logo

Хабарҳо

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Раиси вилояти Суғд дар бораи гузарондани озмуни вилоятии «Маҳаллаи беҳтарин» қарор ба тасвиб расонд - хабар доданд ба «Ҷумҳурият» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилоят.
Ҳадафи озмун фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди устувори иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо, ободонӣ, созандагӣ, тозагӣ, ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва муҳити зист, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими ҷашну маросими миллӣ» ва истиқболи арзандаи Ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ гардидааст. Мақсаднок ва босамар истифода бурдани қитъаҳои замини ёрирасони ҳудуди маҳалла ва наздиҳавлигӣ, ободонию сабзкорӣ, вазъи боғҳои фароғатӣ, муҳити зист, гулзор ва кабудизоркунии назди корхонаю муассисаҳо ва марказҳои савдо, ободонии роҳу кӯчаҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ, донишу одоби хонандагон, масъулияти падару модарон барои донишу касбомӯзии фарзандон ва риояи сарфаю сариштакорӣ шартҳои асосии озмун муқаррар шудаанд.
Озмун 1 сентябри соли равон ҷамъбаст мегардад. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм соҳиби шаҳодатномаи «Ғолиби озмун» ва ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми (мутаносибан) 50 ҳазор, 30 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ мегарданд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 199

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед