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ё коркарди захираҳои табиии диёри хеш андешаҳои ҷолибу натиҷаовар доранд, вале бо сабаби надонистани роҳҳои амалисозии онҳо коре карда наметавонанд. Бизнес – инкубатор  муассисаест, ки барои амалисозии ғояҳои соҳибкорӣ ё истеҳсолӣ мусоидат менамояд.  Соҳибкороне, ки дар ягон самт мехоҳанд истеҳсолот ё хизматрасониро ба роҳ монанд,  ба воситаи ин муассиса доир  ба қонунгузории соҳа, тарзи омодасозии лоиҳаҳо мутобиқи талаботи сармоягузорон, вазъи бозор, технологияи истифодашаванда, мутахассисони бахш ва роҳҳои ҷалби сармоя донишу таҷрибаи нав меомӯзанд. Соли равон лоиҳаи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии зарурӣ ҷиҳати таъсиси марказҳои мазкур  омода ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шуданд. Бовар аст, ки то охири сол дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд  бизнес - инкубаторҳо дарҳои худро барои мардум боз менамоянд.
Раванди зудтағйирёбандаи ҳамаи соҳаҳо, хусусан пешрафти илму техника ва падид омадани шаклу усулҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ, фаъолияти бизнес – инкубаторҳоро тақозо менамояд. Яъне, соҳибкорони маҳаллӣ барои фаъолият дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бояд омода бошанд.
Солҳои охир тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорони кишвар аз самтҳои афзали сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт дастгириҳои зиёди давлатӣ ва фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тибқи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Кодекси андози Тоҷикистон дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷиҳати пардохтҳои андозӣ 30 сабукӣ муқаррар гардидааст. Ташкили бизнес – инкубаторҳо дар ҷумҳурӣ ба соҳибкорону сокинони шаҳру навоҳӣ имконият медиҳад, ки ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ ва имтиёзҳои давлатӣ донишу малака ва иттилооти комил пайдо намоянд. Ба ин васила барои ташкили корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меояд. Ҳамчунин, дар доираи бизнес – инкубаторҳо марказҳои таҳилилӣ вобаста ба мушкилоти фаъолияти соҳибкорӣ таъсис меёбанд ва бо ин роҳ пайваста масъалаҳои ҳалталаби соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта,  дар асоси онҳо ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои  ҷойдошта чораҳои даркорӣ андешида  мешаванд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 238

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед