logo

сиёсат

КОРШИНОСОНИ ҒАЙРИҲИРФАИИ РУС ВОҚЕИЯТРО НАМЕБИНАНД

Баъд аз ҳодисаи террористии аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ тарҳрезишуда, ки рӯзи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба амал омада, ҷони 4 нафар сайёҳи хориҷиро гирифт, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи бархе аз таҳлилгарон, коршиносон ва  журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷиабор шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯе, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зӯроварии иттилоотӣ худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ҲНИ - ро пуштибонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳтарин ошкор намуданд, айбдор мекунанд.

Дар зимн, далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан ба сӯи муқобил шаҳодат медиҳанд. Зеро роҳбари гурӯҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара Ҳусейн Абдусамадов ҳангоми дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскави Федератсияи Русия қарор доштанаш, соли 2013 аз ҷониби узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Носирхуҷа Убайдов бо лақаби «Қорӣ Носир» ба сафи ин ташкилоти террористӣ ҷалб шуд. Бародари Ҳ. Абдусамадов - Бахтиёр бо лақаби «Мулло Умар» узви «Ҳаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Зимни бозпурсӣ Ҳ. Абдусамадов тасдиқ намуд, ки аз соли 2014 то 2015 омодагии идеологӣ ва ҳарбӣ - тахрибкориро дар шаҳри Қум ва урдугоҳи тамринии шаҳри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Баъд аз бозгашт, моҳи сентябри соли 2015 дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ бо нияти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили неруҳои давлатӣ иштирок намудааст (баъдан авф карда шуд). Бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Ҷумҳурии Беларус, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон парвоз кард. Аз он ҷо 9 ноябри ҳамон сол ба Эрон парвоз кард, ки инро қайдҳояш дар хатсайрҳо собит месозанд. Чопи хатсайрҳои ӯро тавассути Интернет бидуни ҳеҷ мамоният дастрас кардан имконпазир аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кӯшиши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ Ҳ. Абдусамадов ба хотири пинҳон шудан ба Русия, Амрико, Аврупо, Африқо ва ё ҳамчун узви «Давлати исломӣ» ба  Афғонистон, ки он ҷо ҳоло ҳазорҳо ҷангҷӯ қарор доранд, фирор накарду, маҳз ба Эрон рафт? Агар Ҳ. Абдусамадов узви «Давлати исломӣ» мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар ҳоли муқовимати шадид қарор доранд, ӯро дастгир накарданду иҷозат доданд, ки бемамониат ва озодона сарҳадро борҳо убур намояд ва дар қаламрави Эрон озодона ҳаракат намояд? Бо истифода аз пойгоҳи маълумоти байналмилалӣ оид ба террористон хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон медонистанд, ки Ҳ. Абдусамадов дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале хомӯширо ихтиёр карданд. Лоақал, онҳоро далеле, ки аъзои ТТЭ ҲНИ Ҳ. Абдусамадов ва Н. Убайдов дар шаҳрҳои Одинтсово ва Подолски назди Маскав ҳамчун иддае аз террористон ҷамъ гардида, ба корҳои ҷалбкунӣ машғул шуда беҷазо мондаанд, бояд ҳушдор медод.
Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар ноҳияи Данғара содир шуд, Носирхуҷа Убайдов, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Соли 2015 ба рӯйхати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Саидаҳтам Убайдов, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад. Инчунин, дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Носирхуҷа Убайдов дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ М. Мирзоев дар шаҳри Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон, бо падараш, дар солҳои 90 - уми асри гузашта, замоне ки ҳанӯз аз «Давлати исломӣ» ҳарфе ҳам набуд, ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Н. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Амриддин Табаров робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 ӯ дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст. Ҳангоми дар Эрон будан Н. Убайдов фаъолона ба ҷалби ҷавонон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Маскав (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ, аз рӯи моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наз-дик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо М. Шарифова соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат - ул - Явм» таҳсил карда, ҳоло дар Ироқ зиндонӣ аст. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Ҳ. Абдусамадовро Н. Убайдов тавассути барномаи “WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.
Аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор - А. Маҷидов ва З. Сафаров аз моҳи феврал то июни соли 2018 дар шаҳри Новосибирски Русия қарор доштанд. Рӯзҳои 17 - 20 июли соли ҷорӣ онҳо ба номи узви ТТЭ ҲНИ Кароматулло Ғаниев, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, дар ҳаҷми 20 000 рубли русӣ маблағ равон карданд, ки барои омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ нисбат ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ истифода намуд. Ҳоло амалҳои К. Ғаниев мавриди тафтишот қарор дорад.
Далелҳои интиқоли маблағҳо мувофиқи аснод собит шудаанд, ки дар зер расиди бонк оид ба интиқоли маблағ бо забони русӣ оварда мешавад:
Коршиносони рус қабл аз он ки ҳамлаи террористӣ бар зидди сайёҳони велосипедрони хориҷиро кори гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шиносанд, мебоист бидонанд, ки ин гурӯҳ ҳамчун қувваи ба таври фаъол амалкунанда, аллакай вуҷуд надорад, аз ҷумла ба шарофати амалҳои низомиёни Русия. Аз «Давлати исломӣ» гурӯҳҳои ночизе боқӣ мондаанд, ки дар Шарқи Наздику Миёна паҳн гардидаанд. Он паёмҳои видеоие, ки аз ном ва зери парчами «Давлати исломӣ» бо мақсади таблиғот ва тарсондан интишор мешуданд, аз қабили навори аз ҷониби гурӯҳи Ҳ. Абдусамадов истифодашуда, дигар арзи вуҷуд надоранд. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона - парчами сиёҳи «Давлати исломӣ» истифода бурда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад.
Ҳолатҳое мешаванд, ки «Далати исломӣ» масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ТТЭ ҲНИ - ро ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа, васеъ намудани миқёси ҷуғрофии нуфузи худ, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди «Давлати исломӣ» - ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ - ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш анҷом дод ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, пинҳон месозад.
Боиси нигаронист, ки ҳамаи ин далелҳо аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст.
А. Дубнов (бо Кабирӣ муносибати шахсӣ дорад), В. Панфилова (шавҳараш - О. Панфилов дар солҳои 90 - уми асри гузашта ҲНИ - ро фаъолона дастгирӣ мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгӯи ТТЭ ҲНИ), А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон ба эҳтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористӣ - экстремистии мазкур ҳамкории зич доранд. Онҳо омодаанд, перомуни масоили Осиёи Марказӣ ҳар чи нависанд, бе назардошти он ки як ҳарфи беҷо метавонад суитафоҳумро дар доираи худашон барангезад.
Ҳар санҷиш ва таҳқиқи суоле аз ҷониби мутахассис (коршинос) аз ӯ донишҳои махсусеро дар соҳаҳои муайян тақозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбурдаи ВАО аз ин арзиш бехабаранд. Фавти мудҳиши сокинони осоишта барои онҳо ҷиҳати бори дигар хидмати навбатӣ кардан ба хоҷагон – фармоишгаронашон баҳонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз ҳама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онҳо худро ба унвони рӯзноманигорони рус муаррифӣ намуда, ноинсофона ба худ мақоми коршиносон - таҳлилгаронро гирифтаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотӣ, бо ҷӯшу хурӯш нуқтаи назари худро ҳамчун ҳақиқати ягона пешниҳод мекунанд. Бо дастрас будани интернет ва дар пеши чашми худ доштани маводи расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рӯи ҳодисаи ин ҷиноят, ягон нафар аз ин «коршиносон» фурсат пайдо накардааст, ки оид ба қазияи рухдода дуруст фикр кунад, далелҳоро муқоиса намояд, ба иттифоқҳо диққат диҳад, иттилоотро баррасӣ намояд ва «мағзҳои таҳлилӣ» - ро густариш диҳад.
Ин чӣ аст? Корношоямии касбӣ, ғайриҳирфаӣ ё қасдан таҳриф кардан? Танҳо коршиносони ҳақиқӣ аз маълумоти камтарин метавонанд хулосаҳои саҳеҳ бароранд, на коршиносони сохта. Ҳол он ки имрӯз дар расонаҳо факту далелҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ва иҷрокунандагони онҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Пас, барои чӣ муаллифони номбурда, ки ҳеҷ робитаи мустақиме бо Тоҷикистон надоранд, ба сохти дунявии иҷтимоӣ муносибати манфӣ зоҳир намуда, исломгароёни ифротӣ, ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ - ро ҳимоят мекунанд? Бо кадом мақсад ҷониби Кабириро мегиранд, ки аз лиҳози тафаккур, ақоид ва дину мазҳаб ба онҳо бегона аст? Таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба террористони наҳзатӣ чӣ гуна аст? Чаро ҳимояи манфиатҳои ҷинояткороне, ки амалҳои хушунатбори ғайриинсониро анҷом додаанд барои онҳо болотар аз ҳақиқат, амният ва субот аст? Чаро онҳо экстремистонро, ки бо ҳар роҳе набошад мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, давлати исломӣ барпо намоянд, ҳамраъйӣ мекунанд?
Маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазҳабҳо ва хориҷиён ҳисси бетаҳаммулӣ, кина ва бадбинӣ нишон медоданду медиҳанд. Онҳо буданд, ки иғвои хуруҷи дастаҷамъонаи русҳо ва намояндагони дигар миллатҳоро аз Тоҷикистон барангехтанд. Ин ҳизб аз ибтидои ҳастии худ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Дар куштори мақсадноки даҳҳо шаҳрвандони Русия, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, журналис-тон ва аҳолии осоишта маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Миллатҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии онҳо гардидаанд.
13 июли соли 1993 силоҳбадастони наҳзатӣ ба дидбонгоҳи марзии 12 - и дастаи сарҳадии Москваи гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расонданд. Аз соли 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ - ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов (ҳозира Бӯстон) ва Қӯрғонтеппа (Бохтар) собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчии ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбони амалҳои террористии ин ҳизб гардидаанд. Ҷинояткорони наҳзатӣ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расонданд. Аз дасти онҳо беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумлаи ходимони ҷамъиятӣ ва зиёиён И. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, М. Назаршоев, Н. Ҳувайдуллоев ва дигар ходимони равшанфикр ба ҳалокат расиданд. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти Эрон буд. Агар коршиносони Русия таърихи динро меомӯхтанд ва медонистанд, ки тоҷикон дар маҷмӯъ - суннианду эрониҳо - шиа, пас ба онҳо маълум мегардид, ки чӣ гуна фармоишгари ҷиноятҳо - хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба осонӣ ба ТТЭ ҲНИ қатли ҳаммазҳабонашонро супориш дода буд. Ҳамаи қурбониён аз ҷониби тоҷиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрӯз, баъди ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, дар солҳои 90 – уми асри гузашта роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориҷии онҳо ба таври оммавӣ андуҳу тасаллияти мунофиқонаи худро ба хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии худашон ташкилнамуда изҳор мекарданд.
Ба ҷомеаи қаламбадасте, ки таҳти пӯшиши «коршиносони Осиёи Марказӣ» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии ҳазорҳо бор истифодашудаи пӯшиши хадамоти махсуси ҷаҳон, найрангҳои онҳо, кӯшиши зери парчами бегона амал кардан, ошно бошад. Парчами «Давлати исломӣ» низ чун шиносномаҳои қалбакии кишварҳои дигар, ки дар чопхонаҳои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон паҳн гаштааст - ин ҳунари маъмулии ҳамарӯзаи охундҳоеанд, ки имрӯз ғосибони ҳукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд. Фикр намекунам, ки онҳо хостори як умр ҳамчун коршиносони таҳти пӯшиши нодонӣ бимонанд, бахусус бо боғоҷи шӯравӣ, бо иддаои нақши ҷӯяндагони ҳақиқат.
Аъзои ҷавони ТТЭ ҲНИ, ки ба шасти ҳамқавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоҳҳои Эрон гирифтаанд, анъанаҳои харобкоронаи гузаштагони худро идома медиҳанд. Бинобар ин, ҳамлаи террористии нави ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоҳи он аст, ки онҳо саъй доранд, таърихи хунини солҳои 90 - умро такрор кунанд. Барои ҳамин бояд ҷомеа сарҷамъу муттаҳид бошад, то густариши имконпазири таҷовузҳои террористиро сари вақт пешгирӣ намояд.
Ин матлаб бояд барои коршиносони рус ҳамчун маълумот барои андешидан ва сабаб барои аз нав баррасӣ намудани ақидаҳои нодурусташон гардад.
Бахтиёр РАҲИМОВ,
корманди илмии шуъбаи ҷомеашиносии
АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
        
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2018    №: 158    Мутолиа карданд: 89

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед