logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИЛЛАТ
Субҳ ҳанӯз барвақт буд. Вале, аллакай ману чанд нафари дигар телефонҳои вайроншудаамонро гӯё намоиш дода, назди усто навбат мепоидем. Нохост аз миёни анбуҳи одамон мӯйсафеде бо пою дасти ларзон худро пеши мо расонд. Чун ҳам пиру ҳам хотирпарешон буд, аз рӯи эҳтиром ҳама канор истода, бо ишораи даст мӯйсафедро пеш андохтем. Ҳамин ки назди дукон рост шуд, телефонеро аз ҷайб бароварда ба усто дароз кард ва хоҳиш намуд, ки онро таъмир кунад.
Усто телефони пирамардро аз назар гузаронда, баъди чанд лаҳза гуфт:
- Бобоҷон, телефонатон ба таъмир ниёз надорад, ҳеҷ иллате дар он пайдо накардам.
Ин ҳангом мӯйсафед бисёр бадард оҳи сард кашид. Вақте аллакай ашк дар чашмонаш халқа мезад ва ҳам овозаш меларзид, зери лаб оҳиста гуфт:
- Пас, чаро ягон фарзандам ба ман занг намезанад?..
Қурбон АҲМАДЗОД


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

КӮДАК ЧАНД КИЛОГРАММ ВАЗН ДОРАД?
Зане, ки хеле сарфакор буд, хост ба 1 сомонӣ худаш, кӯдакаш ва гурбаашро дар якҷоягӣ дар тарозу баркашида, муайян кунад, ки ҳар яке аз онҳо чандкилограммӣ вазн доранд. Вақте ки онҳо дар якҷоягӣ ба болои тарозу баромаданд, ақрабаки он 170 кг- ро нишон дод. Агар вазни зан нисбат ба вазни кӯдак ва гурба дар якҷоягӣ ба 100 кг зиёд буда, вазни гурба нисбат ба вазни кӯдак 60 % камтар бошад, он гоҳ муайян кунед, ки вазни кӯдак чанд килограмм аст?
 

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон аслан барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан ҳам аҷиб аст.
Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед!
Як сокини Пенсилвания баъди ғорати хонае мехоҳад аз он берун ояд. Вале, чун қуфлро шикаста буд, дари хона худ ба худ маҳкам шуда, кушода намегардад. Мард кӯшиш мекунад, ки  бо роҳи эҳтиётӣ берун шавад, аммо дари он низ ба рӯяш боз намешавад. Аз ноилоҷӣ дузд дар ин хона чанд рӯз мемонад. Чун аз гуруснагӣ азоб мекашад, бо халтаи пур аз пулу ҷавоҳирот маҷбур мешавад, ки ҳатто хӯроки сагро истеъмол намояд… Ниҳоят рӯзҳо мегузаранду марди дузд бо тасодуфе раҳо мегардад.
Аҷиб ин аст, ки берун шудан замон дузд барои кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба соҳибхона ба суд ариза навишт. Даъвои ғоратгар ин буд, ки гӯё соҳибхона бо ин амали аз ҳад зиёд эҳтиёткоронааш ба ӯ "фишори рӯҳӣ" расондааст.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Медонам, ки баъд аз маргам бадгӯиҳои мардум ифлосиҳои зиёдро сари қабрам мепошад, аммо боварӣ дорам, ки боди таърих онро аз нав тоза мекунад.
И. СТАЛИН


АБЛАҲ ВА ПОСУХИ МАЯКОВСКИЙ
Вохӯрие, ки олимони Донишкадаи политехникии шаҳри Маскав бо Владимир Маяковский, шоири зарифу тавонову овозадори русу Иттиҳоди Шӯравӣ, баргузор карданд, ба мавзӯи ташаккули миллат ва зарарҳои миллатгароӣ дар замони нав бахшида шуда буд. Ба ин хотир, яъне миллатгаро набудан шоир зимни суҳбат изҳор дошт: «Ман худро дар миёни русҳо рус ва дар миёни гурҷиҳо гурҷӣ ҳис мекунам».
- Дар миёни аблаҳон чӣ? – касе садо баровард аз миёни толор.
- Дар миёни аблаҳон ман бори аввал нишастаам, - бадоҳатан посух медиҳад Маяковский.
Аз русӣ тарҷумаи
Зебунисо ҲАМИДЗОДА


«HONDA SPORTS EV» ТАБАДДУЛОТ ДАР СОҲАИ МОШИНСОЗӢ
Дар чилупанҷумин намоишгоҳи автомобилии дар Токио баргузоргардида ширкати  «Honda» электромобили типи наверо ба маъраз гузошт, ки метавонад дар саноати мошинсозӣ табаддулотро ба вуҷуд орад.
Ширкати «Honda» тибқи нақша  батареяҳоеро низ ихтироъ хоҳад кард, ки ғунҷоиши электрикиашон зиёд бошанд ва ҳангоми ба қувваи барқ пайваст кардан зуд неру бигиранд. Дар ҳоли ҳозир, ин ширкат барои автомобилҳои «Hybrid» аз ширкати «Panasonic» батарея мехарад.
Ширкат мақсад гузоштааст, ки автомобили тамғаи «Honda Sports EV»  - ро соли 2022 ба фурӯш барорад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ПОДОШИ АМАЛ
«Боре дар бораи қисмати сангини кӯдакони ятиму бепарастор ва бемор дар рӯзномаи маҳаллӣ матлаберо мутолиа кардам. Ин кӯдакон дар  масофаи ҳамагӣ 25 километр  аз хонаи ман ба сар мебурданд», – мегӯяд Евгений Попов, шаҳрванди 85 - солаи Ҷумҳурии Мухтори Комии Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони «РЕН ТВ». Ӯ  изҳор намудааст, ки даврони кӯдакиаш хеле душвор гузаштааст. Бинобар ин, ӯ аз вохӯрӣ бо кӯдакон канораҷӯӣ  мекард. Хотироти талхи наврасӣ то ҳол ӯро «таъқиб» менамояд.
Баъд аз шиносоӣ бо қисмати талхи кӯдакон Попов дигар таҳаммул карда натавониста, пасандози худро, ки аз соли 1954 ҷамъ намуда буд, барои муолиҷаи онҳо супурд. Маблағи он 1 миллион рубли русиро ташкил дода, ба Маркази эҳёгарии кӯдакони «Гаврош» тақдим гашт.  
Айни ҳол, таълимгирандагони марказ ба Попови  нафақахӯр, ки тавони иҷрои корҳои хоҷагиашро надорад, чун фарзанд бо майли том ёрӣ мерасонанд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
6. «НЕЙЛАНД СТЭДИУМ»
Агар солҳои 20 - и асри гузашта озмуни хурдтарин варзишгоҳҳо гузаронда мешуд, он шояд яке аз ҷойҳои аввалро мегирифт. Зеро соли 1921 чун варзишгоҳро ба истифода доданд, ҳамагӣ 3200 ҷойи нишаст дошт. Имрӯз дар «Нейланд Стэдиум» - и шаҳри Ноксвилл (иёлати Теннеси, ИМА) бидуни душворӣ метавон мусобиқоти футболи сатҳи ҷаҳониро барпо кард, чунки ғунҷоиши ҳайратовар дорад: 102 455 нафар. Алъон варзишгоҳи номбурда майдони хонагии дастаи донишгоҳии «Tennessee Volunteers» мебошад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
1. ФУТБОЛ
Тахминан, соли 1840 хонандагони макотиби хусусии Англия бозиеро фикр карда баромаданд, ки монанд ба футболи муосир буд ва
дар охири асри XIX он дар ин кишвар чун бозии крикет маъруфият пайдо кард. Баъд аз гуфтугӯҳои тӯлонӣ Ассотсиатсияи футболи Англия маҷмӯи қоидаҳои футболро бипазируфт. Ҳамчунин, андозаи майдон ва дарвоза низ муқаррар гардид.
Соли 1871 бошад, Ҷоми Англия – куҳантарин мусобиқоти футбол дар дунё таъсис дода шуд. То замоне, ки англисҳо кишвари худро чун ватани футбол ба оламиён муаррифӣ намуданд, дар Чин 2000 сол пеш бозии шабеҳи футбол вуҷуд ва он сучу («кикбол» – «тӯбро бизан») ном дошт. Футбол, воқеан таърихи хеле қадима дорад. Масалан, он ба шаклҳои дигар дар Миср, Олмон ва Итолиё низ мавҷуд буд. Аз ҳама муваффақтари он «харпастум» ном ва дар Итолиё шуҳрат дошт, вале бо пайдо гардидани футболи муосир «харпастум» моҳияти худро аз даст дод.
Оғози таърихи бозиҳои байналмилалии футбол  соли 1872 маҳсуб мешавад ва он бо бозии мунтахабҳои Англияву Шотландия асос меёбад. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 1930 баргузор гардид ва нахустин чемпиони ҷаҳон мунтахаби Уругвай шуд. Федератсияи  байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол бошад, бо иштироки намояндагони ҳафт кишвари Аврупо моҳи майи соли 1904 дар Париж таъсис ёфт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Рухсатии кӯтоҳтарин
Ҷон Брайди англис, хизматчии 25 - солаи  мағозаи суратфурӯшии Лондон, бори нахуст дар умраш ба рухсатии меҳнатӣ баромаду ба Олмон парвоз кард. Аммо, баъди 48 соат вай аллакай дар мағоза ҳозиру нозир меистод. «Рухсатӣ барои ман набудааст, ман бе кор зиста наметавонам», - гуфта, сабаби бозгашташро шарҳ дод.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


«ASTON MARTIN».ТАЙЁРАИ ШАХСИРО БО ПАРВОЗИ АМУДӢ МУАРРИФӢ НАМУД
Ширкати бритониёии «Aston Martin» якҷо бо донишгоҳи Крэнфилд ва ширкати «Rolls Royce» намунаи тайёраи шахсии «Volante Vision Concept» (VVC) - ро бо парвози амудӣ муаррифӣ намуданд. Дар тайёра се мусофир ҷой гирифта метавонад. Дар ширкат чунин меҳисобанд, ки VVC алтернативи мошини шахсӣ шуда метавонад. Андозаи таҷҳизоти парвозкунанда баробари мошини варзишии «Aston Martin» мебошад. Инчунин, тайёра ба танбашавӣ дучор нашуда, роҳи кору хонаро назар ба мошини сабукрав тезтар тай менамояд.
Энди Палмер, роҳбари «Aston Martin», мегӯяд: «Бо назардошти он, ки аҳолии шаҳрҳо зиёд мешаванд, дар роҳҳо танбашавии мошинҳо ба амал меояд. Мо бояд барои рафъи он, вайроншавии муҳити зист пешниҳоди алтернативӣ манзур дорем. Гардиши ҳаво қисми асосии нақлиёти оянда хоҳад шуд».
Дар ИМА аввалин мултикоптери «BlackFly» аз санҷиш гузашт. Қаблан «Rolls Royce» эълон дошт, ки нияти сохтани таксии парронро дорад. Он метавонад бо панҷ мусофир парвоз намояд. Истеҳсоли он аз соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ҚИМАТТАРИН МАСОЛЕҲИ ДУНЁ
Инсоният асрҳо боз тиллоро масолеҳи қиматтарин меҳисобад. Аммо, дар асл чунин нест. Сомонаи «AdMe.ru» рейтинги қиматтарин маҳсулоти дунёро таҳия намуд. Мувофиқи он тилло ҷойи дувоздаҳумро ишғол менамояд.
Саҳифаи хондании «Шоми шанбе» ин рӯйхатро манзури мухлисонаш мегардонад. Бихонед, то бидонед.

10. Тиллои сафед (платина) – арзиши як граммаш 60 доллар
Ин металли ноёби рангаш шабеҳи нуқра  ва пӯлод, мисли тилло ба таъсири кислотаҳо, ишқорҳо ва пайвастагиҳои дигар хеле тобовар мебошад.

9. Метамфетамин – арзиши як граммаш 100 доллар
Аз амфетамин истеҳсол гардида, кристалли сафед мебошад. Истеҳсоли ин модда мувофиқи қонун манъ карда шудааст.

8. Шохи каркадан – арзиши як граммаш 110 доллар
Дар соҳаи тиб хеле зиёд истифода мешавад. Ҳамчунин,  барои тайёр намудани дастаи кордҳо ҳам аз он истифода мебаранд.
Набояд фаромӯш сохт, ки каркаданҳо бо сабаби зиёд шикор шуданашон, рӯ ба нестӣ оварда истодаанд.

7. Плутоний – арзиши як граммаш 4000 доллар
Металли радиофаъоли рангаш сафеди шабеҳи нуқра мебошад, ки дар истеҳсоли аслиҳаи ядроӣ, реакторҳои атомӣ ва сӯзишвории ядроӣ барои таҷҳизоти кайҳонӣ ба сифати манбаи неру истифода мешавад.

6. Паинит – арзиши як граммаш 9000 доллар
Ин санг то ҳадде ноёб аст, ки дар бораи он кам касон маълумот доранд. Ин минерали рангаш зарди баланд ё сурхчатоби ҷигарӣ ҳамагӣ 65 сол қабл кашф шудааст. Имрӯз дар дунё фақат чанд адад чунин кристалл мавҷуд асту халос.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб
БЕРДИЁРОВ


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
ТАНИШ АВРАМ
Дониш, қобилияту истеъдоди худододи ӯ, воқеан ҳам, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Ӯро аз синни чорсолагӣ ба ташкилоти «Менса» пазируфтанд. Ҳини санҷиш 99, 9 дарсад хол ба даст овард.
Дар панҷсолагӣ барномаи санҷишии Донишгоҳи Стендфордро, ки барои нобиғагони ҷавон аз фанни математика пешбинӣ шудааст, бо сарбаландӣ гузашт. Дар ҳафтсолагӣ шомили факултети геология ва астрономияи коллеҷи Ривери Амрико  гардид. Соли 2013 зимни суханрониаш дар конференсияи TED  иброз дошт, ки: «Одамон бояд ба донишгоҳ ва ё коллеҷ на дар бузургсолӣ, балки замоне бояд дохил шаванд, ки ба таҳсил омодаанд».
Дар ҳаштсолагиаш дар конференсияи NASA низ иштирок ва дар кашфи ду ситораи нав ба донишмандон кумак расонд. Дар шабакаи иҷтимоии Твитер машғул мешаваду дар вақти холигиаш шоҳмотбозӣ мекунад.
- Физикаи амалиро меписандам. Мехоҳам ракетае бисозам, ки аз рӯшноӣ ҳам тезтар ҳаракат кунад, - мегӯяд Таниш.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Маълум аст, ки қобилиятҳои инсон беинтиҳост. Баъзе нафарон дорои қобилияти фавқулодае мебошанд, ки кас ба ҳайрат меояд. Яъне, баъзеҳо дорои қобилиятҳоеанд, ки тасаввурнопазир аст. Кистанд онҳо? Шахсони инкишофёфта ва ё дар натиҷаи воқеаҳои ғайриодии табиат ба дунё омада? Рубрикаи навбатӣ дар хусуси чунин одамон нақл мекунад. 


БОЛОБАЛАНД
Леонид Стадник - одами қадбаландтарини дунё то солҳои охир дар деҳаи Подолянтсии Украина зиндагӣ мекард. Қади вай 253 сантиметр ва вазнаш аз 200 килограмм зиёд буд. Мутаассифона, Стадник  дар натиҷаи кафидани раги сараш моҳи августи соли 2014, дар синни 44 -  солагӣ вафот кард. 
Кафи дасташ 31 сантиметрро ташкил медод. Вай нафақат бо қад, балки бо донишаш низ аз дигар ҳамсабақонаш фарқ мекард. Донишгоҳро бо дипломи сурх тамом карда, байтори касбӣ шуд.
Андозаи пойҳояш 62 сантиметр ва барои Л. Стадник пойафзоли мувофиқро ёфтан душвор буд. Бинобар ин, мӯзадӯзон барояш пойафзоли мувофиқ медӯхтанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
9. ДЕҲЛӢ (ҲИНДУСТОН)
Таърихи шаҳри Деҳлӣ аз қаъри қарнҳо гузашта, ба дунёи қадим мепайвандад. Бозёфтҳои археологӣ, аз қабили зарфу ашёҳои рӯзгор, ба олимон имкон медиҳанд, ки ба қадимӣ будани он эътимод пайдо намоянд.
Қутби Манор баландтарин иншооти хиштии асримиёнагии ин шаҳр мебошад. Ин манора намунаи беҳтарини санъати меъмории қадима маҳсуб меёбад. Бунёдкунандаи шаҳри Деҳлӣ аввалин султони сулолаи Махабхарата  - шоҳ Панд мебошад, ки тақрибан 3650 сол пеш аз мелод ҳукмронӣ намудааст.
Дар бораи ин шаҳр қиссаву ривоятҳо хеле зиёданд. Аз сарчашмаҳои илмиву бадеӣ бар меояд, ки шаҳри Деҳлиро аҷнабиён чандин маротиба хароб намудаву сарваташро ба яғмо бурдаанд. Вале, боз ҳам он қоматашро бо тамоми шаҳоматаш рост намудаву то ба ҳанӯз побарҷост.
 Ҳоло Деҳлӣ пойтахти кишвари афсонавии Ҳиндустон буда, калонтарин маркази аҳолинишини дунё маҳсуб меёбад. Дар ин шаҳр 13 миллион нафар ба сар мебарад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОДАМ-ОҲАНРАБО
Ҳарчанд одамони ғайриодиро дар филмҳо бинем ҳам, аммо дар зиндагӣ низ нафароне вомехӯранд, ки дорои қобилияти фавқулодаанд. Яке аз онҳо Лю Тоу Лини малайзиягист, ки бадани ӯ хусусияти ба худ ҷазб кардани ашёҳои филизӣ ва ғайриметаллиро дорад. Ба ҳамин хотир, ӯро одам-оҳанрабо меноманд. Ҷисми ӯ ашёҳоеро, ки то 2 килограмм вазн доранд, мебардорад. Дар маҷмӯъ, Лини 36 килограмм борро бардошта метавонад.
Бояд гуфт, ки чунин қобилияти ӯ на танҳо барои одамони одӣ тааҷҷубовар аст, балки олимонро низ ба ҳайрат овардааст.  Пас аз таҳқиқоти зиёд профессори Донишгоҳи технологии Малайзия Насрул Хумаймӣ Маҳмуд ба хулосае омад, ки пӯсти бадани Лин қувваи ҷозиба дорад.
Аҷибаш он аст, ки ин қобилияти фавқулодаи Лин ба ду писар ва се наберааш ҳам гузаштааст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


5 технологияи рақамӣ, ки ҳаёти инсонро тағйир дод
Технологияи рақамӣ ба ҳаёти инсон таъсири амиқ расондааст. Бештари мо аз интернет истифода мебарем, то аз навгониҳо хабардор бошем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дӯстон мукотиба мекунем. Мо 5 технологияи рақамиеро ба хонандагони «Шоми шанбе» пешниҳод менамоем, ки бе онҳо ҳаёти инсони муосирро тасаввур кардан амри маҳол аст.

1. ИНТЕРНЕТ
Шабакаи аввалини компютерӣ соли 1989 арзи ҳастӣ кард, ки он дар 4 компютер муттаҳид гардида, дар донишгоҳҳои ИМА ҷойгир буд. Фаъолияти шабакаи компютерӣ пинҳонӣ буд ва аз тарафи Вазорати мудофиаи ин кишвар маблағгузорӣ мешуд. Зеро, аз оғоз тахмин мерафт, ки шабакаи ARPANet барои алоқа байни муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии ҳарбӣ истифода мешавад.
Шабакаи умумиҷаҳонии ба ҳамагон дастрас танҳо соли 1991 арзи ҳастӣ кард. То ин дам аллакай якчанд усулҳои истифода ба монанди почтаи электронӣ ва протоколи Internet Relay Chat (IRC) пайдо шуда буданд, ки мукотибаро дар замони воқеӣ таъмин мекарданд.
Ҳоло он бо суръати баланд тараққӣ кардааст. Аммо, ин пешрафт бе компютерҳои шахсии хонагӣ таъмин намегардид. Ба воситаи онҳо истифодабарандагон аз маълумотҳои дар шабака дастрас фаровон истифода мебаранд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2018    №: 158    Мутолиа карданд: 292

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед